07:02:32 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҶАБАЛӢ ХУДОЁРОВ: КИТОБЕ, КИ АҲМАД ЗОҲИРРО ПУРРАТАРУ КОМИЛТАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

Тақриз ва китобиёт

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи нотакрор Аҳмад Зоҳир солҳои охир таваҷҷӯҳи натанҳо форсизабонон, балки мардумони дигар кишварҳо низ бештар гардида истодааст. Ҳунари волои овозхонӣ, дарки нафосати мусиқӣ, истеъдоди модарзодӣ ва маърифати баланди  шеърфаҳмӣ доштани сароянда ӯро дар олами савту тарона машҳур гардондааст.

/images/stories/2012/11/25_rajabali-khudoyorov25112012.jpgАҳмад Зоҳир бо  таронаҳои ҷовидонаи худ натанҳо маҳбуби форсизабонон гашта, балки ӯ майл ва таваҷҷӯҳи миллатҳои дигарро низ ба сӯи ҳунари худ водоштааст. Ҳарчанд аз вафоти ӯ зиёда аз 33 сол гузашта бошад ҳам, то ҳанӯз ӯ бо таронаҳои дилнишини худ дар қалби ҳазорон мухлисону ҳаводорони худ ҷовидона маскан гирифтааст. Таронаҳои зебои Аҳмад Зоҳир сол то сол дили ҳаводорон ва мухлисонашро ба шӯр меоварад ва онҳо мехоҳанд, ки дар бораи сароянда маълумоти ҳарчи бештаре  пайдо намоянд.

Ҳар як шахси аз савту тарона бохабар баробари гӯш кардани суруду тарона ва оҳангҳои дилнишини Аҳмад Зоҳир мафтуну мадюни овози нодири ӯ шуда, ангушти ҳайрат мегазад, ки ин қадар суруду тарона ва оҳангҳои рангорангро ӯ дар ин умри кӯтоҳи худ чӣ гуна эҷод кардааст? Ӯ кай вақт ёфта, ки онҳоро сабт кардаву бо чунин зебоӣ сарояд? Ҳамин қабил суолҳо солиёни зиёдест, ки аҳли илму ҳунарро ором намегузорад.

Хушбахтона, солҳои охир чанд китобе, ки роҷеъ ба рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир ба нашр расиданд, то андозае посухгӯи ин пурсишҳо буданд, вале дар тамоми навиштаҳои то кунун чопшуда чизи асосӣ дида намешуд, ки қонеъкунандаи талаботи мухлисон бошад. Муаммои асосӣ дар мероси бозмондаи Аҳмад Зоҳир он аст, ки кадом суруду оҳангҳо аз ӯву кадомашон аз дигар оҳангсозон аст ва он оҳангсозон киҳоянд?

Дар мавриди муайян кардани муаллифи шеърҳо низ дар байни ҳаводорону мухлисон сару садоҳо зиёд аст ва ин ҳама исботи дақиқро талаб мекунад. Хушбахтона, ба як идда муаммоҳои сарбаста ду тан аз фарзандони фарзонаи миллат, рӯзноманигори мустақил Султони Ҳамад ва шоири боистеъдод Исфандиёр тавассути китобҳои  ба нашр расонидаи худ то андозае ҷавобҳои мусбӣ доданд.

Инак, Султони Ҳамад тавассуси китоби навбатиаш бо номи «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» (Душанбе: «Бухоро», 2012) ба мавзӯе даст задаст, ки барои алоқамандон ва аҳли ҳунар сухани нав мебошад.

Султони Ҳамад сабаби маҳз ба ҳамин мавзӯъ рӯ оварданашро дар он медонад, ки баъзе ҷавонони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ба ҷои ба мусиқии асил майл намудан, баракс аз мусиқии асил дур гашта истодаанд. Ӯ дар сарсухани китобаш овардааст: «Мо дар ин навиштаи худ кӯшиш кардаем, ки дар бораи бузургтарин овозхонҳои ғарбие, ки Аҳмад Зоҳир сурудҳои онҳоро хондааст, дар бораи таърихи суруду таронаҳои аз сӯи Аҳмад Зоҳир хондаи онҳо маълумоти ҷолибу дилписанд бидиҳем» (Ҳамон ҷо, саҳ. 4).

Ҳамчунин хонанда  аз китоб дар бораи мутрибони Аҳмад Зоҳир, оҳангсозони ӯ маълумоти тоза гирифта метавонад. Дар қисмати замимаи китоб намунаи матни суруду таронаҳои сароянда бо нишон додани номи муаллифони шеър ва оҳангсозони онҳо низ оварда шудааст.

Муаллиф дар китоби пешинааш «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» (2005)  таронаҳои сарояндаро ба чор гурӯҳ: Оҳангҳои анъанавии афғонӣ, оҳангҳои бо сабки ғарбӣ-аврупоӣ иншошуда, оҳангҳои дар пайравии мусиқии ҳиндӣ сурудашуда, оҳангҳои халқӣ ва ғайра тақсимбандӣ намудааст. Дар китоби мавриди назар ӯ дар бораи гурӯҳи оҳангҳои бо сабки ғарбӣ-аврупоӣ офаридаи Аҳмад Зоҳир сухан рондааст, ки барои хонанда ва мухлисону ҳаводорони таронаҳои ӯ хеле ҷолиб аст.

Албатта дастрас кардан, муқоисаву муқобала ва таҳлилу тадқиқ намудани таронаҳои дар ин сабк эҷодкадаи овозхон кори бисёр душвор мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки Султони Ҳамад бо ин кораш дар ҳақиқат содиқтарин мухлиси Аҳмад Зоҳир будани худро бори дигар исбот намудааст.

/images/stories/2012/11/25_muqovai-kitob25112012.jpgКамина низ ҳамчун мухлиси Аҳмад Зоҳир ҳар як китоберо, ки дар бораи Аҳмад Зоҳир ба нашр мерасад, мутолиа карда, андеша мекардам, ки ахиран маҳз ҳамин китоб дар бораи Аҳмад Зоҳир маълумоти аз ҳама бештарро медиҳад. Вақте ки китоби навбатии Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб»-ро мавриди мутолиа қарор додам, маълум гардид, ки ин китоб назар ба дигар осори собиқ нашршуда Аҳмад Зоҳирро ба мо пурратару комилтар муаррифӣ мекунад.

Заҳмати муаллиф дар он зоҳир мегардад, ки пас аз ҷустуҷӯ ва ташхисҳои зиёд ба он оҳангҳое роҳ ёфтааст, ки Аҳмад Зоҳир аз оҳангҳои халқҳои дигар илҳом гирифта сурудааст. Хонанда пас аз иттилоъ ёфтан аз ин амалҳо боварӣ ҳосил мекунад, ки сароянда дар ҳақиқат ҷӯяндаву навовар ва ҳамеша дар такопӯ будааст.

Боби якуми китоб «Мусиқии Ғарбро бо мусиқии Шарқ оштӣ додам» ном дорад, ки ин матлабро Аҳмад Зоҳир ҳамгоми зинда буданаш дар  мусоҳиба ба яке аз рӯзноманигорон изҳор карда буд. Султони Ҳамад дар ин боб аввал дар бораи чӣ гуна ба Афғонистон ворид шудани мусиқии Ғарб маълумоти муфассал медиҳад.

Тибқи сухани муаллиф ибтидои солҳои 20-уми асри гузашта, маҳз дар замони ҳукмронии Амонуллоҳхон асбобҳои нави мусиқӣ, аз қабили саксафон, флут (флейта), контробас ба саҳнаи ҳунари Афғонистон ворид мешавад. Амонуллоҳхон барои густариш ва ривоҷи мусиқии аврупоӣ устодони фанни мусиқиро чун Қадир аз Эрон, Забтухонро аз Ҳинд, дар замони Нодиршоҳ низ мутахассисеро бо номи Бой Холид Раҷаббег аз Туркия, солҳои 60-уми асри гузашта Усмон Мадёровро аз Тоҷикистон барои омӯзиши нотанависӣ даъват мекунанд.

Инчунин муаллиф дар ин боб дар бораи мусиқачиёни ҳирфаии Афғонистон, ҷавонони соҳибистеъдод (омотурон) ва майли Аҳмад Зоҳир ба навохтани асбобҳои мусиқӣ ва саҳми доктор Абдузоҳир – падари сароянда дар тарбияи фарзандон сухан рондааст.

Султони Ҳамад дар китоби қаблан бо номи «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» навиштааш  аз чанд тан сарояндагони машҳури Аврупо чун Элвис Пресли (шоҳи рокнролл),  Ҷо Дассен, Эдита Пиеха, Ҳенрико Массес ва ғайра ёдовар мешавад, ки Аҳмад Зоҳир ба тарзи сарояндагӣ ва маҳорати эшон дилбастагие дошта, онҳоро барои худ идеал меҳисобидааст.

Аммо дар китоби мавриди назар ин мавзӯъ вусъат пайдо мекунад ва ӯ дар бораи ҳар як овозхонҳои зикршуда ва таронаҳои ҷовидонаи эшон маълумоти муфассал медиҳад, ки ин заҳмати ӯ шоистаи арҷгузорист. Муаллиф кори хайреро анҷом дода, дар бораи таърихи эҷоди сурудҳо, матни таронаҳо, тарҷумаи онҳо, бо кадом забонҳо суруда шуданашон, муқоисаи оҳангҳо ва дигар паҳлӯҳои онҳо сухан ронда, таҳлилу муқоиса кардааст, ки чунин пажӯҳиш вақт ва заҳмати зиёдеро талаб мекунад.

Агар муаллиф дар китоби пешинааш аз чор-панҷ суруд бо забони англисӣ хондани сароянда ёдрас шуда бошад, дар ин китоб ӯ 7-8 суруди англисӣ сароидани Аҳмад Зоҳирро собит намудааст. Аҳмад Зоҳир баъзе аз ин сурудҳоро бо забони англисӣ хонда, ба оҳанги баъзеи онҳо матни форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ ёфта, сурудаст. Таронаҳои дар пайравии оҳангҳои аврупоӣ сурудаи Аҳмад Зоҳир инҳо мебошанд:

«Шабе зи шабҳо», «Имшаб ба ёдат фарёд барорам», «Ту офтоби манӣ», «Ҳарчӣ ки хоҳад шуд, мешавад», «Ёди рӯзгори ширин», «Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ», «Зебонигорам, ба ман нигоҳ кун», «Танҳо шудам, танҳо шудам», «Ай гулъузори ман», «Донам чаро чашмони ту», «Я встретил девушку» («Дидам ҷамоле») ва «Туро афсуни чашмонам зи раҳ бурдаст медонам».

Ҳамчунин аз китоб дармеёбем, ки муаллиф бо наздикону муқаррабон ва мусиқачиёну дигар алоқамандони сароянда дар бораи ӯ ва чи гуна интихоб кардани матн ва таронасозиаш пурсон шуда, ҳамчун муҳаққиқ тадқиқоти ҷолибе анҷом додааст, ки аз иҷрои ин кор на ҳар кас баромада метавонад.

Барои ин корро ба сомон расонидан пеш аз ҳама бояд дӯстдори оҳангу суруд будан лозим аст. Дигар ин ки он андешаву хулосаҳое, ки зимни тадқиқ ба даст меояд, он ҳамаро ба қалам дода тавонистан ҳунари дигареро тақозо мекунад. Ҳангоми мутолиаи китоб мо ин ҳамаро дар маҷмӯъ дар симои Султони Ҳамад ба хубӣ мебинем.

Муаллиф дар китоб сабаби чӣ тавр Аҳмад Зоҳир маҳбуби дилҳо шуданро чунин баён намудааст: «Сабаби асосӣ дар он аст, ки барои чунин як кореро анҷом додан ӯ ба осори бузургтарин чеҳраҳои мусиқии Ғарб рӯ овард. Эҷодиёти намоёнтарин ва маъруфтарин овозхонҳои ғарбиро мавриди омӯзиш қарор дод» (Ҳамон ҷо, саҳ.78).

С. Ҳамад дар китоб на танҳо аз ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир сухан ронда, балки ӯ дар иртибот ба ин мавзӯъ таърихи ҳунари мусиқии Афғонистонро низ мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор додааст.  Хонанда аз китоби мазкур доир аккордеоннавозони машҳури Афғонистон, ба монанди Муҳаммад Анвари Навшод, Ғулом Сахии Самим, Фазлаҳмади Найнавоз, Ҳомид Шукрон, Кабир Ҳувайдо, Шоҳ Маҳмуди Наврӯзӣ, Муҳаммад Ҳаниф, Зоҳир Қиёмӣ, синтезаторнавозони Аҳмад Зоҳир Зоҳир Ҳувайдо, Акбари Ноёб, гиторнавозон Ваҳид Қосимӣ, Муҳаммад Ҳусейни Ормон,  инчунин аз оҳангсозону навозандагони ҳирфаие чун Фақирмуҳаммади Нангиёлай, Муҳаммади Салими Сармаст, Масҳур Ҷамол (Холид Аҳмад), Абдуллоҳи Эътимодӣ  ва дигарон маълумот пайдо мекунад, ки эшон бо ҳунари навозандагии худ дар иҷрои оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва умуман дар ташаккул ва рушди мусиқии кишварашон саҳми босазое гузоштаанд.

Ҳамчунин муаллиф ибтикор нишон дода, моро ба номи муаллифони як идда таронаҳои дилнишину таъсирбахши Аҳмад Зоҳир ошно месозад, ки ин дар аҳмадзоҳиршиносӣ беҳтарин ва тозатарин падида ба ҳисоб меравад. Пас аз маълум гаштани муаллифони оҳангҳо мо ба олами дигаре ворид мешавем ва ба асрору нозукиҳои эҷодкорӣ ва завқи баланди зебоиписандӣ доштани сароянда ошно мегардем ва доир ба ҳар як тарона маълумоти фаровон ҳосил намуда, ҳамзамон бори дигар ба ҳунари сарояндагии Аҳмад Зоҳир аҳсан мехонем.

Боиси қайд кардан аст, ки мо – мухлисони сарояндаи нотакрор то ба имрӯз гумон мекардем, ки таронаи «Бинозам қалби покат модари ман»-ро Аҳмад Зоҳир пас аз шунидани марги модараш дар маҳбас эҷод карда, сипас онро суруда бошад, вале дар асл ӯ пас аз шунидани хабари фавти модар матни шеърро дар маҳбас эҷод намуда, онро ба оҳангсоз Муҳаммад Исмоили Аъзамӣ дода, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба он оҳанге бисозад. Инро ба муаллифи китоб писари Муҳаммад Исмоили Аъзамӣ Ҳайдари Аъзамӣ нақл кардааст.

Мухлисони Аҳмад Зоҳир натанҳо аз овози ӯ, ҳатто баробари шунидани оҳанги таронаҳои ӯ дарҳол пай мебаранд, ки ин офаридаи Аҳмад Зоҳир аст ва ин ҳукм ба тамоми сурудаҳои ӯ тааллуқ дорад. Султони Ҳамад дар ин ҷабҳа инқилобе карда, то ин муддат домани пурсуҷӯ ва тадқиқотро вусъат бахшида, то ҳадди имкон муаллифони аксар таронаҳои сарояндаро муайян кард.

Аз муайяншавии муаллифони оҳангҳо мухлисони таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба суолҳои зиёди худ ҷавоб меёбанд. Аз гуфтаи С.Ҳамад бармеояд, ки оҳанги суруди «Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд» моли оҳангсоз, овозхон ва гиторнавози машҳури Афғонистон Муҳаммад Ҳусейни Ормон буда, тақрибан чанд моҳ қабл аз маргаш Аҳмад Зоҳир онро сурудааст.

Муаллиф барои исботи ҳар як суханаш далелҳо меоварад, ҳамзамон таърихи эҷоди ҳар як таронаро бозгӯ мекунад, ки ин барои натанҳо мухлисон, балки барои хонандаи китоб ҳам шавқовару ҷолиб мебошад. Масалан, ӯ доир ба чӣ гуна аз тарафи ансамбли созӣ-овозии «Орэра»-и Гурҷистон суруда шудани таронаи «Чашми сиёҳ дорӣ, қурбонат шавам ман» ва моли оҳангсози машҳури Афғонистон Фазмуҳаммади Найнавоз будани он таърихчаи ҷолиберо нақл мекунад, ки ин чиз то ҳанӯз барои мухлисони тоҷикистонии сароянда маълум набуд.

Ҳамчунин, тавассути китоб хонанда ба оҳангҳои офаридаи оҳангсози машҳури Афғонистон Фазлмуҳаммади Найнавоз шинос мешавад ва дармеёбад, ки оҳанги таронаҳои «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад», «Ман найнавозам, шабҳои ҳиҷрон най менавозам», «Ёр аз дили ман хабар надорад», «Каҷаки абрут неши каждум аст», «Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту», «Ай бути бераҳм, шикор афканам», «Оҳанги зиндагӣ», «Биё бурем ба Сангарон», «Ёди он сарви равон ояд ҳаме» эҷодкардаи ин ҳунарманд будаанд.

Ҳамчунин дар китоб роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти оҳангсози шӯҳраи кишвар Шоҳвалӣ Валии Таронасоз маълумоти фаровон дода мешавад, ки Аҳмад Зоҳир 30 таронаи офаридаи ӯро сурудааст. Муаллиф дар бораи таснифгар будан ва оҳангҳои бешумор офаридани  Таронасоз  чунин овардааст: «Устод Таронасоз тақрибан ҳазор суруду тарона эҷод кардааст, ки аксарияти овозхонҳои машҳури афғон аз қабили Парвин, хонум Жило, хонум Рухшона, хонум Ноҳид, устод Маҳваш, хонум Салмо, Абдураҳими Сорбон, Аҳмад Зоҳир, Аҳмад Валӣ, Ҳайдар Салим ва дигарон онҳоро хондаанд» (Ҳамон ҷо, саҳ. 102).

С. Ҳамад ба ҷузъитарин маълумот доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир талошҳо карда, тамоми воситаҳоро истифода бурдааст, ки ҳарчи бештар маводи тоза аз рӯзгор ва осори сарояндаро пайдо карда, пешкаши ҳамдиёрон намояд. Барои иҷрои инр кор шахсро фидоӣ будан мебояд. Аз рӯйхати адабиёти дар охири китоб овардашуда маълум мегардад, ки муаллиф  ҳангоми таълифи китоб ба бисёр маъхазу сарчашмаҳо рӯ ба рӯ шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа карда, ҳамчун муҳаққиқ кори илмиеро анҷом додааст, то ки ҳар як сухани дарҷ намудааш беасосу бедалел набошад.

Мавзӯи китоби С. Ҳамад гарчанде доир ба алоқамандии Аҳмад Зоҳир ба мусиқии Ғарб бошад ҳам, ӯ дар иртибот ба ин масъала дар бораи ҳаводорон ва мухлисони сароянда, ки берун аз доираи форсизабонон дар ҷумҳуриҳои Федератсияи Русия, Осиёи Миёна ва Кавказ, аз ҷумла дар Ӯзбекистону Туркманистон, Гурҷистон ва ғайра зиндагӣ мекунанд, қиссаҳои ҷолибу хондание овардааст.

Муаллиф кори хайреро анҷом дода, дар қисмати «Замимаи китоб» аксҳои сароянда, мусиқачиёни ӯ ва 100 таронаи Аҳмад Зоҳирро бо нишон додани номи муаллифони матн ва оҳанги таронаҳояш пешкаши хонандагон гардонидааст ва барҳақ овардааст: «Ин дар аҳмадзоҳиршиносӣ бори аввал аст, ки чунин миқдор таронаҳои Аҳмад Зоҳир дар як вақт бо нишон додани исми шоирон ва ҳам оҳангсозон дар як китоб ба нашр мерасанд» (Ҳамон ҷо, саҳ. 140).

С. Ҳамад дар муайян кардани муаллифони шеъру оҳангҳои онҳо заҳмати зиёде кашида, то андозае дар ин кор муваффақ ҳам шудааст. Аз навиштаҳои охири китоб маълум мегардад, ки Аҳмад Зоҳир худ 50, Фазлаҳмади Найнавоз 25 ва Шоҳвалӣ Валии Таронасоз 25 тарона офаридаанд, ки онҳоро сароянда бо маҳорати баланд сурудааст.

Дар натиҷаи муқоисаи 100 таронаи ин китоб бо номгӯи таронаҳои дар китоби пешини муаллиф – «Аҳмад Зоҳир – султони қалбҳо» овардашуда маълум гардид, ки Султони Ҳамад матни 43 шеър аз 23 шоирро нав пайдо кардааст.

Бояд хотиррасон кард, ки ҷустуҷӯи суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир ҳанӯз ба охир нарасидааст ва алҳол муаллифи қариб 50 шеъри дигари ӯ маълуми мо гаштаву оҳангсозонаш маълум нагаштаанд. Бинобар ҳамин С. Ҳамад онҳоро дар китоби хеш нишон надодааст. Шояд ӯ онҳоро бо нишон додани муаллифи оҳангҳояшон дар китоби навбатии хеш пешкаши хонандагон гардонад.

Агар чунин амали хайр барои суруду таронаҳои дар сабкӣ ҳиндӣ эҷодкардаи Аҳмад Зоҳир низ сурат гирад, кори савобе мебуд. Боварӣ дорем, ки солҳо наздик  С. Ҳамад ҷустуҷӯву пурсуҷӯро идома дода, доир ба сурудҳои дар асоси оҳангҳои ҳиндӣ офаридаи Аҳмад Зоҳир китоберо ба нашр мерасонад ва бисёр муаммоҳои сарбаста барои мухлисону алоқаманони ӯ кушода мегардад.

Ба Султони Ҳамад дар иқдоми пешгирифтааш тавфиқ хоста, гуфтанием, ки «Бузургонро бузургон зинда медоранд».

Дар ин мавзӯъ: КИТОБИ НАВИ СУЛТОНИ ҲАМАД «АҲМАД ЗОҲИР ВА МУСИҚИИ ҒАРБ»

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ


Шарҳҳо   

 
+1 #3 Мухлиси Ахмад Зохир 28.11.2012 08:59
Мухочири Гариб, дустам дар масъалаи хизматхои Султони Хамад дар таблиги Ахмад Зохир билкул дуруст гуфтед, вале калимаи хирсонаро истифода кардед, ки ин нодуруст аст. Ин калимаро одатан дар мавриди баръакс истифода мебаранд.Дар ин маврид одатан ибораи хизмати хуб кардро истифода барем, мувофик меояд. Бо эхтиром мухлиси Ахмад Зохир, ки ба захмати Султони Хамад хам ачр мегузорад.
 
 
+2 #2 Мухочири Гариб 27.11.2012 09:09
Салом ба хамагон. Дар хакикат бародари гироми Кодиршои Мурувват дуруст кайд кардед. Ман сад дар сад ба гуфтахои шумо рози хастам. Чунки Султони Хамад тавонистанд, ки дар дили садхо нафари дигар, ки Ахмад Зохирро намешинохтанд, шиносонанду аз зиндагиву осори ишон ба мо маълумотхо дарч кунанд. Ба боварии комил гуфта метавонам, ки ягон пажухишгари афгониву ирониву покистони дар бораи Ахмад Зохир чунин як хизмати хирсона накардаанд. Дуогуи онам, ки Худованд ин марди шарифро хамеша сихатманду саломат ва калами эчодаш чунин сарсабз бошад. Зинда боши Устод Султони Хамад!
 
 
+3 #1 Кодиршои Мурувват 26.11.2012 22:49
Кореро ки устод Султон Хамад дар танхои анчом медихад, ба рости як пажухишгох хам наметавонад сар барад. Аз ин хотир ман мегуям, ки дастат дард накунад дусти азиз Султони Хамад. Офарин ба хавсалаву тавону сабри Шумо. Ман фикр мекунам барои чамъовари ва тахияву чопи ин гуна мавод захмату талоши фарвоне бояд ба харч дод. Гузашта аз ин, шахс бояд фархангу таърихи кавму миллаташро содикона парастиш кунад, ки ба чунин дастовард ноил гардад. Дар хакикат агар устоди шодравон Мухиддини Олимпур муаррифгари хонум Гугуш барои мо бошад, пас устод Хамад муаррификунанда и рузгору осори Ахмад Зохир хисоб меёбанд. Дар ин росто хамон фармудаи Хаким Фирдавси ба ёд меояд ки гуфтаанд:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди чанги бех аз сад хазор.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi