15:09:50 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

Тағйири кадрӣ дар Кумитаи дин, Донишкадаи Исломӣ ва ТАЛКО Иҷтимоъ 13.02.2015 20:18 883
Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон Сулаймон Давлатов, ки то ҳоло раёсати Донишкадаи Исломиро бар дӯш дошт, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон таъин шуд. Вай дар ин мақом Абдураҳим Холиқзодаро иваз кард.
Раиси КМИР навори “ҷангу сулҳ”-и ҲНИТ-ро хилофи қонуни интихобот гуфт Сиёсат 13.02.2015 20:16 1016
​Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон навори таҳиякардаи Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи онҳо бозгӯ мекунад, хилофи қонуни интихобот донист.
Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад Иҷтимоъ 13.02.2015 20:14 988
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣқарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.
Ҳисобҳои бонкии “Babilon-M” муваққат озод хоҳанд буд Иқтисод 13.02.2015 20:12 1212
Кумитаи андози Тоҷикистон муваққатан аз даъвояш барои бастани суратҳисобҳои ширкати "Babilon-M" дар бонкҳои кишвар гузаштааст. Додгоҳи олии иқтисодӣ аз онҳо хостааст, то анҷоми баҳс сабр кунанд.
Эрон: Поёни умри "Давлати исломӣ" наздик аст Хабар 13.02.2015 20:11 957
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи Посдорони Эрон гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар созмонҳои ба гуфтаи ӯ "террористӣ" дар Ироқ ва Сурия, ба поёни умри худ наздик мешаванд.
Овозаҳо дар бораи вазъи саломатии Ислом Каримов Равзана ба ҷахон 13.02.2015 20:09 1138
Овозаҳо дар бораи бад шудани саломатии Ислом Каримов ва ҳатто ба кома афтодани ӯҳадсзаниҳо дар бораи ояндаи тахти раҳбарии Узбакистонро бештар кардааст.
Аз 100 то 15 ҳазор доллар. “Ҳаҷм”-и ришва дар мактабҳои Тоҷикистон Хабар 13.02.2015 20:07 836
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ришвахорӣ дар бахши маорифи Тоҷикистон “решаву патакреша”-ҳои зиёде давонда, бино ба таҳқиқи онҳо, “ҳаҷм”-и он дар мактабҳои олии кишвар аз 100 то 15 ҳазор доллар будааст.
FBI ба таҳқиқи куштори 3 мусалмон дар Амрико пардохт Хабар 13.02.2015 20:06 857
Се мусалмоне, ки дар вилояти Каролина, дар шимоли Амрико аз тири як марди 46-сола кушта шуданд, рӯзи панҷшанбе тайи як маросим, ки дар он беш аз 5 ҳазор нафар ширкат доштанд, ба хок супурда шуданд.
Ҳалокати Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ - воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия Хабар 13.02.2015 20:04 989
Дар Интернет хабари ҳалокати 4 ҷангии тоҷик, бо шумули Абӯ Муҳамммад Ат-Тоҷикӣ, як воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия, нашр шудааст.
sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854