18:50:53 14-уми Июни 2026 сол

Хазина аз

Дабири кулли СММ рӯзи 28 апрел аз Украина дидан мекунад Равзана ба ҷахон 24.04.2022 20:50 490
"Дабири кулл ҳафтаи оянда аз Украина боздид мекунад. Вай бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷа мулоқоти корӣ баргузор мекунад ва рӯзи 28 апрел аз ҷониби президент Владимир Зеленский ба ҳузур пазируфта мешавад", — омадааст дар матн.
ЭРДУҒОН МЕХОҲАД ДАР ОЯНДАИ НАЗДИК БО ПУТИН ВА ЗЕЛЕНСКИЙ СӮҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНӢ АНҶОМ ДИҲАД Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:46 449
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия эълом дошт, ки мехоҳад дар рӯзҳои наздик бо раҳбарони Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский гуфтугӯи телефонӣ анҷом диҳад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС хабар медиҳад.
ЗАХАРОВА ГУФТ, КИ ТАҚСИМИ СИЛОҲ АЗ ҶОНИБИ КИЕВ БА АҲОЛӢ БА БЕСАРУСОМОНИИ ИДОРАНАШАВАНДА ТАБДИЛ ХОҲАД ЁФТ Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:45 436
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова гуфт, ки режими Киев ба мардуми осоишта тақрибан 300 000 аслиҳаи тирандозӣ додааст ва ин ҳолат метавонад бесарусомонии идоранашавандаро ба вуҷуд орад.
РАҲБАРИ ШӮРОИ АВРУПО АЗ ПУТИН ДАЪВАТ КАРД, КИ МУСТАҚИМАН БО ЗЕЛЕНСКИЙ ТАМОС БИГИРАД Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:43 451
Раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел зимни як сӯҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин аз ӯ хост, ки мустақиман бо раҳбари Украина Владимир Зеленский сӯҳбат кунад. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба як манбаъ дар Шӯрои Аврупо хабар медиҳад.
ГУРЕЗАГОНИ АФҒОН АЗ ОЛМОН ИХРОҶ КАРДА ШУДАНД, ТО ҶОЙ БАРОИ УКРАИНИҲО ФАРОҲАМ КУНАНД Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:42 426
Садҳо оилаи афғон, ки моҳи августи соли гузашта ба Олмон омада буданд, маҷбуранд макони зисти худро тарк кунанд, менависад Foreign Policy. Мақомоти Олмон онҳоро ихроҷ мекунанд, то барои гурезаҳои аз Украина воридшуда ҷой ҷудо кунанд.
ҚОДИРОВ БА ХАБАРҲО ДАР БОРАИ НАҚШАИ КУШТАНИ ЗЕЛЕНСКИЙ ПОСУХ ДОД Хабар 23.04.2022 22:40 385
Раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар Telegram канали худ паёмҳоеро, ки гўё ў раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленскийро "ќасди куштан" дошта бошад, масхара кард.
ҶОНСОН АЗ ОМӮЗИШИ САРБОЗОНИ УКРАИНӢ АЗ ҶОНИБИ БРИТОНИЁ ВА ЛАҲИСТОНРО ЭЪЛОН КАРД Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:39 432
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки артиши Бритониё ва Лаҳистон "даҳҳо" сарбозони украиниро барои кор бо мошинҳои зиреҳпӯш ва системаҳои зиддиҳавоӣ таълим медиҳанд, хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба "The Guardian".
Байден боз бо марди ноаён даст фишӯрд Хабар 23.04.2022 22:39 393
Сарвари Кохи Сафеди Амрико Ҷо Байден бори дигар мардумро ба ҳайрат овард. Раисиҷумҳури ИМА суханрониашро дар шаҳри Сиэтл анҷом дода, бори дигар дасти худро барои дастфишурӣ ба ҳеҷ куҷо дароз кард.
Ҳукумати Ҷопон сарпечӣ аз хуруҷи тарҳи Сахалин-2-ро шарҳ дод Равзана ба ҷахон 23.04.2022 22:39 443
Ҷопон аз тарҳи нафту гази Сахалин-2 ба далели бими он, ки ҷои онро давлати дигар иваз кунад, хориҷ нахоҳад шуд. Дар ин бора вазири иқтисод, савдо ва саноат Коичи Хагиуда дар ҷаласаи ҳукумат изҳор дошт, хабар медиҳад Санкей.
ВАО: Ҳиндустон содироти чой ва маҳсулоти ғизоӣ ба Русияро аз сар гирифт Хабар 23.04.2022 22:39 397
Ҳиндустон содироти чой, биринҷ, меваҷот, қаҳва ва маҳсулоти баҳриро ба Русия аз сар гирифт. Контейнерҳои ин колоҳои ҳиндӣ ҳафтаи гузашта ба воридкунандагони Русия фиристода шуданд, хабар медиҳад "The ​​Economic Times".