03:10:39 02-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

СММ: "ДАР МАСЪАЛАИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ БЕТАРАФ НЕСТЕМ" Сиёсат 19.01.2012 20:51 1271
Масъули Барномаи рушди СММ дар Душанбе гуфт, нисбат ба мушкили миёни Тоҷикистону Узбакистон бетараф нестанд. Александр Зуев ин мавзӯъро дар нишасти хабарие, ки ба бист соли ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон ихтисос дошт, баён кард.
ЭРОН: ИНТИХОБОТ НАЗДИК МЕОЯД, ФИШОРҲО МЕАФЗОЯД Равзана ба ҷахон 19.01.2012 20:48 1148
Бо наздик омадани интихоботи порлумонӣ дар Эрон фишор болои рӯзноманигорону фаъолони сиёсӣ бештар мешавад. Мақомоти амниятии Эрон 16 январ дар Теҳрон рӯзноманигор ва блогнавис Парасту Дукоҳакиро дар хонааш боздошт ...
РЕЙТИНГИ НАВИ ФИФА. ТОҶИКИСТОН ЯК ЗИНА ПОИН РАФТ Ҷавонон ва варзиш 19.01.2012 20:44 1294
Тоҷикистон дар феҳристи навини Федератсиюни байнулмилалии футбол як зина поин рафта, 140-ум шуд. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин аз Туркманистону Қирғизистон пеш аст.
ТОҶИКИСТОН САРТАРОШИДАҲОИ РУСРО МЕҲМОНДОРӢ КАРДАНИСТ Иҷтимоъ 19.01.2012 16:51 1155
Хадамоти муҳоҷират мехоҳад, нажодпарастони русро ба ҷашнворае дар Тоҷикистон даъват кунад. Намояндаи ин ниҳоди Тоҷикистон Туғрал Хайруллоев ба Бахши русии Би-би-сӣ гуфтааст, “ин афрод бояд ба кишвари мо оянд, онро бубинанд, бо мардум вохӯранд ...
“ВАЗОРАТИ ОБ “БАРҚИ ТОҶИК”-РО ВАРШИКАСТА МЕКУНАД” Иҷтимоъ 19.01.2012 16:48 1071
Вазорати обу обёрии Тоҷикистон аз бузургтарин бидеҳкорони ширкати “Барқи тоҷик” маҳсуб шуда ва мизони бидеҳиҳои он болиғ ба 180 милюн сомониро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи ...
ДУ ҲАЗОР ДОЛЛАРЕ, КИ "НАСИБ"-И ПРОКУРОР НАШУД Хабар 19.01.2012 16:45 1234
Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Суғд аз боздошти як додситон ё прокурор ба гумони ришваситонӣ хабар дод. Манобеи Оҷонси зидди коррупсия мегӯянд, кормандони ин ниҳод рӯзи 16 январ М.Б., корманди Додситонии вило - яти Суғдро ба гумони ришваситонӣ ...
"СASA-1000". ТАРҲИ МУҲИМ, АММО ҲАНӮЗ ДАР КОҒАЗ Иҷтимоъ 19.01.2012 16:43 1018
Ба зудӣ Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон иҷрои тарҳи "CASA-1000"-ро баҳс хоҳанд кард. Бино ба хабари расонаҳои покистонӣ, намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон аз 30 январ то 2 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри ...
АКСҲОИ БАРАҲНА ВА ҶАНҶОЛОФАРИНИ ГУЛШЕФТА Хабар 19.01.2012 16:40 1251
Акси бараҳнаи Гулшефтаи Фароҳонӣ, як ҳунарпешаи эронӣ дар маҷаллаи фаронсавии Le Figaro баҳсеро дар ҷомеаи Эрон ба по кардааст. Вебсайти фаронсизабоне низ ин ҳафта клипи видеоиро рӯи саҳфаи худ гузошт, ки дар он ҳафт бозигари номзад ба ҷоизаи ...
ВАЗИРИ НАВ ВАКИЛОНРО БО ИСЛОҲОТИ МАОРИФ ОШНО КАРД Хабар 19.01.2012 16:38 967
Нуриддин Саидов, вазири тозатаъини маорифи Тоҷикистон, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон аз нақшаҳояш барои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ҳарф зад.
ПУЛ РАФТ БА ЯҒМОВУ ВАЗИР ХАБАР НАДОРАД... Сиёсат 19.01.2012 14:37 1088
Бештар аз як миллион сомонӣ изофанависӣ ё дуздии пули сохтмонҳои ҷашнӣ дар соли гузашта ошкор гардидааст. Ба қавли Абдувалӣ Комилов, раҳбари Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, изофнависӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба қайд гирифта ...