06:37:34 14-уми Июли 2026 сол

Тирезаҳои сеҳрнок: Чӣ тавр хонаи шумо худаш барқ истеҳсол мекунад?

Панелҳои офтобии сиёҳу калонро дар болои бомҳо фаромӯш кунед. Ояндаи энергияи сабз дар тирезаҳои хонаи шумост!

tirezahoi oftobi 5655665Олимон панелҳои офтобии комилан шаффоф (Transparent Solar Panels) сохтаанд, ки онҳоро ба ҷои шишаи оддии тиреза истифода бурдан мумкин аст. Ин шишаҳо рӯшноиро ба осонӣ аз худ мегузаронанд ва ба рӯшноии хона халал намерасонанд. Аммо дар айни замон, онҳо нурҳои ултрабунафш (инфракрасный)-и офтобро ҷабб карда, онро ба қувваи барқ табдил медиҳанд.

Чаро ин муҳим аст?

Бо ин технология ҳар як бинои баландошёна ва ҳар як хона ба як неругоҳи хурди барқӣ табдил меёбад. Ин хароҷоти барқро барои сокинон хеле кам карда, сайёраро аз ифлосиҳо наҷот медиҳад.

Суол ба хонандагон: Агар тирезаҳои хонаатон барқ истеҳсол мекарданд, пули барқи сарфашударо ба чӣ сарф мекардед? 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ