ИЗҲОРОТИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ "РОҒУН"
Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як баёния аз интишори маълумоти «таҳрифомез» дар матбуоти баъзе кишварҳои минтақа дар бораи «Роғун», изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар бунёди ин нерӯгоҳ манфиати ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои минтақа ба назар гирифта шудааст ва Тоҷикистон омодааст бо кишварҳои ҳамсоя дар ин росто ҳамкории бештаре дошта бошад.
Дар ин баёния аз ҷумла омадааст: «Вақтҳои охир дар васоити ахбори оммаи баъзе кишварҳои минтақа маълумоти таҳрифомез дар мавриди лоиҳаи бунёди НОБ Роғун паҳн карда мешавад. Бояд мавқеи тағйирнопазири роҳбарияти Тоҷикистонро дар мавриди он қайд намуд, ки татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ ва дар навбати аввал анҷом додани сохтмони НОБ Роғун бо назардошти манофеи умумимиллӣ ва минтақавӣ сурат гирифта, Тоҷикистон тайёр аст, ки дар ин масъала бо ҳамсояҳояш ба таври зичтарин ҳамкорӣ намояд. "
Дар ин изҳорот аз ҷумла зикр шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба паймонҳои байналмилали дар замина пойбанд буда бо СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ ҳамкориҳои худро идома медиҳад: "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мувофиқа бо мушовирони байналмилалӣ, гурӯҳи коршиносон ва мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтмони тамоми маҷмӯи лоиҳаро баррасӣ менамояд".
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон барои анҷоми арзёбӣ, бо мушовирони байналмилаӣ кӯмак намуда интизори натиҷаи таҳқиқи байналмилалӣ мешавад ва то он замон корҳои тармиму таҷдидро дар ҳудуди ин нерӯгоҳ роҳандозӣ мекунад: "Тоҷикистон барои анҷоми муваффақонаи арзёбӣ ба мушовирони байналмилалӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда ва интизори натиҷаи таҳқиқи байналмилалӣ шуда, ҳамзамон корҳои тармиму таҷдидро дар ҳудуди НОБ Роғун роҳандозӣ мекунад."
«Озодӣ»
Шарҳҳо
Мы Все Таджики тоже подерживаем ! Хабиба и в его Лицо Рогун-геса !
RSS Обуна