06:54:34 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САФАР БА САРЗАМИНЕ, КИ МАРДУМАШ КИТОБРО ҚАБУЛ ДОРАНДУ ИТОБРО НЕ - 3

Султони Ҳамад, муассис ва сардабири сомонаи «Рӯзгор»

Сирри пурдонии мардуми Ёгед дар чист?

Бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Ёгед зоҳиран бинои назарногир буда он тақрибан солҳои 70-уми асри гузашта бунёд шудааст. Вале ҳамин, ки вориди он мешавед, фаромӯш мекунед, ки шумо дар як гӯшаи кӯҳистони дур қарор доред.

/images/stories/2012/11/21_maktabi211120121.jpg

Шиору овезаҳо, плакату фотомонтажҳо, осорхонаҳое, ки дар дохили ин мактаб арзи вуҷуд кардаанд, ба рӯи шумо дари сад ҷаҳони маъниро, сад ҷаҳони пандро боз мекунанд. Дигаронро намедонам, аммо ман гумон кардам, ки вориди қасри фарҳангие шудам, ки дар он хостаҳои маънавиямро то андозае бароварда карда метавонам. Мана гӯшаи «800-солагии зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ»:

Ростиро пешаи худ кун мудом,

То шавӣ дар ҳарду олам некном.

Ин шоҳбайти Мавлоно хонандаи онро  ба ягона роҳе, ки дар ин дунё  бо паймудани он метавон ҷовидон монд,  яъне ба роҳи росту ростӣ рафтан, ҳидоят мекунад. Дар ҳамин гӯша шумо зиндагиномаи ин абармарди адабиёту ирфон, «Найнома»-ву «Панднома», иқтибосҳо аз «Маснавии Маънавӣ»-и ӯро дарёфт мекунед.

Ана ин гӯшаро ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам, Абӯ Ҳанифа ибни Собит ихтисос додаанд. Дар ин гӯша низ маълумотҳое гирд оварда шудаанд, ки на танҳо барои мактаббачаҳо ҷолибанд, балки, фикр мекунам донистани онҳо барои калонсолон низ аз фоида холӣ нест. Дар ин гӯша  бошад шумо матолиберо дарёфт мекунед, ки дар ҳамон шабу рӯзи таҷлили ҷашни ин фақиҳи бузург матбуоти даврии мо ба чоп расонда буд.

Ҳамин суханонро дар бораи «Гӯшаи Маликушшуаро-устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» гуфтан мумкин аст. Шиори ин гӯша панди Одамушшуаро «Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ» мебошад.  Бале, ҳазор сол аст, ки шоҳбайт шиори рӯзи ин мардуми сарбаланди кӯҳистон аст…

Ноаён вориди осорхонаи шоир Сарвари Амирҷон мешавем. Дар матлаби қаблӣ дар бораи Сарвар Амирҷонов, ки мактаби деҳаи Ёгед ба номаш гузошта шудааст, суханҳое гуфтем. Вале дар ин осорхона мо дидем, ки чӣ гуна  омӯзгорон, хонандагони мактабу ҳамдеҳагонаш ба ӯ меҳру муҳаббат доранд, хотири ӯро ба некӣ пос медоранд.

/images/stories/2012/11/21_maktabi211120124.jpg

Дар ин осорхона ё худ музейи Сарвар Амирҷонов аз аксҳои хонаводагии ӯ сар карда то ашёи хусусии ӯ ҳама дар ин ҷо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.  Мана соати дастии ӯ. Дар ин ҷо бошад диплом дар бораи хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро мебинем.

Ана ин ҷо шаҳодатномаи хабарнигориаш гузошта шудааст. Аксҳои бо ҳамкурсон ва муаллимон гирифтааш, бешубҳа,  натанҳо ба як саҳифаи рӯзгори ин шоири ширинсухан ва шореҳи хушзавқ рӯшанӣ мебахшанд, балки иттилои хуберо дар бораи муҳити донишҷӯёни ҳамон солҳо хоҳанд дод.

Сарвар Амирҷонов, чуноне, ки дар як асноди ин музей омадааст, соли 1938 дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби  миёна  соли 1952 ба Омӯзишгоҳи педагогии Ғарм дохил шуда онро соли 1956 хатм мекунад. Аввалин шеърҳои ӯ дар маҷаллаи «Машъал» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ҳангоми дар ҳамин омӯзишгоҳ таълим гирифтанаш ба нашр мерасанд. Соли 1956 Сарвар Амирҷонов  аллакай ҳамчун шоири шинохташуда  ба Университети Давлатии Тоҷикистон дохил мешавад.

Соли 1961 онро хатм карда ба редаксияи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор меояд. Ӯ 25 сол, то  рӯзи вафоташ дар соли 1986, дар матбуоти тоҷик фаъолияти пурсамар кардааст. Дар ин муддат ду маҷмӯъаи шеърҳои ӯ «Баҳор мехоҳам» ва «Лаъл» ба чоп расиданд. Баъди марги Сарвар Амирҷонов  бародараш Адабҷон Амирҷонов китоби маҷмӯъаи ашъори ӯро таҳти унвони «Гулҳои тирамоҳӣ» соли 1989 аз чоп баровард.

Сарвар Амирҷонов шоири  ватанпарасту инсондӯст буд:

Ман барои саросари олам,

Пешрафту барор мехоҳам.

Хулласи гап, ба зодаи одам,

Дар зимистон баҳор мехоҳам…

Дар осорхонаи кишваршиносии ин мактаби дурдасти кӯҳистонӣ  экспонатҳоеро дидам, ки мутмаинам бисёр осорхонаҳои бонуфуз доштанашоро орзу мекунанд. Аз корду диравшу тебана  ва наъли асп шурӯъ карда то досу табару кӯзаву табақу кафлезу чағдеги дӯғкашӣ ва дигар ашёеро, ки бархе аз онҳо таърихи садсола доранд, дар ин музеи кӯчак дидан мумкин аст.

Табангро, ки замоне вазифаи сандуқи арӯсро иҷро мекард ва кафши чӯбинро, ки мардуми кӯҳистон даҳҳо сол пеш  маъмулан дар  фасли зимистон аз он истифода мекарданд, наслҳои ҷавонтар шояд дигар танҳо дар ҳамин осорхонаи мактабӣ бубинанд. Дар як гӯшаи ин осорхона маҳсули дасти пурҳунари бонувони ин диёр аз қабили гулдӯзиҳои ранг ба ранг (тоқиҳои хушранги мардонаву занона,   кокулу шероз ва боз чизҳои дигари ҷолиб) ашёи ороишии занонаи аз мӯҳраҳо сохташуда ва ғайра  ба намоиш гузошта шудааст.

/images/stories/2012/11/21_maktabi211120123.jpg

Агар шумо каме бештар вақти худро дар осорхона сарф кунед маълумоти зиёдеро дар бораи мардуми бошарафи Ёгед, ки бархе аз онҳо ифтихори миллат ҳастанд, дастовардҳои гузаштаву имрӯзи онҳо, табиати ин мулк пайдо карда метавонед. Воқеан,  маҳсули табиати босаховати ин хитаи зебои дунёро соҳибони ин мулк баъди тамошои ин осорхона ба мо дар амал нишон доданд.

Аниқтараш дастархоне густурданд, ки рӯи он танҳо меваҳое буданд, ки  ҳамагӣ чанд лаҳза пеш аз шохҳои дарахтони анҷиру анору хурмо ва шафтолу канда шуда буданд. Барои намунаву қиёс болои ин дастархон инчунин анҷири хушку чормағзро низ гузошта буданд…

Дар мулоқоти на чандон тӯлоние, ки шоирону нависандагони шинохтаи кишвар Латофат Кенҷаева, сардабири маҷаллаи «Истиқбол», Ато Мирхоҷа, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ворис, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳамроз», Мавҷудаи Соҳибназар ва  Бузургмеҳр, хабарнигорони маҷаллаи «Истиқбол» ва банда, Султони Ҳамад, рӯзноманигори мустақил бо омӯзгорону хонандагони ин мактаб доштанд, сирри  пурдониву бархе аз комёбиҳои мардуми ин диёр то андозае барои мо ошкор гардид.

Албатта, мо кашфиёте накардаем, вале ба ҳар ҳол бори дигар барои худ тасдиқи ҳақиқати маҳзро собит сохтем. Бале, сирри асосиро  дар китобхониву китобдӯстдории онҳо бояд ҷуст. Аз суханронии муаллимону хонандаҳо бароямон ошкор гардид, ки онҳо бисёр китоб мехонанду мехоҳанд, ки боз бештар китобҳои хубтар  беҳтар бихонанд. Чун бисёр мехонанд, бисёр медонанд.

(давом дорад)

Аксҳо аз мактаби деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз

САФАР БА САРЗАМИНЕ, КИ МАРДУМАШ КИТОБРО ҚАБУЛ ДОРАНДУ ИТОБРО НЕ...

Қисмати аввал // Қисмати дуввум



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi