ТАСВИБИ ҚОНУН ДАР БОРАИ ШАРОИТИ НИГАҲДОРИИ МАҲБУСОН
Дар Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон дар заминаи мулоқоту мукотиба бо пайвандон, амнияти шахсӣ ва шикоёт дар мавриди шароити маҳбас заминаи ҳуқуқӣ фароҳам шудааст. Ин гуна шароит дар Қонуни “Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда (мазнун), айбдоршаванда (муттаҳам) ва судшаванда (маҳкум)”, ки рӯзи чаҳоршанбеи 18 май дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шуд, пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Хадича Ҳакимова, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дар қонуни кайфарии Тоҷикистон тартиби боздошти афроди мазнун дар ҷароим танзим шуда, аммо тартиб ва шароити нигаҳдорӣ, бахусус таъмини ҳуқуқи боздоштшудагон, то ҳол мушаххас нашуда буд.
Аз сӯйи дигар, хонуми Ҳакимова гуфт, ки дар муддати 20 соли ахир Тоҷикистон чандин қарордоди байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва Қарордоди маҳви шиканҷаи Созмони Милалро тасвиб карда ва дар қонуни ҷадид меъёрҳои ин асноди байналмилалӣ, назири худдорӣ аз муносибати бераҳмонаю ғайриинсонӣ, расондани осебҳои ҷисмонию равонӣ ба боздоштшуда ва парҳез аз гирифтани гувоҳии бардурӯғ тавассути азобу шиканҷа зикр шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, пешбинии шароити мусоъид барои занҳо ва ноболиғон дар боздоштгоҳҳоро аз бартариҳои дигари қонуни ҷадид дар бораи шароити нигаҳдории мазнунону муттаҳамон ва маҳкумшудагон арзёбӣ кард.
Оқои Худоёров гуфт, ки ҳамакнун занҳои боздоштшуда метавонанд фарзандони то сини 3-соларо бо худ нигоҳ дошта ва барои онҳо ва занҳои бордору ноболиғон шароити хуби зист, хидматрасонии тиббӣ ва маводди ғизоии бештар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, тибқи ин қонун, ноболиғон аз бузургсолон ва афроде, ки барои аввалин бор муртакиби ҷароим мешаванд, аз ашхосе, ки муртакиби ҷароими бештаре шудаанд, ҷудо нигаҳдорӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, ба бархе аз муфодди баҳсбарангези ин санад ишора карда ва гуфт, ки банди сеюми моддаи 21 ба масъулони маҳбас иҷоза медиҳад, ки мукотиботи боздоштшудагон бо вакилони мудофеъ ё созмонҳои ғайридавлатиро таҳти назорат дошта бошанд.
Оқои Кабирӣ гуфт, ки агар номаи фарди маҳбус шикояте дар бораи шароити бади маҳбас ё бадрафтории масъулон дошта бошад, ин нома ба ҳеч ваҷҳ ба суроғаи лозим нахоҳад расид. Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумон, низ ин суолро матраҳ кард: “Чаро нома ба вакили мудофеъ ё созмони ғайридавлатӣ ҳатман аз ҷониби маъмурияти (масъулони) маҳбас бояд баррасӣ шавад?”
Ҷумъа Давлатов, мушовири раиси ҷумҳурӣ дар масоили ҳуқуқӣ, гуфт, ки ин маҳдудият ба афроде рабт мегирад, ки қабл аз муҳокимаи додгоҳ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд. Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар муддати нигаҳдории қабл аз муҳокимаи додгоҳ, ки ду моҳ пешбинӣ шуда ва дар ин давра корҳои бозрасӣ идома дорад, мукотиботи фарди боздоштшуда танҳо ба хотири фош нашудани асрори бозрасӣ маҳдуд ё кунтрул хоҳад шуд.
Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, ибрози умедворӣ кард, ки дар пайи тасвиби қонун дар бораи шароити нигоҳдории мазнунону муттаҳамон дар боздоштгоҳҳо мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар боздоштгоҳҳо, таҳқиру озор ва шиканҷаи афроди мазнун коҳиш хоҳад ёфт.
Оқои Шабдолов гуфт, ки пайвандони як фарди зиндонӣ ба ӯ аз таъвиқ дар ирсоли ҳаллнома ё ҳукми додгоҳ ба фарди маҳкумшуда шикоят бурдаанд, ки боъис шудааст, онҳо натавонанд аз ҳукми додгоҳ ба додгоҳҳои дигар шикояти истинофӣ баранд.
Бо вуҷуди мубоҳисот, намояндагони порлумон Қонуни ҷадиди “Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда”-ро барои таъмини ҳуқуқи афроди боздоштшуда ва риъояти усули эҳтимолияти бегуноҳии шахс муҳим хонда ва бо аксарияти кулли оро тасвиб карданд.
Дар ҳамин ҳол, Қаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, ки тасвиби қонуни ҷадид наметавонад сареъан ба коҳиши мавориди шиканҷа ва азияту озор дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон мусоъидат кунад. Ба гуфтаи оқои Юсуфов, бурду бохти ҳар санади ҳуқуқӣ дар ҷараёни иҷрои он рӯшан хоҳад шуд. Ӯ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон қавонини зиёде тасвиб шудаанд, аммо бахше аз онҳо иҷро намешаванд.
Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ аз надоштани дастрасӣ ба боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон ва надоштани имкони назорати ин созмонҳо бар мавориди шиканҷа дар зиндонҳои ин кишвар ҳамвора интиқод кардаанд.
Онҳо мегӯянд то замоне, ки имкони дастрасии созмонҳои байналмилалӣ ба боздоштгоҳу зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам нашавад, наметавон мутмаин буд, ки дар муассисоти бастаи ин кишвар шиканҷа ва озори маҳбусон рух намедиҳад, зеро имкони сабти ин маворид вуҷуд надорад. Дар Тоҷикистон ҳеч оморе дар мавриди шиканҷаи боздоштшудагон ва зиндониён дар даст нест ва афроди муртакиби ин ҷурм маъмулан ба иттиҳоми "суиистифода аз мақоми хидматӣ" муҷозот мешаванд.
Би-Би-Си