04:21:35 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Орзу Исоев: «Интиқод бояд ҳодиёна бошад, на ғаразмандона!»

Орзу Исоев бо барномаи «Шакл» қолабҳои куҳнаи таҳияи барнома дар телевизионҳои тоҷикро шикаста буд ва имрӯз дар арсаи таронанависӣ ҳам аз пешгомтарин шоирони мост.

1.orsu-isoev 2013Имрӯз таронаҳои ӯ бо садои хонандаҳои маъруфи кишвар, амсоли «Нагӯ-нагӯ»-и Нозияи Кароматулло, «Ту бигӯ ошиқами»-и Нигина Амонқулова, «Сабад-сабад»-и Муҳаммадрофеъ, «Ҷойи ту холӣ»-и Садриддин, «Ошнои гумшуда»-и Юлдуз Усмонова, «Сояҳо»-и Ҳабиб Ҳакимов, «Кифоя нест»-и Меҳрнигор, «Танҳоӣ»-и Шабнами Сурайё, «Ҳамсоябача»-и Нигора дар хонадони ҳар тоҷик садо медиҳад ва мардумро сурудаҳои ӯ писанд афтида. Сироҷиддин Фозилов, Валиҷон Азизов, Сарвиноз Юсуфӣ, Фирӯза Ҳафизова, Шабнами Тоҷиддин ва дигар хонандахои эстрадаи тоҷик хам сурудҳои Орзуро сароидаанд. Хабарнигори «Рӯзгор» бо Орзу дар мавриди вазъи таронасароӣ дар кишвар ва фаъолияти ӯ дар ин самт суҳбат кард, ки онро пешкаши шумо мегардонем.

-Барномаи «Шакл»-и Шумо аз беҳтарин барномаҳои телевизиони тоҷик буд ва имрӯз муҳобот намешавад, агар гӯем, ки шумо аз муваффақтарин таронасароҳои тоҷик ҳастед. Орзуи журналист чӣ гуна рафт ба самти эчоди тарона?

-«Шакл»-ро хеле пазмон шудам. Дасти ҳаводис миёни ману «Шакл» девор андохт ва ҳамкорони собиқам хуб медонанд, ки чӣ касоне дар ин миёна тарҳ рехта буданд. Ман то ҳанӯз дақоиқ мешуморам, то айёми дигаре ба ман гумшудаҳоро пас бидиҳад. Ман ин бари девор мондам, бо як мушт нафрин ва ҳисси мармузи интизорӣ. Ин авзоъ маро бо ман ошнотар кард!

Иншои шеъру тарона бошад қадами ҷадид дар рӯзгори ман нест. Қабл аз милоди Сафина ҳам ман бо гуруҳи Авасто, Фарзин ва сарояндаҳои музофот ҳамкорӣ доштам. Ёдам ҳаст, ки аввалин шеърҳоям дар масири ашьори дастҷамьонаи ҷавоншоирон бо номи «Анҷумани ахтарон» нашр шуда буд. Ман дар ин сукутнишиниам худро дигарбора ба шеърам оштӣ додам!

-Хонанда огоҳ ҳаст, ки Шумо шеър ҳам мегӯед ва китоби ашъоратон бо номи «Дар пардаҳои атласии нури офтоб» чанд сол муқаддам нашр шуда буд. Аммо ба назари бархе Орзуи таронасаро муваффақтар аст аз Орзуи шоир. Ба андешаи Шумо чӣ?

-Китоби дуввуми ман нашр шуд, ба унвони «Таронаи танҳоӣ» ва дар нашриёти Адиб алъон дастрас аст. Ман шеьр ё таронаро барои назарсанҷиву фикргустарии иддае наменависам ва шеъри ман ҳам уҳдадор нест, ки таслими ақоиди касе бошад. Шеъри ман рисолаи қалби ман аст ва касеро иҷборан ба хонданашу шуниданаш талқин намекунад! Дунёи интихоб дар назм беканор аст ва ман низ як ҷузви ин ҷахонам, ки ба танҳоӣ раҳ мебарам ва ба ҳамин фикр муътақид хоҳам монд, ки:

Дар кӯчаҳои сард ба танҳоӣ,

Паймуда роҳи дард ба танҳоӣ.

Меуфтам аз дарахти ниёзи хеш

Чун баргҳои зард ба танҳоӣ.

3.orsu-isoev noziya-nigina-Оҳангсозону сарояндаҳои собиқадори мо мегӯянд, ки дар интихоби матни суруд овозхонони мо ба китобҳои шоирон муроҷиат намоянд беҳтар аст, назар ба оне ки фармоиш диҳанду таронанавис барояшон бинависад. Шумо дар ин маврид ва умуман дар мавриди тафовути шеъру тарона чӣ андеша доред?

-Шеъру таронаро дар фарқгузорӣ аз таркибаш мешиносанд. Шеъри хушоҳангу шеворо оҳангсоз аз аввалин сатраш эҳсос мекунад. Аз он ки шеъри китобҳоро истифода намебаранд, ҷурми ман нест. Ин суол ба оҳангсоз аст. Ман аз ҳудуди серкориву давиданҳои худ фурсат надорам, ки ҷадвали таронаҳои кулли сарояндаҳоро зери назар бигирам. Ман аз убури лаҳзаҳо гоҳҳо фориғам:

Азбаски дарёзодаам,

Аз даст худро додаам.

Роҳи пасам кайҳост гум,

Бар пеш по бинҳодаам.

-Ба фикри Шумо чӣ гуна тарона ба мардум бештар писанд меафтад?

-Ман аз ҷойгоҳи худ наметавонам аз номи мардум ҳарф бизанам, зеро завқҳову хостаниҳо мухталифанд. Садову наво ҳам якранг нест. Яке гирифтори сабки дигар асту дигаре ба думболи навои дигар.

-Чанд сол пеш таронаҳои хонандаҳои ҷавони эстрадаи мо аз ҷониби шоирони касбӣ сахт интиқод мешуд, имрӯзҳо ин гуна сару садоҳо кам баланд мешаванд. Шояд сарояндаҳои мо дигар мутуни содаву ғалат намехонанд ё шоирони мо аз садо баланд кардан хаста шудаанд ё…?

-Ин суол дар инҳисори имконҳои ман нест. Аз ононе, ки хаста шудаанд, бояд пурсид. Назари интиқодиро ман танҳо дар мавриде хоҳам пазируфт, агар нақдгар лоболои интиқодаш намунаи беҳтару хубтаре аз маҳсули зеҳнияш дошта бошад. Интиқод бояд ҳодиёна бошад, на ғаразмандона! Вақте ки аз китоби шоире матне барои суруд интихоб нашудааст, войи шоир!

-Таронаҳои Шуморо аксар меписанданд, чун хеле содаву самимӣ ҳастанд. Ба истифодаи гӯишҳои иронӣ дар таронаҳои тоҷикӣ чӣ назар доред?

-Шеваи иронӣ дар таронаҳои сарояндаҳои тоҷик дилписанд нест, зеро дар талаффузи садоҳо бо ин шева танқисӣ мекашанд, аммо аз он лиҳоз, ки мазмуни таронахо баланду пурҳосиланд, хушҳолам, зеро ҷаҳони маьнавии онон ғанӣ мегардад! Тасвирҳои баланди шеърро эҳсос мекунанд.

-Таронаҳои русӣ қариб ҳамагӣ сужа доранд. Масалан, агар ҳофизе дар бораи ишқ суруд хонад, дар суруди ӯ лаҳза, воқеа, кирдори маҳбуба ё моҷаро мушаххасу муайян аст. Аммо аксари сурудҳои мо суханҳои обшуставу умумӣ дар мавриди меҳру вафову ҷабру ҷафо ҳастанд, баъзе таронаҳои Шумо ҳам. Шояд сарояндаҳои мо хондани ин гуна таронаҳоро дӯст доранд ё тақсир дар таронанависҳои мост?

2.orsu-isoev 2013-Узр, аммо захираи фарҳангии мо ончунон маҳдуд нест, ки мисли таронасароҳои рус рӯ биёрем ба вожаҳои техникиву терминҳои навтавлид. Зердевори ҳамаи таронаҳо бо тамоми забонҳо ҳамон ҷабру ҷафову меҳру вафост. Агар мисоле меовардед, инро собит мекардам. Якрангиро ман худам хуш намедорам ва алъон навиштаҳои чандинрӯзаи шуморо низ ба риштаи таҳрир бикашем, мутмаинам, ки ибораву ҷумласозӣ ва сабки навиштатон якрангӣ дорад!

Навҷӯӣ, навпардозӣ, навгӯӣ кори осон нест! Ҳамчунин бояд ҷузъиёти фарҳангиву суннатиро ба назар гирифт, чунки ҳеч сарояндаи мо наметавонад « Войди в меня» (суруди Ирина Аллегрова), «А у тебя СПИД» (таронаи Земфира), « Два кусочека колбаски» (суруди Алена Апина) -ро бо забони тоҷикӣ хонад!

Мо одат кардаем, ки доиман кӯчактарин иштибоҳро ба дунё овоза кунему аз муваффақиятҳо лаб фурӯ бандем!

-Аксари овозхонони маъруфи мо таронаҳои Шуморо сароидаанд. Аммо кӣ ва бо хондани кадом суруд ҳарфи Орзуро то ба шунаванда расонида тавониста?

-Намедонам кадомаш! Қиёсашон нахоҳам кард, зеро ин пурсиш масъалаи ҳамкориҳои ояндаамро зери суол мебарад. Аммо барои хунарманду беҳунар, овоздору беовоз навиштаам, зеро маҷбурам! Як зиндагонии орӣ аз ришва ва фасод маҷбурам мекунад, ки бинависам, барои се кӯдакам ризқи хома бидиҳам! Ман ҳунармандонеро, ки зинда сароида наметавонанд, «синтетики» меномам! Дар масъалаи таронаҳоям оҳангсоз Даврони Раҳматзод муқаддамтар аз ҳама ҳиссагузор аст, зеро маҳз оҳангҳои ӯро шумо дар иҷрои ҳар овоздору беовоз мешунавед!

-Таронаҳои киро гӯш мекунед?

- Гугушро

-Мегӯянд дар эҷод ҳар чизе фармоишӣ ё ба хотири чизеву касе бошад, табиӣ намебарояд. Аммо дар аксар маврид овозхон ба шоир фармоиш медиҳад, ки дар ин мавзуъ ё ба ин оҳанг тарона навис ва шоир менависад. Мумкин аст, ки шоир ба фармоиш ҳам шеър ё таронаи зебо гӯяд?

-Оре, фармоиш мешавад! Кулли шоирони барҷаставу номдорамон ҳам бо фармоиши партия китоб-китоб шеъру достон навиштанд! Ман, ки фармоишоти ошиқона мегирам на сиёсӣ, озодтарам! Бештар мо аввал иншо мекунем, оҳанг мебандем, баъд пешниҳод месозем!

-Боре шудааст, ки мунаққидони оҳангу суруд таронаҳои Шуморо нақд кардаву аз камбуду нуқсони он ҳарф зада бошанд?

-Намедонам, ки аз доираи адибон ё оҳангсозон кассе ба таронаҳои ман назари интиқодӣ карда бошад! Огоҳ нестам!

-Вақте таронаи «Блютус ҳуяй»-и Шабнаму Фарзона машҳур шуд, аз бисёриҳо шунидам, ки мегуфтанд, наивштани ин гуна таронаҳо обрӯи таронасароеро чун Орзу мекоҳонад...

-Ин ҳамонест, шумо гуфтед тавъам ба таронаҳои русӣ бошад! Он тарона чунин аст:

Телефон мунтазири зангат,

Ташнаи ҳарфои қашангат,

Бифирист акси дили тангат!

Баъдан, сленги лаҳҷавии «Блутуз хуяй» истифода шуд! Тақозои вазнии сатри сеюм аз ғунҷоиши оҳанг аст, зеро аввал оҳанг омода шуд, сипас матн ва дар қолаби як оҳанги матраҳ ҷо кардани матн ниҳоят мураккаб аст. Одамон сатри «Блутуз ҳуйяй»-ро дар доираи фаҳмишҳои инфиродии худ сари забонҳо кашиданд.

-Суоли охирин ин аст, ки оё Орзу аз фаъолият дар Тоҷикфилм каноатманд аст ё на?

Қаноатмандам, зеро таҳти назари шахси фарҳангӣ - Носир Саидов кор мекунам! Устодам аст, ҳодиву роҳнамунам аст. Фикр накунед, ки аз ҳисси талошмандии ҳарисона барои мавқеь ин ҳарфҳоро мегӯям. Ман бо Маҳмадсаид Пиров, Лутфулло Давлатов кор кардам ва эшон хуб медонанд, ки табиати ман орӣ аз маддоҳист! Носир барои ман намунаи барҷаставу фидокоре аз фарҳангиёни олам аст, бидуни он, ки бо ӯ кор мекунам ё не. Ман аз фаъолият дар Тоҷикфилм розиям!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi