«ҲУББ-УЛ-ВАТАНИ МИН-АЛ-ИМОН», ҲАДИС НЕСТ!
«Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон (дӯст доштани ватан аз имон аст)», қавли машҳурест, ки ҳар гоҳ сухан аз ватандориву ватандӯстӣ биравад ба забон оварда мешавад. Аммо, онро қавл-гуфтае касе не, балки ба Паёмбар (с) нисбат медиҳанд, ки аз воқеият дур аст. Ҳадис дар луғат ба маънои сухан гуфтан аст аммо, дар истилоҳи шаръӣ ҳадис гуфта қавл, феъл ва амали ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ном мебаранд.

1. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровии ин ҳадис Ҳасан писари Муҳаммад писари Ҳасан, Абӯлфазоли ас-Сағонӣ, фақиҳи ҳанафӣ, аллома, муҳаддис ва забоншинос дар китоби худ бо номи «Мавзӯъоти ас-Сағонӣ» (№ 53) ин ҳадисро оварда ва хулосаи ҳукми ӯ нисбат ба ин ҳадис чунин аст: «мавзӯъ, яъне бофта ё сохта».
2. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ, Муҳаммад писари Абдурраҳмон писари Муҳаммад, Шамсуддин Абӯлхайр ас-Саховӣ, дар китоби худ «ал-Мақосид-ул-ҳасана» (№218) қавли дар боло оварда шударо зикр карда, баҳои ӯ чунин аст: «Назарам бар он нагирифт.» (Яъне, дар шаъни паёмбар(с) гуфтани чунин сухан намеарзад. Ба ҳамин хотир асноди онро таҳқиқ накардам).
3. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, Абӯлфазл ас-Сютии мисрии шофеъӣ, ки ӯ қариб шашсад асар таълиф карда буд, дар китобаш «ад-Дурар-ул-мунтасира» (№65)қавли мазкуррро навишта, ҳукмаш нисбат ба он чунин аст: «бар он таваҷҷӯҳ накардам» (он қадар бӯи дурӯғ аз он ба машом мерасид, ки ба таваҷҷӯҳ накардам).
4. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, Мулло Алӣ Қорӣ писари Султон писари Муҳаммад ҳиравии ҳанафӣ, дар китоби худ «ал-Асрор-ул-марфӯъаҳ» (№189) ин қавлро оварда, ҳукмаш ба он чунин аст: «гуфта шудааст, ки асл надорад ё аз аслаш бофта ва сохта шудааст».
5. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, Абӯлмакорим, Муҳаммад писари Муҳаммад ал-Ғузии шофеъӣ дар китобаш «Итқону мо юҳсан» (№ 1/222) қавли мазкурро оварда, нисбат ба он гуфтааст: «ҳадис нест»
6. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, аллома, Муҳаммад писари Абдулбоқӣ писари Юсуф, Абӯ Абдуллоҳ аз-Зарқонии моликӣ дар бораи қавли мазкур дар китобаш «Мухтас-ул-мақосид» (№ 361) ин тавр овардааст: «онро намешиносам» (ба маънои он аст, ки ровиёнро ҳамчун шахси ростгӯ ва амонатдор намешинасам).
7. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, Муҳаммад писари Аҳмад, Ҷоруллоҳ ас -Саъадӣ дар китоби худ қавли дар боло оварда шударо зикр карда хулосаи ҳукми ӯ чунинаст: «Аз ӯ (с) чунин наомадааст».
8. «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон», ровӣ ва муҳаддис, Муҳаммад писари Носируддин, Абӯабдурраҳмон ал-Албонӣ, яке аз донишмандони машҳури асри бист, дар асари худ «ас -Сисилат-у-заъифаҳ» (№36) қавли мазкурро оварда гуфтааст: «ҳадиси мавзӯъ» (сохта ва бофтаи дигарон дар ҳаққи Паёмбар(с) аст).
Ин пажӯҳиш нишон дод, ки ҳеҷ яке аз донишмандони бахши ҳадисшиносӣ, ҳадиси паёмбар будани «Ҳубб-ул-ватани мин-ал-имон»-ро тасдиқ накардааст. Тамоми онҳо ин қавлро дурӯғ ва мардуд дониста, дар қатори ҳадисҳои бофта ва сохтаи мардум дар ҳаққи Паёмбари акрам (с) ҷо додаанд. Дар китобҳои сиҳоҳ бошад ин қавл бо чунин алфоз аслан вуҷуд надорад.
Гуфта мешавад, агар ҳадиси мазкур сиҳат медошт нахуст худи Паёмбар (с) ба он амал мекард ва баъд аз фатҳи Макка ба ватанаш бармегашт ё ҳадди аққал бад аз мурдан «хонаи охират»-и худро дар зодгоҳаш шаҳри Маккаи мукаррама интихоб мекарданд. Ёрони бовафои ӯ (с) низ чун Абӯбакру Умар ва Усмону Алӣ (р), Дорулхилофатро ба зодгоҳашон-Маккатуллоҳ кӯчонида ҳукуматдорӣ мекарданд. Ё ҳадди аққал васият мекарданд, ки фарзандони онҳо Маккаро ҳамчун ватан-зодгоҳ дӯст дошта, онҷоро макони зисти худ интихоб кунанд.
Ровиёни ҳадис, сиҳҳат ва дуруст будани аҳодиси Паёмбар (с)-ро дар чанд зинаи омӯзишӣ қарор дода, баъд аз ташхису тадқиқи матну санад аҳодиси Расули Худро ба гурӯҳҳои асосӣ: қудсӣ, марфӯъ, саҳеҳу ҳасан, заъиф ва мавзӯъ тақсимбандӣ кардаанд.
Ривояте бо санадҳои мухталиф ва маънии ба ҳам монанд аз ҳазрати Муҳаммад(с) нақл шудааст, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ бар ман дурӯғ бигӯяд, ҷояшро дар оташ омода кунад». Ин ба он маъно аст, ки ҳар ки ба номи паёмбар(с) ба аз ғайр ҳадисҳои худаш чизеро мансуб медонад, ҷояшро дар дӯзах омода кунад.
Амруллоҳи Низом, «ИмрӯзNews»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3238-l-----r--.html