08:02:16 02-уми Майи 2026 сол
ТАКЯ БА ХУДО КУНЕД, ИНШОАЛЛОҲ, ЧИЗЕ РУХ НАМЕДИҲАД! 19.05.2011 11:04 1938
Дар байни мардум, ба хусус сокинони шаҳри Душанбе, овозае паҳн шудааст, ки гӯё рӯзи шанбе, 21-уми майи 2011 баъд аз як заминҷунбии шадид дунё ба охир мерасад ва барои наҷот ёфтан аз ин заминҷунбӣ баъзеҳо дар ҳолати «омодабош» қарор доранд. Ин хабари шум бисёриҳоро нороҳат карда ...
ТАСВИБИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ШАРОИТИ НИГАҲДОРИИ МАҲБУСОН 19.05.2011 10:51 1503
Дар Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон дар заминаи мулоқоту мукотиба бо пайвандон, амнияти шахсӣ ва шикоёт дар мавриди шароити маҳбас заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Ин гуна шароит дар Қонуни “Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани ...
ТАМДИДИ МӮҲЛАТИ ГУЗОР БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА 18.05.2011 18:54 1593
Давлати Тоҷикистон пешниҳоди вазорати маъориф дар бораи тамдиди замони гузариш ба низоми таҳсили 12-сола дар мадориси ин кишварро пазируфтааст. Ба гуфтаи манобеъи вазорати маъориф, иҷрои ин барнома ба далели мушкилоти иқтисодӣ ба таъвиқ дароварда мешавад.
ДОДСИТОНИ КУЛ: ВАЗЪИ ИРТИКОБИ ҶАРОИМ ДАР ТОҶИКИСТОН ПЕЧИДА АСТ 18.05.2011 12:32 1496
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар солҳои ахир вазъияти иртикоби ҷароим дар ин кишвар "мураккаб шудааст." Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки дар соли 2009 ҳудуди 12,5 ҳазор мавриди иртикоби ҷароим дар Тоҷикистон сабт шуда буд, як сол баъд ...
ТАҶДИДИ НАЗАРИ ҲУКМИ ДОДГОҲ АЛАЙҲИ ЗИНДОНБОНҲОИ "ШАБИ ФАРОР" 17.05.2011 15:30 1600
Додгоҳи истинофӣ дар ҳукми се нафар аз зиндонбонҳои боздоштгоҳи амниятии Тоҷикистон таҷдиди назар кардааст. Тибқи иттилоъи як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми ду нафар аз зиндонбонҳо ба истилоҳ “шартӣ” эълом шуда, онҳо аз зиндон маъоф шуданд ва ҳукми муъовини раиси боздоштгоҳи ...
НИГАРОНИИ ШАҲРДОРИИ ДУШАНБЕ АЗ "СУИИСТИФОДА АЗ ОЗОДИИ БАЁН" 15.05.2011 10:24 1837
Шаҳрдории Душанбе аз ончи "суистифода аз озодии баён" дар сойтҳои интернетӣ дар Тоҷикистон меномад, башиддат ибрози нигаронӣ кардааст. Дар баёнияе матбуъотӣ, ки Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, интишор дода, омадааст ...
"ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ АФҒОНИСТОН НОКОФИСТ" 14.05.2011 21:10 1657
Вузарои фарҳанги Афғонистон ва Тоҷикистон гуфтаанд, ки мизони ҳамкориҳои фарҳангию ҳунарӣ миёни ин ду кишвар бо таваҷҷӯҳ ба имконоту зарфиятҳои мавҷуда нокофист. Бо ин ҳол, ба гуфтаи ҳар ду вазир, дар панҷ соли ахир табодули фарҳангӣ ва ҳунарӣ ...
ФАСОД ВА ТАҒЙИРОТИ ИҚЛИМӢ: МУСИБАТ БОЛОИ МУСИБАТ 13.05.2011 09:40 1840
Transparency International ё созмони “Шаффофияти Байналмилал” бо чопи гузориши “Фасод дар ҷаҳон: Тағйироти иқлим” аз давлатҳои ҷаҳон хостааст, дар рӯбарӯи паёмадҳои ногувори тағйири ҳаво бояд мубориза бо фасодро ҷиддӣ бигиранд. Ин созмон мегӯяд ...
"ШИКОР"-И ГӮШТФУРӮШОН ДАР ДУШАНБЕ 12.05.2011 16:46 1794
Полиси шаҳри Душанбе дар пайи як иқдоми ғайримуқаррарӣ беш аз даҳ гӯштфурӯшро барои риоя накардани тавсияи шаҳрдорӣ дар мавриди танзими нархи гӯшт дар бозорҳо боздошт кардааст. Нусратулло Саидов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфт, бархе аз гӯштфурӯшон ...
КУМИТАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН: "ПАРВАНДАИ ИСКАНДАРОВ БАРРАСӢ ШАВАД" 11.05.2011 15:14 1548
Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ поймол шудани ҳуқуқи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ҳини боздошти ӯро таъйид кардааст. Нигина Баҳриева, раҳбари Бунёди ҷамъиятии «Нотабене» ба «Азия Плюс» гуфтааст, ки ин кумита ба дархостҳои мукаррари худ дар робита ба қазияи Искандаров аз мақомоти Тоҷикистон посухе дарёфт накарда, аз ин рӯ дар баррасиаш ба нукоти омада ....
ТОҶИКИСТОН ДАР РӮ БА РӮИ БӮҲРОНИ БЕНЗИН? 09.05.2011 20:54 1644
Дар шаҳри Душанбе даҳҳои ситоди бензинфурӯшӣ баста шудаанд ва садҳо ронанда дар марказҳои маводи сӯхти ширкати русии "Газпромнефт-Тоҷикистон" навбат мепоянд. Як назар ба ҳисобкунакҳо нишон медиҳад, ки ронандаҳо мехоҳанд ҳарчи бештар ...
МАВОДИ МУХАДДИР, ШАРИАТ ВА СОБИҚ МУҶОҲИДИНИ ТОҶИК 08.05.2011 20:40 1725
Оё метавон пули маводи мухаддирро сарфи хайру садақа, аз ҷумла садақаҳои ҷорияе, чун бунёди масоҷид кард? Маводи мухаддир, қочоқу тиҷорат ва гирифторӣ ба он пас аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба сурате чунин густурда зуҳур кард. То кунун даҳҳо тан аз гирифторӣ ба ин мавод ҷони худро ...
ТАЛОШҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАҲКУШОИИ ТОҶИКИСТОН 07.05.2011 22:43 1869
Бонки исломӣ барои сохтмонӣ роҳи мошингарди «Шоҳон-Зиғар», наздики 19 миллион доллар ихтисос додааст. Дар ин бора санад миёни вазорати молияи Тоҷикистон ва намояндагии Бонки Исломии Рушд ба имзо расидааст. Бар пояи маълумоти вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи мазкур имкон медиҳад...
БАДАХШОН: «ТАНГЕМ»-ҲО МАРДУМРО ТАНГ МЕКУНАНД 07.05.2011 22:35 1868
Дар Хоруғ сафи пиёдагардон якбора зиёд шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нақлиёти асосии мусофиркаши шаҳр- «Тангем» -ҳо кӯчаву бозорҳоро пур кардаанд. Аммо ду маротиба афзоиш ёфтани нархи роҳкиро бештари сокинонро аз «Тангем»- ҳо бароварда, маҷбур сохт боз мисли солҳои пеши бӯҳронӣ ва камбуди нақлиётӣ ...
СЕЛИ ШАДИД ДАР НАВОҲИИ МУХТАЛИФИ ТОҶИКИСТОН СЕ КУШТА ДОД 06.05.2011 13:17 1663
Дар асари бориши шадиди сел дар рӯзи панҷшанбеи панҷуми май се нафар дар навоҳии Панҷакент, дар шимол, ва Фархор, дар ҷануби Тоҷикистон, ҷони худро аз даст додаанд. Дар ин бора Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуъотии Вазорати умури изтирории Тоҷикистон, хабар дод.