Хазина аз
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад
Иҷтимоъ
13.02.2015 20:14
1009
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Ҳисобҳои бонкии “Babilon-M” муваққат озод хоҳанд буд
Иқтисод
13.02.2015 20:12
1230
Кумитаи андози Тоҷикистон муваққатан аз даъвояш барои бастани суратҳисобҳои ширкати "Babilon-M" дар бонкҳои кишвар гузаштааст. Додгоҳи олии иқтисодӣ аз онҳо хостааст, то анҷоми баҳс сабр кунанд.
Эрон: Поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст
Хабар
13.02.2015 20:11
973
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.
Овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов
Равзана ба ҷахон
13.02.2015 20:09
1167
Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Ислом Каримов ва ҳатто ба кома афтодани ӯҳадсзаниҳо дар бораи ояндаи тахти раҳбарии Узбакистонро бештар кардааст.
Аз 100 то 15 ҳазор доллар. “Ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои Тоҷикистон
Хабар
13.02.2015 20:07
851
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.
FBI ба таҳқиқи куштори 3 мусалмон дар Амрико пардохт
Хабар
13.02.2015 20:06
878
Се мусалмоне, ки дар вилояти Каролина, дар шимоли Амрико аз тири як марди 46-сола кушта шуданд, рӯзи панҷшанбе тайи як маросим, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд, ба хок супурда шуданд.
Ҳалокати Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ - воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия
Хабар
13.02.2015 20:04
1013
Дар Интернет хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик, бо шумули Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ, як воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия, нашр шудааст.
Даъвати ҲНИТ ба раҳоии "ҳарчӣ зудтар"-и Ҷалолиддини Маҳмуд
Сиёсат
11.02.2015 20:49
1108
Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд)-ро пеш аз интихоботи парлумонӣ "тарҳрезишуда" ва "сиёсӣ" донист ва хостори раҳоии ҳарчӣ зудтари ӯ шуд.Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри 11 феврал бо баргузории нишасти ...
Оҷонсии нафақа: "Нафақаи Ҳукуматулло 8400 сомонист, на 18 000"
Иҷтимоъ
11.02.2015 20:47
1060
Сафаралӣ Наҷмиддинов, раиси Оҷонсии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва суғуртаи Тоҷикистон рӯзи 11 феврал дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон эътироф кард, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 13 нафар нафақаи баланди маюъбӣ мегиранд.
“East Air”: Сари моро нархи арзон "хӯрд"
Иқтисод
11.02.2015 20:45
1310
Масъулони ширкати “East Air” мегӯянд, ширкатҳои рақиб "East Air”-ро барои нархи арзони парвозҳояш аз бозор ронданд. Мақомот аммо мегӯянд, East Air” бояд барои идомаи парвозҳо чархи ҳавопаймоҳояшро нав мекард.