Бозор Собир чеҳраи фарҳангӣ боқӣ бимонад
Наҳваи бозгашти Бозор Собир, шоъири маъруфи тоҷик ба Тоҷикистон, ки бо дидори расмии ӯ бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ибрози назарҳои сиёсии ӯ ҳамроҳ буд, вокунишҳои мухталифе дар сутуҳи гуногун дар пай дошт.
Бархе аз корбарон бо лаҳни таҳқиромез аз таърифи оқои Собир аз он чӣӯ зиндагии мураффаҳи замони шӯравӣ мехонад ва ё болотар аз Исмоили Сомонӣ ва паёмбарон гузоштани Владимир Ленин, поягузори Иттиҳоди Шӯравӣ интиқод кардаанд. Ҳарчанд иддаъи зиёде аз корбарони шабакаи иҷтимоъии Facebook аз бозгашти ин шоъири маъруф истиқбол карданд. Вокуниши намояндагони азҳоби сиёсӣ ва рӯшанфикрони кишвар дар мавриди бозгашти Бозор Собир ба ватан низ мутафовит буд. Инак, назари чанде аз онҳо дар ин замина.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунисти Тоҷикистон
Бозор Собир шоъири шинохта буда, обрую эътибори ӯ ҳамчун шоъир аз марзҳои Тоҷикистон берун рафтааст. Аз ин лиҳоз, аз бозгашти ӯ истиқбол мекунам. Маъмулан шоъирон эҳсосотӣ ҳастанд, эҳсосот шуъур ва ақлро пахш мекунад. Дар бештари маворид эҳсосот шахсро ба роҳи рост намебарад. Бозор Собир калавишҳо дошт. Қаблан аз мунтақидони сарсахти ҳизби кумунист маҳсуб мешуд ва навоқиси ҳизбро ошкор мегуфт.
Аммо вай танҳо рӯшанфикрест, ки расман иштибоҳҳои худро эътироф кардааст. Нафарҳое буданд, ки аз имтиёзҳои ҳизби кумунист истифода карда, аммо аз фурӯпошии шӯравӣ мутаассиф нашуданд. Ҳоло ӯ ҳаёти Омрикоро дида бо Иттиҳоди Шӯравии пешин муқоиса карда ва ба афзалияти низоми шӯравӣ таъкид мекунад.
Ба андешаи ман, ӯ шоъири миллат аст ва ба узвият ба ҳизбе ниёз надорад. Мавқеъи ҳимоят аз миллат ва халқи худ муҳим аст. “Хостгор”-ҳо дар миёни аҳзобу созмонҳо барои Бозор зиёд ҳастанд. Беҳтарин мавқеъ барои ӯ ғайриҳизбӣ ва як шахсияти миллӣ боқӣ мондан аст.
Раҳматилло Зойиров, раҳбаи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон
Бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсире надорад. Агар ӯ ҳамчун шаҳрванди тоҷик бармегашт, ӯро мардум ҳамчун шоъири миллат қабул мекард ва таъсири бозгашташ бештар буд.
Аммо вақте Бозор Собир гуфт, ки бо даъвати президент омадааст ва аз рӯшанфикрон даъват кард, ки дар атрофи президенти феълӣ муттаҳид шаванд, нишон медиҳад, ки ӯ бар асоси созиш бо ҳукумати имрӯза ба Тоҷикистон бозгаштааст. Ин ҳодиса на танҳо обрӯю эътибори ӯро паст мекунад, балки обрӯи мақомоти давлатиро боло бурда наметавонад.
Ба фикри ман, ӯ ба Тоҷикистон маҳз ба хотири пуштибонӣ аз Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ бозгардонда шудааст. Заъиф шудани мавқеъи Раҳмон ӯро водор кард, ки ба Бозор муроҷиъа кунад. Бозор Собир қаблан давлати феълиро эътироф намекард, ҳоло мавқеъяш 180 дараҷа дигар шудааст.
Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон
Бозашти Бозор Собир ба Тоҷикистон ҳадафи сиёсӣ надорад. Ӯ ҳеч гоҳ бо давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт. Қаблан низ борҳо ӯ ба ватан даъват шуда буд. Аммо оқои Собир дар ин шабу рӯз тасмим гирифт ба ватан бозгардад. Бозгашти ӯ ба Тоҷикистон ба маъракаи интихоботи президент рабте надорад. Танҳо ин бозгашт ба соли интихобот мувофиқ омадааст. Рӯшанфикрони кишвар аз бозгашти Бозор Собир шод ҳастанд. Бозгашти шоъири маъруф ба таҳкими ваҳдати миллӣ кумак мекунад. Зеро шеърҳои ӯ дар бораи сулҳу ватандӯстию ваҳдат буда ва мардумро ба иттиҳод даъват мекунанд.
Маҳмадалӣ Ҳаит, муъовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Бозор Собир ҳамчун хидматгори ҳукумати Тоҷикистон баргаштааст. Бад ин тартиб, сафи вассофону тамаллуқкорони давлатро зиёд кард. Дар гузашта бо Бозор Собир дӯстӣ доштам. Ҳоло риштаи ин дӯстӣ гусаста шудааст. Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд аз Бозор Собир барои ворид кардани фишор болои ҲНИТ истифода кунанд. Аммо гуфтаҳои ӯ дар фаъолияти ҳизб таъсире надорад, баръакс ба афзоиши теъдоди аъзои ҳизби наҳзат мусоъидат хоҳад кард.
Муҳиб Қурбон, нависанда
Ба ҳангоми бозгашти Бозор Собир мавзеъи расонаҳои давлатӣ ва Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт. Зеро дар солҳои қаблӣ вақти вуруди ин шоъири маъруф ба ватан намояндае аз телевизиюни давлатӣ ва Иттиҳоди нависандагон ба истиқболаш намерафт. Онҳо аз дидор бо Бозор Собир ҳарос доштанд.
Имрӯз Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагон мегӯяд, ки ба Бозор Собир унвони “Шоъири халқӣ” эъто шавад. Ин як навъ шармандагист. Зеро Бозор Собир муддатҳост, ки шоъири мардумӣ буда ва ба чунин унвони расмӣ ниёзе надорад.
Дар дидорҳои қаблии ин шоъир аз Тоҷикистон на Меҳмон Бахтӣ, на ягон узви Иттиҳоди нависандагон ҷасорат нишон дода ба зиёрати Бозор Собир нарафтанд, ин шоъири маъруфро ба Иттиҳоди нависандагон даъват накарданд. Имрӯз онҳо на аз рӯйи виҷдон, балки тибқи дастури мақомоти кишвар амал мекунанд.
Ман Бозор Собирро ба унвони шоъири шаҳир, ки доди суханро додааст, мешиносам. Ҳамзамон, аз баёнияҳои зидду нақизи ахири Бозор Собир нигарон ҳастам. Бахусус, ибрози назараш дар фурӯдгоҳ дар бораи он ки аҳзобу созмонҳои зиёд дар кишвар лозим нестанд, эътибори ӯро боло нахоҳад бурд. Ин гуна ибрози назарҳо барои фарде, ки ҳудуди 20 сол дар Омрико, як кишвари демукротик зистааст, хуб нест. Аз ин гуна баёния бӯйи ғараз меояд.
Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
Бозор Собир рӯҳияи исёнгарона дорад. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳукумати шӯравӣ норозӣ буд. Баъдан аз давлати Эмомалӣ Раҳмон, пас аз сафар ба Русия, Эрон ва ба ҳангоми буду бошаш дар Омрико аз ҳукуматҳои ин кишварҳо интиқод мекард.
Ба ҳангоми боздошт шуданаш дар соли 1993 ба суоли хабарнигори телевизиюни давлатии Тоҷикистон, ки “Чаро бо баёнияҳои худ дар майдонҳо мардумро ба ҷанг кашидед?” посух дода буд, ки “Ман шӯхӣ карда будам.” Ин аз ноустувор будани мавзеъи Бозор Собир шаҳодат медиҳад. Ҳоло Бозор Собир ба ватан бозгашта ва ба мақомоти Тоҷикистон тамаллуқ мекунад. Маълум нест, ки ин вазъ то чи муддате идома хоҳад кард.
Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон
Бозор Собирро ҳамчун шоъири миллат мешиносам ва ба баёнияҳои сиёсии ӯ коре надорам. Ин кори шахсии Бозор Собир аст. Ман бо шеърҳои ӯ бузург шудаам ва барояш эҳтироми зиёд дорам. Агар Бозор Собир ба адабиёт бозгашта бошад, нуран ало нур хоҳад буд. Беҳтар мебуд, аз сиёсат дур буда, ба шоъирони ҷавон устодӣ кунад, маҳофили шеър баргузор кунад. Зеро ҳар миллатро бо адабиёту шоъиронаш мешиносанд.
Би-Би-Си