18:27:11 01-уми Июли 2025 сол

НАВОРИ САБҚАТИ АСРОР ВОҲИДОВ ВА ВЛАДИСЛАВ КРАСНОШЕИН

Асрор Воҳидов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон соҳиби медали тилло шуд. Асрор Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 48 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад.

Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Владислав Красношеини русиягиро шикаст дода ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Дар ин вазн Александр Меленюк (Украина) ва Михаил Квасюч (Руминия) ҷойҳои севвумро касб карданд. Дар сабқати ҷаҳонӣ беш аз 500 варзишгари 15-сола аз 48 кишвар иштирок доштанд. Ба ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш нафар шомил буд.

ИН ВИДЕО АЗ ТОРНАМОИ YOUTUBE ГИРИФТА ШУДААСТ:
 

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 30.09.2011 18:45
Кувваозмоии ин наврасро тамошо кардам, мафтунам кард!Услуби ачоиб дорад, кариб, ки худашро мухофизат намекунад. Мисли Рой Чонс аст. Рахмат ба волидайн, мурраби ва худи у!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ