17:43:41 08-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Барзу Абдураззоқов: Боздошти Зайд як амали нангин аст Хабар 23.05.2013 12:38 970
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, таъқиби Зайд Саидовро ҳамчун як “амали нангин” маҳкум кард ва гуфт, мехоҳад роҷеъ ба ин қазия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунад.
Баҳси қазияи Зайд Саидов дар мулоқоти ёвари дабири кулли СММ бо Рамазон Раҳимов Сиёсат 23.05.2013 12:35 1072
Ёвари дабири кулли СММ Иван Шимонович қазияи Зайд Саидовро бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов дар миён гузошт.
АКСҲО АЗ НАМОШНОМАИ «МУФАТТИШ»-И НИКОЛАЙ ГОГОЛ Аксҳо 23.05.2013 12:02 4440
Рӯзи 21-уми май хатмкунандагони Донишкада таҳти раҳбарӣ ва коргардонии устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва устоди театри тоҷик Шералӣ Абулқайсов асари безаволи нависандаи бузурги рус Н.В. Гогол «Муфаттиш»-ро рӯи саҳна оварданд.
АКСҲО АЗ НАМОИШНОМАИ «ДУХТАРИ БЕБИСОТ»- Н. ОСТРОВСКИЙ Аксҳо 23.05.2013 11:52 4388
Рӯзи сеюм аст, ки дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳутӣ ба санҷишгоҳ ва ҷои гирифтани имтиҳонҳо табдил ёфтааст.
АКСҲО АЗ АНҶУМАНИ ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН Аксҳо 23.05.2013 11:36 4282
21-уми май, бо ибтикори Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Афғонистон дар толори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси ниёгони АИ Тоҷикистон мулоқоти аъзои раёсати ин Анҷуман бо Омина Афзалӣ, вазири кор, умури иҷтимоӣ, шуҳадо ва маълулини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар як сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Боздошти Зайд Саидов расман тасдиқ шуд Сиёсат 20.05.2013 22:40 1334
Мақомоти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шоми 20 май ба вакилони дифоъи Зайд Саидов эълон кардаанд, ки ӯ дигар расман таҳти боздошт қарор дорад. Маъмурони Ожонси мубориза бо фасод, ҳамин тавр, рӯзи 20 май ба кофтукоби манзилҳои Зайд Саидов идома додаанд.
Расонаҳо: Русия мехоҳад, “Окно”-ро тақвият диҳад Иҷтимоъ 20.05.2013 22:36 1143
Вазорати дифои Русия тасмим гирифтааст, шумораи низомиёнашро дар маркази дидбонии кайҳонии “Окно” зиёд кунад ва дар ин ҷо як ротаи “илмӣ” таъсис диҳад.Бино бар хабари шабакаи “Вести”-и Русия, шумораи низомиёни ин кишвар дар маркази оптикию электронии ...
Сафари Раҳмон ба Чин. Ҷалби ҳимоя ё сармоя? Сиёсат 20.05.2013 22:33 1084
Ҳангоми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин, ки охирин боздидаш дар ин давраи раёсати ҷумҳуриаш аст, қарордодҳои чанд миллиондолларӣ имзо шуд. Ҷумҳурии Чин шояд ягона кишваре аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳар сафараш ...
Шӯрои ҲНИТ: Боздошти Зайд Сайидов иқдоми ҳадафмандона аст Хабар 20.05.2013 22:31 1024
Шӯрои Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо пахши изҳороте боздошти Зайд Саидов, раиси гурӯҳи мубтакирони ҳизби "Тоҷикистони нав" -ро як иқдоми "сирф сиёсӣ" хондааст ва онро муғойир бо қавонини кишвар ва фарҳангӣ сиёсӣ донистааст.
Маҷлиси Душанбе дахлнопазирии Зайд Саидовро лағв кард Сиёсат 20.05.2013 17:33 1094
Ба пешниҳоди муовини додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидов, вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе дахлнопазирии вакили ин маҷлис Зайд Саидовро бекор карданд. Як вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 20 май ба мо ин хабарро тасдиқ кард.