17:05:19 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Идомаи тазоҳуроти хушунатбор дар Истамбул Хабар 05.06.2013 11:15 741
Пулиси Истамбул ба муқобили тазоҳуркунандагон, ки рӯзи 1 июн дар майдони марказии Тақсим гирди ҳам омада буданд, аз мошинҳои обпош ва гази ашковар истифода бурд. Тибқи иттилои Associated Press аз тариқи пули Босфор ҳудудан 500 нафар ба самти майдони Тақсим ҳаракат карданд, вале ба муқовимати пулис рӯ ба рӯ гаштанд. ....
Ҳалокати одамон бар асари гармии моҳи май Хабар 05.06.2013 11:14 755
Тибқи иттилои департаменти ҳолатҳои фавқулоддаи вазорати корҳои дохилии Ҳиндустон зарфи ду моҳи охир дар ин кишвар ҳудудан 500 нафар бар асари гармои тақатшикан ҷони худро аз даст доданд.
Хуруҷи бемории меъдаи Зайд Саидов Хабар 05.06.2013 11:13 762
Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик, ки аз 19 май ба инҷониб дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, аз интизории шахси зерҳимояашон ба муоинаи табибон хабар додаанд.
Чархболи президенти Эрон ба садама дучор шуд Хабар 05.06.2013 11:11 760
Расонаҳои эронӣ аз садамаи чархболи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дар баландиҳои кӯҳи Албурз хабар доданд.
Намоишҳои эътирозӣ 67 шаҳри Туркияро фаро гирифтанд Хабар 05.06.2013 11:09 719
Дар ҷараёни беназмиҳо дар Туркия бештар аз 1700 нафар боздошт шуданд, вале намоишҳои эътирозӣ ба сурати пароканда ҳамоно идома доранд. Дар ин бора рӯзи душанбе France-Presse истинодан ба вазири умури дохилии ин кишвар Муаммар Гюлер иттилоъ дод. Вазир гуфтааст, ки аксари дастгиршудагон баъди сӯҳбатҳои муқаддамотӣҷавоб дода шуданд.