16:51
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
Наврӯз муборак, дӯстони азиз!
16.03.2010 12:57

 
Инак шукри Худованди бузург, ки ба баҳори нав расидем.

Баҳор фаслест, ки ҳама мавҷудоти рӯйи замин бо як беқарорӣ фаро расиданашро интизор ҳастанд. Замин-модар,  ҳайвонот, рустаниҳо ва муҳимтар аз ҳама инсонҳо. Зеро ҳамин баҳораст, ки заминаи  ҳаёти фардои пурбаракат ва бофароғати одамонро муҳайё месозад. Дар урфият мегӯянд «Як рӯзи баҳор пур кунад анбор». 

 

Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Иншоаллоҳ, соле, ки бо расидани ин баҳор оғоз мегардад, барои миллати тоҷику тоҷикистониён ва тамоми форсзабонони дунё соли пурфайзу бобаракат хоҳад буд. Зеро муждаи умедворкунандаеро оғози ин баҳор ба ҳамроҳ доштааст. Мужда ин аст, ки  бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни аҷдодии мо Наврӯз, ки ҳамасола дар оғози ин фасли эъҷозкору эҳёгар таҷлил мегардад,  аз ин ба баъд ба қатори идҳои байналмилалӣ дохил мегардад ва минбаъд дигар он дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

 

Аз ин рӯ муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» ин навиди нишотбахш ва фаро расидани Наврӯзи хуҷастапайро барои шумо ва хонадони шумо табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Парвардигори карим дуъо мекунем, ки дар соли нави аҷдодӣ барои ҳар яки мову Шумо  тани сиҳату рӯзгори хуш,  барои Ватани азизамон ваҳдати мардумӣ, сулҳу субот ва  барои хоҷагии халқи он рушду тараққиётро арзонӣ бидорад.

 

Дӯстони гиромӣ, дар ин  саҳифа  Шумо  имконият доред, наздикону пайвандони хешро бо фаро расидани Наврӯзи Аҷам табрику муборакбод намоед ва таманниёти худро барои аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» бифиристед. Интизори навиштаҳои Шумоем. Худо ҳофиз!

 

Соқиё, сояи абр асту баҳору лаби ҷӯй,
Ман нагӯям, чӣ кун, ар аҳли дилӣ, худ ту бигӯй!

Миқдори нигориши мавод: 716

Назарҳо  

 
+1 #7 01.04.2010 06:36
:P navruz in jashni zardushtiyon ast
mo yane (musulmonon) in jashnro namegirem
chunki harom ast
Иқтибос
 
 
+1 #6 26.03.2010 22:19
Муночоти Наврузи

Худоё чунон кун, ки харрузи мо,
Хама сабз бошад чу Наврузи мо.
Дилу дида бошад зи мехри ту шод,
Чахон нав шавад сол фархунда бод!
Иқтибос
 
 
0 #5 21.03.2010 12:47
Salom ba ahli kalami somonai ruzgor.tj. Az fursat istifoda burda shumoro bo in fasli bahor va Navruzi ajam tabriku muborak bod gufta, ba shumo burdboriho, komyobiho tamanno doram, bigzor hamesha dar zindagi sarsabzu khurram boshed.
Иқтибос
 
 
0 #4 21.03.2010 12:38
Туро бо чашни Наврузи Aчам самимона табрик гуфта, орзу дорам, ки мисли бахор хамеша шукуфон боши. Навруз муборк, Азизчон!
Зарина аз шахри Душанбе
Иқтибос
 
 
0 #3 16.03.2010 16:27
Navruz muborak, dustonu aziz! Bigzor hama ruzaton navruz boshad va navruzaton piruz
Иқтибос
 
 
0 #2 16.03.2010 14:04
Наврузи Ачамро бар тамоми мардуми шарифи Точикистон форсизабонони тамоми дунё табрику тахният гуфта, ба хар яко-яки эшон дар ин фасли пур аз файзу неъмат бурдборихо таманно мекунам. Навруз муборак бод!!!
Иқтибос
 
 
0 #1 16.03.2010 13:07
Ҳамватанони азиз ҳамаи ШУМОЁНРО ба фарорасии иди НАВРӮЗ табрик мегӯям.
Иқтибос
 

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh