02:43:50 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Равшани Махсумзод: "Иллат дар тарғиб нашудани адабиёт аст"

-Мехостам дар оғози сӯҳбатамон андешаи шуморо дар хусуси вазъи насри муосири тоҷик бифаҳмам.

makhsumzod 2013212145-Солҳои охир оид ба бурду бохти адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла шохаи насри он, гапу калочаҳо зиёданд. Гоҳо чунин ба назар мерасад, ки касе бекор монд, дар ин хусус даҳони сӯҳбат мекушояд ва баҳудаю беҳуда адибонро наҳ мезанад. Бисёриҳо ноогоҳона, осори нависандагонро як сатр ҳам нахонда ба боғи наср санг меандозанд. Ба қарибӣ дар ҳафтаномаи бонуфузи "Минбари халқ" Тоҳир Рашидов ном муаллиф дар мақолаи худ ба таври қотеъона навиштааст, ки шеъру ҳикояҳои адибони муосир на танҳо пучу бемаъниянд, бал хонандаро аз роҳи рост мунҳариф месозанд. Магар чунин довариҳо аз рӯи адолат аст?

Албатта, дар ягон давру замон ва дар адабиёти ягон халқ чунин набуда, ки ҳама хуб ва олӣ нависанд. Адабиёт низ мисли ҳар соҳа бурду бохт, хубию бадиҳо дорад, зеро сухан вуҷуди зиндаест, ба осонӣ даст намедиҳад ба ҳар кас. Як ҳикоя ё қиссаи сустро хонда намешавад ба кулли адабиёт баҳо диҳӣ. Солҳои охир бинобар пайдо шудани матбааҳои зиёди хусусӣ ҳар касе пул дорад, чизҳои хому хаталаро низ чун моли адабиёт ба чоп расонда пешкаши хонанда, балки ба сараш бор мекунад. Чун низом иқтисоди бозоргонист пеши ин гуна ашхосро гирифтан низ душвор.

Аз ин нигоҳ моро нақди адабии қавӣ лозим аст то сараро аз сақат ҷудо карда, ҷилави ин гуна "корчаллонҳои адабиёт"-ро бигирад. Бо вуҷуди ин, агар ба адабиёти бист соли охир нек бингарем бисёр ҳикоя, қисса ва романҳое эҷод шуданд, ки бори адабиёт мекашанд ва ба хонанда ғизои маънавӣ мебахшанд. Аммо иллат дар тарғиб нашудани онҳост. Солҳои охир осори нависандагон аз ҷониби мунаққидону муҳаққиқони адабиёт хеле кам баррасӣ мегардад.

Имрӯз, дар замони сармоядорӣ, бинобар боло гирифтани ҳирси молу пулғундорӣ,  костагии завқи насли наврас ва паст рафтани мақоми сухан адабиёту ҳунар ба дастгирию тарғиб аз ҷониби давлат ниёз дорад. Хондан кори мушкил аст, заҳмат металабад ва аз ин ҷост, ки ҷавонон ба ҷойи китоб хондан ба тамошои филмҳои авомфиребонаю пур аз қатлу куштори хориҷӣ ва оҳангу мусиқии бемаънӣ рӯ овардаанд.

Мо бояд ҳанӯз дар боғча ва мактаб ба дили кӯдакон меҳри китобро ҷой кунем. Бубинед имрӯз ҷавонон барои тамошои як барномаи консертӣ 40-50 сомонӣ мепардозанд, аммо китоб намехаранду намехонанд. Ин ҷо ҳам айби волидайну мактаб ва ҳам аҳли ҷомеа аст, зеро ҷомеаи мо аз китоб дур шудан дорад. Имрӯз дар наклиёт ва ягон гӯшаи боғе нафари дар даст китобро дидан амрест муҳол.

-Солҳои охир навиштаҳои кадоме аз нависандагони тоҷикро хондеду писандатон афтод?

-Ҳар китобе ки дастрас мекунам ва ҳикояву қиссаҳои дар маҷаллаҳо ба табъ расидаро ба қадри имкон мехонам. Дар байни китобҳои охир хондаам романи "Шинак"-и Юнус Юсуфӣ писандам афтод. Романи хубу ихчамест аз рӯзгори мардуми кӯҳистон ва дар маҷмуъ миллати тоҷик, ки бо вуҷуди ҷабру зулми таърих, тохтутозу куштори аҷнабиён на танҳо забону фарҳанг ва ҳувияти миллиашро ҳифз кардааст, балки барои ғанӣ гардонидани маданияту урфу одати бегонагон, ҳатто душманони хеш нақши бориз доштааст. Забонаш пуробуранг. Китоби хубест барои тарбияи ҳисси хештаншиносию ватандорӣ. Агар то ҳол мутолиа накарда бошед, хонданашро тавсия медиҳам.

-Чаро адабиёти имрӯзаи мо хонанда надорад? Айб дар нависанда аст ё хонанда?

ӣ гуфт, ки адабиёти имрӯза хонанда надорад? Дорад. Агар шумо дар қиёс ба замони шӯравӣ гӯед, ин гапи дигар. Дар аҳди шӯравӣ адабиёт як рукни пурқуввати идеологияи замон буд ва коммунистҳо аз он фаровон истифода низ мекарданд. Шароити кору маош ва маишати адибон хуб таъмин мешуд, эшон гули сари сабади маҳфилҳо буданд, суханашон дар ҷомеа мисли сурб вазн дошт, эҳтиромашон дар ҳама ҷо ба ҷо оварда мешуд. Хуллас, адабиёту санъат, китоб ва фарҳанги китобхонӣ васеъ тарғибу ташвиқ ва ҳаматарафа дастгирӣ мегардид.

Бар замми ин нархи китоб ҳам барои зиёӣ, ҳам коргару деҳқон ва ҳам барои донишҷӯй дастрас буд. Ёд дорам, мо ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ, ки идрорпулиаш 40 сӯм буд, қариб ҳама китобҳои бадеии тозанашрро мехаридем. Оё имрӯз ба ин маоше, ки ағлаби мардум мегиранд ва ё идрорпулии хандаовари донишҷӯён имкони харидани китоб, ки нархаш аз 15-20 сомонӣ болост, мавҷуд ҳаст. Боз як парадокси дигари замони мо: мардуми пулдору доро завқи китоб хондан надораду шавқмандон имконияти харидан.

- Чӣ бояд кард?

- Аввал ҳама васоити ахбори омма, алалхусус телевизион бояд ҷиддӣ ба тарғиби китоб ва фарҳанги китобхонӣ машғул шаванд. Ҳама китобхонаҳои деҳот ва дӯконҳои китобфурӯшӣ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби ашхоси пулдор муфт харида ба ҳавлию мағозаҳои арақу колофурӯшӣ табдил дода шуданд ва ё аз беаҳамиятии масъулин валангор гаштанд, бояд аз нав барқарор кард. Шояд барои паст бурдани нархи китоб матбааю нашриёт ва мағозаҳои китоб аз андоз озод карда шаванд.

Дар замони шӯравӣ дар буҷети маҳаллӣ махсус моддае буд, ки ҷиҳати таъмин намудани китобхонаҳои деҳот бо китобҳои нав ҳар сол маблағи муайяне ҷудо карда мешуд. Аммо имрӯз бинобар кофӣ маблағгузорӣ нашудан солҳои сол ба ин китобхонаҳо адабиёти тозанашр ворид намегардад. Албатта, китоб нону шакару равған нест, ки мардум ҳар рӯз барои таъмин рӯзгори хеш бихаранд, Лекин инсон дар баробари шикам сер кардан ба ғизои маънавӣ низ ниёз дорад ва агар нархи китоб барои мардум дастрас бошад, ҳатман мехаранду мутолиа мекунанд.

-Чанд моҳ қабл дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Вазорати кишоварзӣ ва вазири он маҳфили шумо баргузор гардид. Ин ташаббуси вазорат буд?

-Ташаббускори он маҳфил Китобхонаи миллӣ, ҳайати эҷодии нашрияи "Дунёи китоб" ва шоир Хайрандеш буданд. Дар омади гап бояд зикр намоям, ки яке аз дастовардҳои назарраси фарҳангии даврони истиқлол бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст. Бинои боҳашамест бо технологияи навин таҷҳизонидашуда, дорои толорҳои боҳашамат, ки метавон ба сайёҳон ва меҳмонони хориҷа чун яке аз кохҳои шоёни таваҷҷӯҳи пойтахтамон нишон дод.

Дуюм, роҳбарияти ин даргоҳи илму маърифат таҳти сарварии адабиётшиноси маъруф Носирҷон Салимов ташаббуси наҷиберо пеша кардаанд, ки ҷиҳати тарғиби китобу фарҳанги китобхонӣ нақши муҳим хоҳад бозид. Дар китобхона пайваста семинарҳо, рӯнамои китобҳои тозанашр, мулоқот бо олимону адибони шинохта доир мегардад.

Ба хотири тарғиби китоб ва ҷалби доираи васеъи хонандагон ба китобхонӣ тасмим гирифта шудааст, то ҳар моҳ бо иштироки кормандони ин ё он вазорат ё корхона маҳфил доир гардад. Қаблан асари муҳокимашаванда дар шакли китоб ё  нусхаи электрониаш ба корхонаҳо ҷиҳати мутолиа фиристода мешавад. Сипас, дар ҳузури муаллиф онро баррасӣ мекунанд.

-Ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият кардан ба кори нависандагии шумо халал намерасонад?

-Дар оғоз ба ҳайси журналист фаъолият кардани адиби ҷавон ба фоидаи кор аст. Зеро ҳаррӯза навиштани хабару мақола ва мусоҳиба, ки касби журналистӣ тақозо дорад, барои рост шудани қалами ҷавонон кӯмак мекунад. Бар замми ин мулоқоту сафарҳои корӣ таҷрибаи зиндагӣ меандӯзонад, барои эҷоди ҳикоя маводи фаровон муҳайё месозад.

Аммо дуру дароз кор кардани нависанда дар рӯзнома ба манфиати кор нест, чунки рӯзноманигорӣ ноаён вақтро мехӯрад, навиштанро дилбазан ва имконияти эҷоди асарро маҳдуд мегардонад. Қариб ҳама нависандагони имрӯз баркамоли мо корро аз идораи рӯзнома оғоз кардаанд. Аммо онҳое ки сари вақт аз рӯзнома ба нашриёт ё маҷаллаҳои адабӣ гузаштаанд нисбат ба адибони ба қавле дар рӯзнома сари худро сафедкарда муваффақтаранд.

-Имрӯз, ки қариб ҳаққи қалам дода намешавад, шумо ба кадом хотир менависед?

-Насли мо, манзурам онҳое, ки аввали солҳои навад ба майдони адабиёт қадам гузоштаанд, дар оғоз аз ҳаққи қалам бенасиб буданд, зеро чун шӯравӣ барҳам хӯрд, додани ҳаққи қалам дар рӯзномаю маҷаллаю нашриётҳо аз байн рафт ё хеле кам дода мешуд. Метавон ин наслро қаҳрамон номид. Худатон қазоват кунед: ин насл ба ҷуз эҷоди асар, ки  корест сангин, худро ба сад дар зада, барои нашри он маблағ меҷӯянд. Худо ба дили шахсони савобҷӯю сармоядор раҳм андозаду китоб чоп шавад, масъалаи паҳн кардан, яъне ба дасти хонанда расонидани он низ ба дӯши муаллиф аст. Масалан, камина ду маҷмӯаи аввалини ҳикояҳоямро аз ҳисоби дар бозор фурӯхтани нӯшоба ба табъ расонидам.

Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ нашриётҳои мо ба замони бозоргонӣ мутобиқ нашуданд ва то ҳол асосан нақши матбааро мебозанд. Онҳо ба ҷойи он ки асарҳои хубро ба нашр расонида аз фурӯши он ҳам худ фоида бинанду ҳам ба муаллиф ҳаққи қалам диҳанд, аз муаллиф пул ситонида чун миёнрав китоби ӯро чоп мекунонанду ба дасташ медиҳанд. Имрӯз бисёр нашриётҳои давлатию шахсии мо ба ҳамин кор машғуланд. Дар кишварҳои дигар ноширон баъди чопи китоби нависандагон ҳаққи қалами калон медиҳанд то рӯзгори ӯ таъмин бошаду беташвиш ба эҷоди асари нав машғул шавад.

-Китоби "Пули Сирот"-и шумо чанд муддат пеш барои дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод шуда буд, аммо аъзои Раёсати ИН ба тарафдории шумо камтар овоз доданд. Хабари муваффақ нашуданатонро чи гуна қабул кардед?

-Агар аъзои раёсат ба чунин хулоса омада бошанд, пас қарори эшонро бояд эътироф кард. Аммо ман бовар надорам, ки он ҳабдаҳ нафари дар овоздиҳӣ ширкатдошта китоби бандаро хонда бошанд. Шумо метавонед барои санҷиш аз онҳо бипурсед. Чӣ илоҷ, тарзи баҳодиҳии мо ба ҳунар чунин аст…

-Шумо ба навиштаҳои Марямбонуи Фарғонӣ ва Насим Раҷаб, ки ҷоизаро соҳиб шуданд, ошно ҳастед?

-Бале, баъзе ҳикояву қиссаҳояшонро хондаам. Нависандаи бад нестанд онҳо. Алалхусус Насим Раҷаб, ки даҳсолаҳо боз дар собиқ рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло "Анбоз") ва маҷаллаи "Машъал" пурборона заҳмат мекашаду чандин насли кӯдакону наврасони мо бо ҳикояву қиссаҳои эшон тарбият ёфта, ба воя расиданд, сазовори қадрдонист.

-Имрӯз аксари адибон аз фаъол набудани мунаққидону муҳаққиқони адабиёт изҳори нигаронӣ мекунанд. То имрӯз чандин китоби шумо аз қабили "Қалами шинос", "Духтари кӯҳистон", "Сояи ишқ", "Кафан киса надорад" ва ғайраҳо ба табъ расидаанд. Оё онҳоро мунаққиде нақду баррасӣ кардааст.

-Чанд сол қабл мунаққиди чирадастамон шодравон Ҷӯрахон Бақозода мақолае навишта буданд. Адабиётшиноси шинохта Шамсиддини Солеҳ, адибон Абдуғаффори Абдуҷаббор ва Ворис доир ба китоби "Пули Сирот" андешаҳояшонро дар тақризҳои худ баён доштанд.

Аз камфаъолиятии мунаққидон гилаи адибон ҷон дорад. Имрӯз камандаркам адабиётшинос ва ё мунаққиде ёфт мешавад, ки пеши худ ягон китоби навро хонда, ба амри дилу тақозои касб онро холисонаю дилсӯзона аз ғалбери нақд гузаронида бошад. Чунин нафар нест гӯем ҳам иштибоҳ намешавад. Онҳо ё ба супориши Иттифоқи нависандагон ё худи муаллиф ва ё ба хотири ҳамшаҳрӣ ё ёру ошно будан ин корро анҷом медиҳанд.

Ин, албатта, хеле бад аст. Магар ба ин аҳвол адабиёт рушд мекунад? Шумо нағз медонед, ки эҷодгарӣ сирф кори фардист ва ҳар нависанда худаш медонаду қаламу маҳораташ. Агар  истеъдод модарзодӣ набошад, онро парвариш кардан корест душвор. Аммо гарм нигоҳ доштани муҳити адабӣ ва нақду баррасӣ намудани ҳатто як ҳикоя ба манфиати адабиёт ва муаллиф аст. Ба ин бештар адибони ҷавон, онҳое ки ба майдони адабиёт нахустин гомҳои хешро мегузоранд, эҳтиёҷманданд. Ҳатто як сухани ширин метавонад онҳоро дилгарм созад.

Устодони гузашта ҳамин бори гаронро ба дӯш гирифта, барои  дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон хизмати беминнат кардаанд ва барои пухта шудани ҳамқаламони худ зиёда заҳмат ба харҷ додаанд. Мо бояд ҳатман он мактаби устодиву шогирдӣ, ки Айнии бузургвор ба он поя гузошта буду сипас дар солҳои шастум Пӯлод Толис ва Фазлиддин Муҳаммадиев барин нависандагони чирадаст ва инсонҳои ҷонфидо идома бахшиданд, пойбарҷо нигоҳ дорем.

Ба назари банда ин мактаби устодию шогирдӣ солҳои охир хеле заиф гашта, рӯ ба таназзул ниҳодааст. Адибони имрӯз баркамоли мо, ки худ аз ин мактаби бузурги адабӣ баҳраҳо бардоштаанд, бепарвоӣ мекунанд. Нависандаи шинохтаи рус Валентин Распутин дар як мусоҳибааш аз зиёд хондани дастхат ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон андеша ронда мегӯяд: замоне устодон моро тарбия карданд, акнун ман дар навбати худ ҳамон қарзро ба адабиёт бармегардонам.

-Чанд рӯз муқаддам муҳаррири ҳафтаномаи "Азия плюс" Олга Тутубалина дар як мақолааш ҳине, ки дар бораи бархе аз зиёиёни тоҷик гап мезад, аз суханони Владимир Ленин "Зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосатанд" истифода кард. Шумо дар мавриди зиёиёни тоҷик чӣ андеша доред?

- Дар хусуси он ҷумлаи доҳии пролетарҳои ҷаҳон Владимир Ленин, ки соли 1919 дар ҷавоб ба мактуби нависандаи бузурги рус Максим Горкий гуфтааст, баъзе нофаҳмиҳо ҳаст. Бисёриҳо дар он андешаанд, ки гӯё Ленин - яке аз намояндаи пешқадами зиёиёни рус нисбат ба аҳли зиё мутанаффир будааст.

Ин фикр билкул ғалат аст. Ленин дар он мактубаш ба Горкий, ки аз ҳабс шудани чанд нафар олимони шинохта ва зиёиёни пешқадам бинобар мансубияташон ба ҳизби кадетҳо норозӣ буд, дар ғазаб мешавад. Кадетҳо тарафдори шоҳигарӣ буданд ва инқилоби болшевикиро қабул надоштанд. Ленин дар он мактуб аз ҷумла менависад: аз ҳисоби коргару деҳқон насли нави  аҳли зиё месабзад ва дар муборизаҳо ҷиҳати сарнагун сохтани буржуазияву шарикони онҳо, зиёичаҳову косалесони олами сармоя, ки худро мағзи миллат мепиндорад, пурқувват мешавад. Аммо дар асл онҳо на мағз, балки г…анд".

Воқиан, мо дар давлати демократӣ ҳаёт ба сар мебарем ва ҳар кас метавонад барои беҳбудии кор ибрози андеша намояд. Ин ягон ҷойи бадӣ надорад, зеро беҳуда нагуфтаанд ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад. Ҳарчанд оҳанги гуфтори Олга Тутубалина дар он мақола бисёр дағал ва ба одоби журналистӣ мувофиқ набуд, аммо андешаашро дар хусуси бетараф, камфаъол ва баъзан дурӯягии бархе аз намояндагони аҳли зиё, ки шиорашон гӯр сӯзаду дег ҷӯшад аст, фаҳмидан мумкин.

Мардуми оддӣ дар симои зиёиён виҷдони ҷамъиятро мебинанд ва ҳамеша мехоҳанд эшон аз дарду ранҷ ва мушкилоти онҳо ҳарф зананд, дар ҳалли он саҳм бигиранд. Аммо зиёиёни мо бинобар дастнигар, дасткӯтоҳ ва мӯҳтоҷ будани хеш ин рисолатро пиёда карда наметавонанд. Дар замони шӯравӣ намояндаи пешқадами зиёиён муаллимон ва пизишкон ба ҳисоб мерафтанд. Имрӯз онҳо чӣ ҳол доранд? Муаллим аз назари донишҷӯю талабаи мактаби миёна як шахси порахӯру тамаъҷӯй ва духтурон барои бемор қариб ба ғоратгар табдил ёфтаанд. Беҳуда имрӯз дар байни мардум мақоле пайдо нашудааст: Худо гӯй, ки корат ба духтуру милиса наафтад.

-Дар анҷоми сӯҳбатамон мегуфтед, ки имрӯзҳо чӣ менависед?

-Қиссае аз ҳаёти як ҷавонзан, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо вуҷуди сахтию азобҳо иффати худро аз даст надода, барои аз дасти яроқбадастон халос кардани шавҳари хеш мубориза мекунад, аммо оқибати кор аз шавҳар бевафоию тӯҳмату таҳқир мебинад.

- Барои сӯҳбат ташаккур.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi