Хазина аз
Обу ҳавои чоршанбе, 14-август
Хабар
13.08.2019 17:01
734
Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар рўзҳои 14-16 август дар ҷумҳурӣ (ба истиснои ВМКБ) ҳавои ноустувор пешбинӣ мешавад.Шамол аз самти ғарб бо шиддати то 15-20 м/с вазида, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш аз 5 то 80коҳиш меёбад.
АСҲОБИ КАҲФ
Дин ва ҷомеъа
13.08.2019 15:51
2658
Достони Асҳоби каҳф дар адабиёти бадеии миллатҳои мусулмон, бахусус адабиёти давраи исломии форсу тоҷик бозтоби густардае ёфтааст. Дар адабиёти тасаввуфии мусулмонон ба Асҳоби каҳф ба ҳайси мазҳари камол, таҷаллии сифоти ҷавонмардони соҳибдил, аҳли футувват ва бандагони солеҳ менигаранд ва онҳоро ба унвони намунаи инсони раҳёфта мепазиранд.
Баррасии таҳкими ҳамкориҳои бунёди марказҳои ташхису табобат дар Хатлон
Иҷтимоъ
13.08.2019 15:03
806
Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд дар Хатлон мақомоти ин вилоят бо ширкати чинии “Neusoft Medical Corporation” таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додаанд. Бино ба гузориши манбаъ мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо намояндаи Ширкати “Neusoft Medical Corporation”- и Ҷумҳурии халқии Чин ...
Амрико дигар ба Толибон ҳамла намекунад
Равзана ба ҷахон
13.08.2019 14:40
798
Бино ба иттилои маҷаллаи амрикоии Newsweek мақомоти ин кишвар ба нерӯҳои худ дар Афғонистон дастур додааст, ки дигар ба Толибон ҳамла накунанд. Ин тасмим ба муҷарради поёни даври шашуми музокароти сулҳ бо Толибон эълон шудааст.
Баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз беоб мемонанд
Иҷтимоъ
13.08.2019 14:33
761
Шаҳрдории Душанбе дар бораи қатъи оби нӯшокбӣ дар баъзе манотиқи пойтахти кишвар хабар дод. Дар қарори шаҳдори пойтахт Рустами Эмомалӣ омадааст, ки бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури қутраш 900 мм, воқеъ дар кӯчаи Карамов интиқоли оби нӯшоки ба чанд навоҳии шаҳр муваққатан маҳдуд мешавад.