08:12:08 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Аз дида ба дилҳо рахти сафар барбаст

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Аз осмони ситоразори хотироти кӯдакии ман боз суроби касе канда шуд. Бо гузашти солҳо ман ҳамаро аз назар ғоиб мебинам ва ҳоло онеро ҳам, ки мегуфтам тимсоли як инсони зебопараст аст, майдони афсонаҳои тифлии манро тарк кард. Акнун замоне, ки ба деҳа меравам, аз он тахайюлоти рангини кӯдакӣӯро суроғ намекунам, чун медонам, ки қатори даҳҳо шахсони шариф, ки ёдашонро пос медорам, ӯ низ акнун ба дили хок рафт. Вале наметавонам чеҳраи гармашро аз ёд бубарам.

rakhti-safar_2013Ӯ ҳамоно дар тасавуроти тифлонаи ман ҳузур хоҳад дошт. Вай ҳамоно дар кӯчаҳои он замон дар зимистон пурбарфу дар баҳорон пурлойи деҳа болову поён мешуд. Бо сару либосе, ки орзу мекардам баъдан чунин бояд пӯшам, бо нишасту хезе, ки мегуфтам ин гуна бояд биншинаму бихезам, бо сӯҳбатҳое, ки мегуфтам ин гуна бояд сӯҳбат кунам. Чун ҳамаи бачаҳои ҳамсолам ман ҳам тақлидро меписандидам. Ва агар онҳо аз наворҳои кино барои худ қаҳрамон мебофтанд, ман аз фазои ҳамин деҳа ҳам инсонҳоеро медонистам, ки метавонистам мисли онҳо бошам.

Аммо бо гузашти солҳо дидам, ки на он шудаму на ин. Худованд ҳар инсонро бо сарнавишти худ меофарад ва касе бо касе монанд нахоҳад буд, чунон ки барги як дарахт монанд ба барги дигар нест. Ман аз он тифлӣ ба синну сол берун омадам, вале ҳоло ҳам дар гирдоби афсонаҳояш мондаам. Зеро он фасонаҳо зебо буданд ва инсон зебоиро умре аз ёд наметавонад бубарад. Ва Почокалоне, ки ҳамакнун тарки замину замон кард, як пора аз хотироти тифлии маро ҳам бо худ бибурд. Гарчанде кӯшида будам ҳамнишинаш бошам, вале насиб набуд. Ӯ роҳи дигар дошту ман роҳи дигар...

Пок зисту пок рафт

Ба сари турбатам оеду зи ман ёд кунед,

Ба дили хок равонам, ба дуо шод кунед

Субҳи рӯзи 10 уми июл, ки сокинони кишвар дуюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазонро оғоз мекарданд, хабари фавти ӯ барқосо паҳн гардид. Ва ҳанӯз аз тулӯъи офтоби гарми тобистон соате ҳам нагузашта, садҳо тан аз дуру наздик ба падрудаш омаданд. Деҳаи Басманда шояд як даҳсола ба ин ҷониб ин гуна маросими серодами ҷанозаро надида буд. Ва ҳайрати хурду бузург аз он буд, ки меҳмонони зиёде аз деҳоти атроф ва навоҳии ҳамсояву шаҳри Хуҷанд меомаданду меомаданд. Мисли он буд, ки пушти дар буданд ва хабари фавти ӯро баробар бо сокинони  деҳа шуниданд.

Ва он рӯз Почокалон, бузургмарди ин деҳаи пуровоза ба хок супурда шуд. Дар аввалин рӯзҳои даҳаи раҳмати моҳи шарифи Рамазон ба раҳмати Ҳақ пайваст.

Миёни мардум ин гуфтугӯ ҳоким аст, ки афроди шоистаи даргоҳи Илоҳӣ дар моҳи Рамазон даъвати Худояшонро ба ҷон мепазиранд ва ошиқонаву муштоқона ба дидори Дӯст мешитобанд. Онҳо баъди ин реҳлати зебо аз худ афсонаҳо миёни мардум боқӣ мегузоранд, касеро ёрои он нахоҳад буд, ки дар бораи марҳум сухани бад гӯяд. Зеро агар марди солеҳе намешуд, куҷо дар ин моҳи шариф сафари охират мекард? Аммо Почокалон на аз он мардоне буд, ки гуфтугӯ дар атрофаш афсона бошад.

Ҳарчӣ имрӯз мегӯянду мешунаванд, сухани ҳақест, ки замони барҳаёт буданаш аз дигарон мешунидем. Ва яке аз ин сифатҳо, ки ӯро маҳбуби халқу ба Худо қарин гардонида буд, покӣ дар рафтору садоқат ба амал ва вафо ба паймон буд. Инҳо чанд сифатеанд, ки мӯъминон бояд дошта бошанд, вале мардони ин замон на ҳамеша ба аҳду паймон ва ростиву дурустӣ пойбанданд. Хоса он ки Почокалон марди тиҷорат буд ва ин пешаи суннатӣ покии беш аз ҳадди интизор мехоҳад, то якаш ду шавад, то молу сарваташ баракат дошта бошад, то номаш ба некиву накукорӣ вирди забонҳо гардад. Почокалон бидуни шак ин сифатҳоро дошт.

Абдурауф Турақулов, духтури собиқадор ва яке аз шахсиятҳои дар илми тибб маъруф, ки бо марҳум ошноии бештар дошт, ба он ишора мекунад, ки Почокалон замоне, ки тиҷорат дар ҷомеаи Шӯравии вақт ҷиноят дониста мешуд, ба ин кор машғул буд. Ва ӯ аллакай ҳамон солҳо дар Русияву ҷамоҳири Қафқоз бо пайдо кардани дӯстони зиёд дар пешаи интихоб кардаи хеш муваффақ буд. Аммо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон вай бо истифода аз нуфузаш дар Русия ва пойтахти кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар пайдо кардани ҷои кор барои садҳо ҳамватани овора саҳм гирифтааст.

Хуб, ки буд, дар бадиҳо ҳам хубиро медид

Почокалон аз зумраи касоне буд, ки бо вуҷуди маҳбубият доштанаш дар хориҷ аз кишвар ҳатто замоне ҳам барои зиндагии бо карру фар дар диёри бегона талош накардааст. Вай мерафт ва муддате пас ба деҳаи азизаш бармегашт. Ӯ Басмандаро беш аз ҳар чизи дигар дӯст медошт, ин деҳа барояш қадру манзалати шаҳрҳои бузургро дошт ва ҳамин муҳаббату ҳамин дилбастагӣ буд, ки вафоташ ҳам дар хонаи бобоӣ ва дар иҳотаи фарзандону пайвандон иттифоқ уфтод.

Вай ин меҳри ватанро ба фарзандонаш омӯхт ва нагузошт, ки онҳо ба деҳа бегона бошанд ва замони зиндагӣ ба ҳар кадомашон хонаҳои арзишмандеро аз хишти пухта бунёд кард, ки дар зебогӣ ва назаррабоӣ аз аксари хонаҳои сокинони деҳа фарқ мекард. Почокалон марде буд, ки бо тамоми ҳастияш зебогиро дӯст медошт, ҳамеша либосҳои наву озода мепӯшид ва бо як чеҳраи зиёимонанд ҳамеша бо салобате, ки бӯи хоксорӣ мекард, қадам мезад.

Ва дар ҳақиқат хоксору фурутан буд, аз сӯҳбаташ кас лаззат мебурд, ҳамнишинӣ бо нодонро намеписандид, миёни касоне менишаст, ки мисли худаш сӯҳбаторову соҳибхирад бошанд. Вай марде буд, ки дар баробари дар маъракаҳо зоҳир шуданаш ҳар гурӯҳ новобаста ба синну солашон мехостанд соҳибони маърака ӯро ба утоқи онҳо ҳидоят кунанд. Зеро сӯҳбати ширин дошт, дар ҳар мавзӯъ, ҳатто дар бораи футболу хоккей беш аз ҳар мухлиси дигар маълумот дошт, аз сафардидаҳояш нақлҳои аҷоиб мекард, ки барои ҳамдеҳагон мароқовар буд. Гузашта аз ин сӯҳбати ширадор, пурмазмун ва орӣ аз ҳар гуна ҳавобландиву такаббур дошт.

Абдурауф Турақулов аз эътиқоди Почокалон ба Худову Расул (с) ҳарф зад ва гуфт вай пайрави ростини Имоми Аъзам (р), парҳезгор ва поксиришт буд. Шояд ҳамин сифатҳо буданд, ки Худованд дар як моҳе, ки оташи дӯзахро барои бандагони мухлисаш ҳаром кардааст, ба сӯи худ хонд.

Асқарбек Усмонов, ки низ Почокалонро аз наздик мешинохт, маҳбубияти ӯро дар саводу донишаш медонад. Марҳум таҳсилкардаи ҳеҷ мактаби олӣ набуд, вале чун дунёдидаву дунёгашта буд, ҳарфу суханаш бори маъно мекашид. Аз сифатҳои хуби марҳум ин хомӯшиву камгапии ӯ буд. Мекӯшид зиёдтар гӯш кунад ва камтар ҳарф занад.

Ва шояд аз он ҳам буд, ки мавзӯъи сӯҳбатҳо дар деҳот хеле маҳдуданд ва ӯро наметавонистанд қаноат бахшанд, аз ин рӯ хомӯширо мепазируфт. Асқарбек мегӯяд, Почокалон одат надошт халқеву миллатеро паст занад. Ҷаҳонгардӣ барояш ин тафаккурро эҳдо карда буд, ки аз миёни миллатҳои гуногун танҳо хубиҳоро бинад ва талқин мекард, ки миллатҳо наметавонанд бад бошанд, балки миёни як миллат хубу бад дар канори ҳаманд. Аз ин рӯ наметавон бо он ки як гурҷӣ ё қазоқ хислати манфӣ дорад, ҳаммиллатони ӯро бад гуфт. 

Саратон ҷигарашро абгор кард, вале нолишашро касе нашунид

Ду-се моҳи охир ранҷи беморӣ кашид, тани ранҷураш лаҳзае аз тобу таб оромӣ надошт. Модараш холаи Мукаррама, ки ҳамакнун баҳори 97-умини умрашро пушти сар мекунад, бо сӯзу гудоз аз ӯ  чун аз як марди собире ёд меоварад, ки аз дарду ранҷ хастагии худро ошкор намекард. Вай мегуфт: “Ба дард тобовар буд бачаҳакам, дар зиндагӣ шукргузор. Ба ҳамин дарди шадид, ки Худованд барояш дода буд ва ҳама медонистанд, ки хеле вазнин аст, ягон бор шикоят накард, “уф” нагуфт”.

 Марҳум саратони ҷигар дошт ва авҷи он ба гуфтаи табибон мудҳиштар аз чордард барои занони обистан аст. Аммо вай сабр кард, азобашро фуру бурд, забони шиква накушод.

Оре, Почокалон наметавонист баъди нишастухез дар сӯҳбатҳои суфиёнаи ҳазрати эшони Тӯраҷон (р) ба дард тобовар набошад. Вай ин пири тариқатро басо дӯст медошту ҳамеша роҳи дурударозро тай мекард ва дар ҳар куҷо суроғашро меёфт, ба дидораш худро мерасонд, то баҳрае аз сӯҳбатҳояш бардошта бошад. Сабре, ки дар дард дошт, аз бардошти сӯҳбатҳои ин пири порсо буд. Яъне, вай дар баробари он ки ҷавонмарди қавлу амал буд, боз ҳамнишинӣ бо шахсиятҳое чун зшони Тураҷон ва хонадони поки ӯ дошт, панду андарзи бобои эшон дар мавриди тиҷорату аҳду паймон умре дар хислати ӯ нишаст ва то охирин лаҳазоти ҳаёташ дар равиши савдо хиёнату ноҷавонмардиро ба худ роҳ надод.

Аммо мекӯшид фиреби касеро ҳам нахӯрад, дар талоши молаш ҳам мубориза мебурд, аммо ҷавонмардона ва бо ҳамон виқоре, ки ҳар марди кӯҳистонӣ дорад, талош мекард ҳақро биёбад, ҳарчанд ки барои ин лозим меомад аз сарвати ҳалолаш бахшеро масраф кунад. Ҷасуру тавоно буд, тарс аз махлуқ надошт. Нақл мекунанд, ки боре дар Новосибирск дар набуданаш як нафар аз вилояти Тирмизи Узбакистон бародарашро фиреб карда, бо пули як мошин ангур фирор мекунад. Почокалон баъди шунидани ин пули як мошини дигар ангурро масраф мекунад ва он қаллобро аз Тирмиз ба Новосибирск бармегардонад ва бо рӯёнидани зарари расонидааш тиҷораташро пок мекунад.

Касе агар ба суханаш эътино намекард, намеранҷид

Алибердӣ Қурбонов, як тани дигар аз ҳамдеҳагон аз таърихи ба деҳа омадани пешгузаштагони Почокалон нақли аҷибе мекунад. Вай мегӯяд, то ҷое шунида будам, бобокалони марҳум замоне аз Истаравшан ба Басманда ё тиҷорат меояд ё меҳмонӣ. Вале обу ҳавои он писандаш меуфтад ва ба ин деҳа дил мебандад. Ба гуфтаи одамон вай гӯё бемории зиқи нафас доштааст ва ҳар боре меомадаст худро аз дарду ранҷ озод меёфтааст. Баъдан бо тавсияи дӯстонаш дар деҳа хонадор мешавад ва дигар аз Басманда ба Истаравшан намеравад. Маҳз бобокалонаш муҳаббат ба ватан, поки дар равиши тиҷоратро ба Почокалон мерос  мондааст.

Нозимҷон, бародари хурдии Почокалон мегӯяд хислати баргузидаи ӯ он буд, ки агар касе ба суханаш эътино намекард, намеранҷид. Ҳамеша мекӯшид ба бечорагон дасти мадад дароз кунад. Хусусан, дар мулки ғарибӣ кӯшидааст ба даҳҳо ҳамватани муҳоҷир ва мӯҳтоҷ ёрӣ расонад.

Реҳлат баъди чил соли издивоҷ

Акнун ӯ ҳам аз аз мо рафт. Рӯзи ҷаноза бародараш ба ёд овард, ки ҳудудан чил сол пеш, 10 июли соли 1974 вай издивоҷ карда буд. Чил сол пеш дар ин рӯз дар ин деҳа суруру шодӣ буд. Аммо расо чил сол баъд ва боз дар ҳамин рӯзи 10-уми июл ин деҳа шоҳиди мотами ӯст.

Мо ӯро ба роҳи охират гусел мекунем. Аз ин издивоҷ вай 5 писар ёфт, ки ҳоло ҳар кадом бо роҳи падар рафтаанд ва соҳиби номи худанд. Э кош номбардори падар бошанд: дар шуҷоат, покӣ, иффат, тақво ва муҳаббат ба ҳамватанону ҳаммиллатон...



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi