Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
10 август суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.
Зимни он масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Русия оид ба натиҷаҳои асосии музокирот бо ҷониби ИМА маълумот дод. Пешвои миллат зимни изҳори сипос аз пешниҳоди маълумот аз талошҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои сиёсиву дипломатии ҳалли қазияи Украина пуштибонӣ карданд.
Ҳамзамон, омодагии ҷонибҳо барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Русия таъкид гардид.
Сарони давлатҳо нақшаи вохуриҳои дарпешистодаи сатҳи олиро ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ карданд.
www.president.tj