20:46:27 08-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

“Diplomat”: Пули газ Тоҷикистонро ё мешукуфонад, ё... Иқтисод 07.06.2013 10:46 5706
Маҷаллаи “Diplomat” мегӯяд, фоидаҳои газ дар оянда метавонад Тоҷикистонро дар муқобили чолишҳои нав қарор диҳад, вале аз худи Душанбе вобаста аст, ки ин миллиардҳо кишварро ба кадом самту сӯ хоҳанд бурд.Маҷаллаи “Diplomat”, як нашрияи махсуси таҳқиқи равобити байналмилалӣ дар Осиёву Уқёнусия, дар матлабе таҳти ...
Тамоми парвандаҳои Зайд Саидовро ба Ожонси зиддифасод супурдаанд Сиёсат 07.06.2013 10:43 1043
Тамоми парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов, аз ҷумлаи парвандаи бисёрзаниро ҳам ба Ожонси мубориза бо фасод супурдаанд.Вакилони мудофеъи соҳибкори боздоштшуда рӯзи 6 июн ба мо гуфтанд, ки таҳқиқи тамоми парвандаҳои марбут ба Зайд Саидов дар ҳоли ҳозир пурра дар ихтиёри Ожонси мубориза бофасод қарор гирифтааст.
Бонки Осиёии Рушд аз тарҳи CASA-1000 хориҷ шуд Хабар 07.06.2013 10:41 905
Нашрияи “The Express Tribune” дар мақолае навиштааст, ки Бонки Осиёии Рушд аз иҷрои тарҳи CASA-1000канорагирӣ кардааст ва сабаби онро нигарониҳои амниятӣ дар Афғонистон медонад. Аз ин тарҳ Амрико ҷонибдорӣ мекунад.Қарор аст, ки тавассути хати CASA-1000, ки аз қаламрави Афғонистон мегузарад, 1300 мегаватт нируи барқ ...
Як қисмати роҳи Душанбе - Ҷиргатолро ҳам ба IRS додаанд Иҷтимоъ 07.06.2013 10:39 917
IRS ва «Ғаюр-1», ду ширкати раҳсозӣ дар тендере, ки ҳукумати Тоҷикистон барои нигаҳдории ду қитъаи «Ваҳдат-Ҷиргатол-марзи Қирғизистон» эълон карда буд, пирӯз омаданд.
Раиси ҷумҳури Русия баъд аз 30 сол аз занаш ҷудо шуд Хабар 07.06.2013 10:37 999
Шоми рӯзи панҷшанбе Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия бо занаш Людмила Путина аз шабакаи телевизионии “Россия-24” эълон карданд, ки ба зиндагии оилавии худ хотима медиҳанд. Тавассути матбуот ин нахустин эътирофоти Путин аз зиндагии хусусиаш аст.
"Занги камолот" дар мактабҳои Тоҷикистон садо дод Хабар 07.06.2013 10:35 906
Имрӯз, ҷумъаи 7-уми июн дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон «Занги камолот» садо дод. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар додааст, ки ин маросим дар тамоми мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар аз соати 8:00 –и субҳи 7 июн шуруъ гардида, як соат давом кард.
Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд Дин ва ҷомеъа 06.06.2013 12:45 5890
Оё баъзе воизону домуллоҳо воқеъан ҳам барои мавъизаҳои худ пул талаб мекунанд? Як рӯйдоди ҷузъӣ Абдулҳамид, сокини ноҳияи Ҳамадониро, ҳайратзаву саргум кард. Ӯ мегӯяд, ки ду ҳафта пеш ҳамроҳи бародараш ба як ноҳияи атрофи шаҳри Қӯрғонтеппа рафтанд, то домуллоеро барои мавъиза дар сӯри арӯсии духтараш даъват кунанд.
Дилшод Раҳимов: "Тоҷикатлас" аз ман буд, на аз Зайд Саидов Сиёсат 06.06.2013 12:42 1095
Дилшод Раҳимов мегӯяд, корхонаи “Тоҷикатлас”-ро дар вақташ ӯ харида ва фурӯхтааст, на Зайд Саидов. Дилшод Раҳимов, соҳибкори тоҷик ва бародарзодаи вазири собиқи саноат Зайд Саидов мегӯяд, Низомхон Ҷӯраев қазияи харидуфурӯши корхонаи “Тоҷикатлас”-ро нодуруст тафсир мекунад.
Муассисаҳои Тоҷикистон тӯъмаи рахнагарони интернетӣ шудаанд Иҷтимоъ 06.06.2013 12:39 888
Ширкати Касперски, аз офарандагони антивирусҳо мегӯяд, як шабакаи ҷосусии маҷозиро ошкор кардааст, ки аз дер боз ба дуздидани иттилоот аз муассисаҳои давлативу ширкатҳои хусусӣ машғул будаанд.
Дар маҳбасҳои Эрон 25 тоҷикистонӣ зиндонӣ ҳастанд Хабар 06.06.2013 12:37 816
Ҳудуди бисту панҷ тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон зиндонӣ ҳастанд. Як намояндаи баландпояи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, рӯзи 6-уми июн ба мо гуфт, ҳудуди 25 тан аз шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Теҳрон давраҳои ҷазои худро паси сар мекунанд.