22:52:36 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ АҲВОЛ ВА ОСОРИ САИД ЗАМОНИДДИН АДИМИ ШУҒНОНӢ

Ба таваҷҷӯҳи муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» мӯҳтавои суханронии Қудратбек Элчибеков, узви раёсати Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистонро дар конференсияе, ки бахшида ба 110-солагии шоири маъруф Саид Замониддин Адими Шуғнонӣ 24-уми ноябри соли 2012 дар шаҳри Хоруғ баргузор гардида буд, пешниҳод менамоем.

/images/stories/2012/12/26_2-elchibekov-2012.jpgҚудратбек Элчибеков дар суханронии худ азҷумла гуфт, ки бо шоир Саид Замониддин  тақрибан 25 сол қабл мулоқот доштааст ва аз забони худи ӯ шарҳи ҳолашро ба ин тарз овард: «Чуноне, ки худашон гуфтанд: Номам Замониддин, номи падарам Шоҳ Ҳусайн, касбу камолам деҳқонӣ, бар иловаи  кори деҳқонӣ, шоирам.

Ҷуз шеъргӯӣ иҷро намоям,

Ҳам шуғли чӯпон, ҳам касби деҳқон.

Ҳам подабонам, ҳам бузчаронам,

Ин аст қадрам, назди лаимон.

Зодгоҳаш деҳаи Пастихуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Вай  соли 1905 мелодӣ, дар  ин ҷо таваллуд мешавад. Давраи таҳсилаш се сол будааст. Яъне дар синни ҳафтсолагӣ шомили мактаб шуда ва ба синни нӯҳсолагӣ мактабро хатм кардааст. Таълими хонаводагиро пеши падари бузургвораш фаро гирифтааст.

Маълумоти илмие, ки ӯ дар ин давра касб карда буд аз тафсири Қуръони азиму-ш-шаън, таърихи Равзату-с-сафо, 51 рисолаи илмӣ дар ҳикмат, риёзиёт, табийёт, мантиқ, иллоҳиёт, тасаввуф, ирфон, аз «Ихвону-с-сафо, аз Маснавии Мавлонои Балхӣ, «Ҳафт авранг»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, кутуби мутааддади Носири Хусрав ва Нисобу-с-сибён дар илми аруз иборат буд. Китоби маъруфи Носири Хусрав «Ваҷҳи дин»-ро аз ёд медонист. Ба  мутолиаи ашъори шоирони классикӣ диққати зиёд медод ва аз синни дувоздаҳсолагӣ шеърсароӣ оғоз кардааст.

Падари Сайид Замониддин Шоҳҳусайн бар минтақаи васеъе аз манотиқи кӯҳистони Бадахшон мақоми пириро, ки мақоми рӯҳонӣ дар силсила маротиби исмоилӣ аст, дошт ва дар ин мақом то аввалҳои солҳои таъсисиёбии системаи шӯравӣ боқӣ монда буд. Вале бо бар сари қудрат омадани системаи коммунистӣ ин хонавода таҳти фишори шадид қарор гирифт.

Фишори нахустин ба ин хонавода  солҳои 1920-30 дар зодгоҳаш Хӯҷаободи деҳаи Пастхуфи ноҳияи Рӯшон ворид шуд. Ин буд, ки маҷбур шуд бо хонаводааш зодгоҳашро тарк кунад ва дар соли 1933 ба Афғонистон фирор намояд ва муддате дар деҳкадаҳои маркази Шуғнони Афғонистон бо мушкилоти зиёди зиндагӣ даст ба гиребон шавад. Сарсонию оворагӣ насиби Адими 28 сола гардид.

Чуноне, ки худаш ҳикоят кард, «дар замони салтанати Зоҳиршоҳ бар ду тарафи соҳили рӯди Ому чунон инзибот сахту қоим буд, ки аҳаде ҷуръат надошт, ки номи давлати Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравиро бар забон оварад, то чи расад ба рафту омад».

Ин буд, ки Саид Замониддин бо аҳли оилааш ба минтақаи сарде ба номи Шева, дуртар аз сарҳади шӯравӣ, фиристоданд ва чандин сол дар он ҷо бо мушкилоти зиёд зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ашъораш ин мушкилотро чунин тасвир кардааст:

Ман суханвар шоир зи мулки Шуғнонам,

Ба бӯстони сухан мисли мурғи шабхонам.

Ба мулки Шева фитодам муқайаду маҷбур,

Асири барфу ях андар ҳисори зиндонам.

Зи фасли ақраб ило фасли нимаи ҷавзо,

Ҳисоби рӯзу шабу муддати зимистонам.

Ба хоки Шева набудам даме ба хотири ҷамъ,

Заъифу оҷизу ошуфтаву парешонам.

На хурру на хоб буд зиндагии мо,

Гумон ба худ набарам, ман ки шахси инсонам.

Дар ин мулоқоте, ки бо ӯ доштам, синни муборакаш ба ҳаштоду ҳашт расида буд. вале ҳанӯз боқуват ва ҳофизаи шеърияш баланд буд.

Тавре ки худашон гуфтанд: «теъдоди ҷумлаи ашъорам тахмин ба ҳабдаҳ ҳазор байт мерасад. Тақрибан сеҳазор байт дар асари сабабҳои гуногун аз байн рафтааст».

/images/stories/2012/12/26_1-adimi-shughnoni-2012.jpgСайид Замониддини Адим бо он ки дар талотуми ранҷу машақат зиндагиро сипарӣ кардаст ва айёми ҷавониаш ҷуз бо ранҷ ба чизи дигар ошно набуд бо он ҳам ёдгориҳои шеърии арзишмандеро аз худ ба ҷо гузошт. Ҷамъан се асари шеъриро ба алоқамандони назми форс-тоҷик ба мерос гузоштааст, ки онҳо иборатанд аз: «Ашки ҳасрат» дар се ҷилд, «Дар дил ғубори Бадахшон» ва «Оҳанги ишқ» мебошанд. Назми Адим иборат аст: тарҷеъбанд, мусаддас, мухаммас, рубоӣ, ғазалҳои ишқӣ, баҳория, ҳазония, ирфонӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, адабӣ, илмӣ, интиқодӣ.

Дар асари бадбинии ҳасудон ва таъассубписандон ду маротиба дар гиру дори рӯзгор афтода, аз хонаву кошонааш табъид шудааст. Як маротиба ба муддати як сол, маротиби дуввум боз даҳ сол. Дусол зиндонӣ будааст. Баъди озод шудан аз ҳабси дусола аз ватани аслӣ-Шуғнон ба маркази Бадахшон як умр бадарға гардид. Дар бораи ин рӯзҳои сахту душвор шеъри зиёд дорад.

Бо ба сари кор омадани воли ҷадиди Бадахшони бегуноҳии Адими Шуғнонӣ собит гардид ва онро ҳамроҳ бо худи ӯ ба Кобул фиристоданд. Дар Кобул ӯ бо бисёрии равшанфикрон ва адибон ошноӣ пайдо намуд ва онҳо ба ӯ дасти ёрӣ дароз намуданд. Маҳз ҳамин адибон мулоқоти ӯро бо вазири адлия он замон - Саид Шамсиддин Маҷрӯҳ, ки яке аз нависандагони он давр буд, созмон доданд.

Вазири адлия Адимро хуш пазируфт ва амри бегуноҳии ӯро содир намуд ва баъд аз он таърих солҳои зиёдро дар Кобул сипарӣ намуд ва дар ҷамоатхони Тайманӣ барои шогирдон таълими мазҳабӣ медод.

Роҳ ёфтан ба ҳалқаи адабӣ, фарҳангӣ, иҷтимоиву матбуоти ҷадид аз як сӯ шеъри ӯро оғоз бахшид, мазмуни шеъраш ғанӣ шуд, шакли шеъраш қолабҳои ҷадид ёфт, шинохти бештаре аз шеъру шоир пайдо шуд.

Саид Замониддин Адим ҳамасри шоирони маъруфи Афғонистон Халилуллоҳи Халилӣ, Холмуҳаммади Хаста, Равнақ Нодирӣ, Андалеб, Зиё Қоризода ва дигарон буд.

Гарчанде Адим дар маҳфилҳои адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ хуб истиқбол гардид ва эҳтиром ёфта, вале доғи заҷру осори ранҷи чандинсолашро ҳеҷ гоҳе аз чеҳрааш зудуда нашуд.

Он ки бо фақру фано дӯш ба дӯш аст, манам,

Он ки з-ин ғусса ба сад ҷӯшу хурӯш аст, манам.

Он ки дар айшу тараб сархушу гӯёст, туӣ,

Он ки аз ранҷу алам маҳву хамӯш аст, манам.

Он ки чун хоҷа ба ҳар ҳоли рифо аст, туӣ,

Он ки чун ходимаки ҳалқабагӯш аст, манам.

Он ки дар кунгураи Кохи сафед аст, туӣ,

Он кӣ ӯ дар ба дару хона ба дӯш аст, манам.

Он ки маъкули вай аз қисми палов аст, туӣ.

Он ки  аз оши сияҳдег баҷӯш аст, манам.

Он ки фориғ зи ғаму ғуссаи нон аст, туӣ,

Он ки аз гуруснагӣ фоқиди ҳуш аст, манам,

Он ки  ӯ соҳиби дебову катон аст, туи,

Он ки мӯҳтоҷ ба ҳар кӯхна фуруш аст, манам.

Он ки бо мӯзаву бо бути хром аст, туӣ,

Он  ки дармондаи афсурдакалӯш аст, манам.

Матлаву мақтаи ин шер яке соз Адим,

Он ки ӯ дар ба дару хона ба дӯш аст манам.

Дар китобчаи дигар чунин ёдовар мешавад, ки «ногуфта нагузорам, ки дар пешгуфтори аввали китобча низ ёдоварӣ намуда будам, ки зодгоҳи аввалиам дар хоки давлати советӣ буд, ба сабаби муқаддарот ва муқаррарот овора аз ватан шудам.

Дар мусофират ва ғурбати доимӣ умрам ба охир расид, тамоми умрам андар ранҷу заҳмат гузашт, аз тудаи заҳматкашонам, аз шарҳу тафсири ин ҳаводиси дилхарош мақдурам ва гунҷоиши ин авроқ нест». Ин ҳаводиси зиндагиашро дар як шеъре чунин баён мекунад:

Агар аст асри заррин, ба Ватан чаро набошам,

Ва гар аст расми дерин, ба кафан чаро набошам.

Ба диёри худписандон, на рафиқу не шафиқам,

Сухан ин ки гар ақиқам, ба Яман чаро набошам.

Ҳама оби ӯст чун мул, ҳама хоки ӯст чун гул,

Мани бенаво чу булбул, ба чаман чаро набошам?

Хирадам зи ҷони гӯё, шуда ин маром ҷӯё,

Агарам чу дурр ба дарё, ба Адан чаро набошам?

Ҷасад аз сиришти он тин, шудааст анбарангин,

Чу ғизоли хиттаи Чин, ба Хутан чаро набошам?

На муруввату ҷавонӣ, на талаттуфи забонӣ,

Зи фишори зиндагонӣ, ба махан чаро набошам?

Ба дӯкони сифлатабъон, сухан аст пасту арзон.

Мани хастадил пушаймон, зи сухан чаро набошам?

Гузарам ба вақти мурдан, фитад ар ба хоки меҳан,

Руфақо чу айни равшан, ҳаматан чаро набошам?

Зи Адими  сина пурхун, шунавед қисса акнун,

Ба дили шикаста берун, зи бадан чаро набошам?

Адим ба манзури пурқувват гардидани пайвандҳои маънавии халқҳо, рафъи фосилаҳо, густариши ҳар чи бештари якпорчагӣ ва ҳамдилии онҳо дар осораш суннат ва одоби сокинони ду кишваря шеърҳо офарида, ҳеҷ якеро бар дигаре болотару фозилтар тарҷеъ намедиҳад.

Ҳамаро дар офариниши бахшҳои гуногун илму фарҳанг, санъату ҳунар мусовй ва саҳим шинохт, дӯстии байни халқҳо ва ақвому қабоили сарзамини Тоҷикисгону Афғонистонро аз ҳама неъматҳои маънавӣ ва суннатии рӯзгори худ муқаддамтар донист. Ӯ бо қалами танқид  аз беадолатӣ, бехуқуқии мардуми заҳматкаш, фақру бесаводӣ, фурӯши духтарон, густариши бангу афюн двр байни сокинони махаллии он тарафи дарёи Панҷ шикоят мекунад.

Хушбахтона, дар ҳоли ҳозир муносибати дӯстона ва ҳамҷавории байни Тоҷикистону Афғонистон тавре созмондиҳӣ шудааст, ки мардуми ин ду кишвар, тавре ки шоири ду соҳил Адими Шуғнонӣ орзу дошт, метавонанд озодона бо ҳам муносибати илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта бошанд ва дар рушду такомули он саҳим бошанд.

Адим сарвари сухансароёни аҳди худ буд, бо дигар олимону шоирон дар гирдоби бедодии ҳукмронони он давра афтода буд. Мушоҳидаи наздики зулму беадолатӣ ҳокимони маҳаллро дар вуҷуди ӯ чашму андешаҳои ӯро васеътар боз намуд.

Адбатта дар охири умр дар асари дигаргунихои ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвари Афғонистон, Адим то андозае аз оромии рӯҳӣ ва маънавӣ бархурдор гардид ва тавонист, ки аз ватани обоии худ дидан намояд. Ӯ мегӯяд: «Баъди чиҳилу ҳафт сол монанди хобу хаёл ватани маълуф, қавму қабоилро дида, муддати мусофиратам шашмоҳа таъхир афтод. Хотироти хуши фаромӯшношудании муддати мазкур дар китобчаи чудогона ёддоште дорам, дар шеърҳо низ аз он ишорат намудаам».

Мазомини ашъори Адим намоёнгари меҳру муҳаббат бо хешу пайвандонашон мебошад. Ӯ чандин бор ба Тоҷикистон мусофират намуд ва аз мусофират ба Тоҷикистон таассуроти хеле хуб дошт, хушҳолу сарфароз буд ва дар ашъораш тараққиёту пешрафти илму фарҳанг ва иқтисодиёти Тоҷикистонро ситоиш мекард. Аз мулоқоту сӯҳбатҳо бо аҳли илму адаб, шоирону нависандагони тоҷик хушҳол буд. Дар ашъораш аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Ҳалимшоҳ ва аз олими намоёни тоҷик, акдемик Муҳаммад Осимӣ ва дигарон кадрдонӣ кардааст.

Бо муаллим Ҳамдинов Сафармамад, устод Карамшоев Додихудо дӯстии самимӣ дошт, гуфт Қудратбек Элчибеков ва шеъри Адими Шуғнониро манзури ҳозирин кард:

Шеър дар васфи Тоҷикистон

Боз дар сарам эй дил,сахт шӯру ҳаяҷон аст,

Дидаи ҷаҳонбинро майли Тоҷикистон аст.

Шоири суханварро қурбу манзалат бошад,

Саҳнаи тарабангез, аз ғазалсароён аст.

Ҳар куҷо шарори ишқ шуълавар бувад онҷо,

Дар дили ҷавононаш, доғи лоларӯён аст.

Хотироти шашмоҳа, кай бурун равад аз ёд,

Дар дили ман акнун дам, з-он нишот ҷарён аст.

Дар саросари дунё, нукта аст ло яхфо,

Хоки давлати тоҷик, ҳамҷавори афғон аст.

Бо масофаи обқад, ҳар дуанд хамсарҳад,

Аҳди дустӣ з-он рӯ, дар миёни эшон аст.

3-ин равобити қоим, з-ин тааҳдуди доим,

Бинам аз ҳасодат кӯр, дидаи ҳасудон аст.

Нақди шеър бинмудам, бо суханварон эҳдо,

Гар қабули эшон афтад, ҳини лутфи эҳсон аст.

Табъ шоири кӯҳӣ, шеърҳои ҳаммосӣ,

Медиҳад ба кӯҳистон, худ зи кӯҳсорон аст.

Кони табъи дар шоир, ҳамчу лаъли румонӣ,

Медиҳад зи худ, зеро ҳамчу лаъл аз Бадахшон аст.

Шеър дар васфи Душанбе

Басо насли ҷавон дорад Душанбе,

Гурӯҳи нуктадон дорад Душанбе.

Барои дарки асрори табиат,

Зи ҳикмат нардбон дорад Душанбе.

Ба амни рокети тунди сабукрав,

Хаёли осмон дорад Душанбе.

Сӯи сайёраҳо киштии сайёр,

Назар бар Каҳкашон дорад Душанбе.

Ба тасхири мақоми Зӯҳра гӯянд,

Кунун сайри замон дорад Душанбе

Ба арбоби саноат доимулҳол,

Чу анқо ошиён дорад Душанбе,

Ба асҳоби камоли соҳиби фазл,

Ба кишвар қадрдон дорад Душанбе.

Ба доноёни Шарқу Ғарби мозӣ,

Чу некӯ достон дорад Душанбе,

Басо созандагони зӯҳраоҳанг,

Миёни тоҷикон дорад Душанбе.

Ҳунарманду ҳунарҷӯю ҳунарсоз,

Аз он симинтанон дорад Душанбе

Ба суи пешрафту пештозӣ,

Зи худ шарҳу баён дорад Душанбе.

Мудом аз ҳисси ахлоқу мусовот,

Ҳазорон тарҷумон дорад Душанбе

Ба дунёи нави хоки советӣ

Сухан вирди забон дорад Душанбе

Дар атрофи ҷаҳони зиндаи худ,

Наку донишварон дорад Душанбе.

Ба ҳар таърих то дунёи охир,

Зи худ чандин нишон дорад Душанбе.

Зи марбутоти марказ водии Вахш,

Ба номаш иззу шон дорад Душанбе.

Зи банди Нораку толоби Норак,

Чи нақде човидон дорад Душанбе.

Ба ҷуз лафзи дарию турку тоҷик.

Ба ҳар навъе лисон дорад Душанбе

Ба хоки бостони мулки афғон,

Ниҳоят дӯстон дорад Душанбе.

Ба ҳарҷо чун «Адими» шеърпардоз.

Суханвар шоирон дорад Душанбе.

Достони шаҳри Хоруғ

Ало эй дӯстони шаҳри Хоруғ,

Навиштам достони шаҳри Хоруғ.

Дар ин санъат ниҳоят ранҷ бурдам,

Аё заҳматкашони шаҳри Хоруғ.

Румузи шеъри ман албатта донад,

Адиби нуктадони шаҳри Хоруг.

Аз он тасвир дар оинаи шеър,

Кунам хотирнишони шаҳри Хоруғ.

Саросар хонаи пурдуд медошт,

Ҳаме қабл аз замон шаҳри Хоруғ.

Дар ин асру замон шакли дигар ёфт,

Замону ҳам макони шаҳри Хоруғ.

Шаби торик дорад рушнойӣ

Зи барқи созмони шаҳри Хоруғ,

Шабу руз аз тараққию тамаддун,

Бувад шарҳу баёни шаҳри Хоруғ.

Чу мардони фаҳиму корогоҳ,

Бувад фикри замони шаҳри Хоруғ.

Дари таҳсилу дониш ҷумла боз аст.

Ба руи духтарони шаҳри Хоруғ.

Ба авҷи эътило саргарми коранд,

Ҳама пиру ҷавони шаҳри Хоруғ.

Писанди хотири Шарқ асту ҳам Ғарб,

Мақоми мутрибони шаҳри Хоруғ.

Ба хоки бостон доранд фахре,

Ҳама донишварони шаҳри Хоруғ.

Ҳунарманду ҳунарпарвар барояд,

Аз он наели ҷавони шаҳри Хоруғ.

Адим, аз шоирон мисли ту шеъре,

Нагуфта кас ба шаъни шаҳри Хоруғ.

Ғазали гулпираҳан

Боз эй гулпираҳан, эй покдомонам биё,

Ҳамчу гул сар то қадам, зеби гулистонам биё.

Аз миёни бурқаъи шабранга ҳамчун офтоб,

Равшанй андоз, эй субҳи намоёнам биё.

Пойандозат сабо иклили гул андохта,

Дар чаман оҳиста, эй сарви хиромонам биё.

Баҳри ташрифи қудумат чашми умед интизор,

Лутф фармо дар шаби дайҷури ҳиҷронам биё.

Мисли гесуи парешонат парешон хотирам,

Боиси ҷамъияти фикри парешонам биё.

К-аз даҳони ғунчаат ҳарфу табассум орзуст,

Тутии ширинсухан, мурғи хушилҳонам биё.

Сарвари хубони олам ифтихори ШарқуҒарб,

Ҳамчу лаъл аз маъдани кӯҳи Бадахшонам биё.

Дидаи худ фарши роҳи мақдамат созад Адим,

Соате дар кулбаи бе фарш меҳмонам биё.

Дар ин мавзӯъ: АДИМИ ШУҒНОНӢ - ШОИРИ МАРДУМИ ҲАРДУ СОҲИЛИ РӮДИ ПАНҶ 110-СОЛА ШУД

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi