18:13:29 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ёдат ба хайр, Баҳори нозанин

Дуруду паёми бепоён ба аҳли эҷоди ҳафтаномаи "Рӯзгор". Бо умеди малҳам ба дарду захмҳои дили модаронаам, ки гули хонадону духтари нозанинамро аз даст додаам, ба унвонии Шумо таронае аз ғамхонаи диламро ирсол менамоям. Агар дар гӯшае аз минбари рӯзнома онро ҷой диҳед, умре сипосгузоратон мешавам. Рӯзҳо паси ҳам мегузаранду фаслҳои зебои сол бо навбат дари моро мекубанд.

yodat-ba-khayr 2145789Агар ҳар сол аз омад - омади баҳору тобистон мани зиндагидӯстро шодиву сурур фаро мегирифт, вале омаду рафти фаслҳои соли имсол дардҳоям шиддаттару доғи диламро зиёдатар мекунанд. Зеро тирамоҳи соли гузашта мусибати бузурге ба сари хонаводаи мо омад, ки захмаш тамоми умр дар синаи ман мондаву онро ба гӯр мебарам.

7-уми сентябри соли 2012 ҷавони дунёбехабаре қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя накарда, дар роҳраве воқеаъ дар маркази ноҳия духтарам - Нилуфари 16-соларо пахш намуда, ба ҳалокат расонид.

Марги Нилуфари мактабхонам, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буду гули сари сабади мактабу маҳалла ба ҳисоб мерафт, фоҷеаи натанҳо оилаи мо буд. Инак, қариб як сол мешавад, ки Нилуфар бо мо несту марҳами дарду аламҳои модари мотамзадааш хотира аз умри пуршуру афсонавӣ, гулчини наққошиҳо ва шеърҳои пур аз розу ниёзи ҷигарбанди ғуррамаргаш. Ҳар рӯз шеърҳои соддаву самимии "Модар", "Бибиҷон", "Ишқи тез", "Наврӯз муборак" ва дигар чакидаҳои эҷодашро такрор ба такрор мехонаму мегирям.

Оҳ Нилуфар, чаро ин қадар бармаҳал моро тарк кардӣ, мисли оне, ки ҳамеша барои иҷрои илмомӯзию анҷоми машғулиятҳои дӯстдоштаат, шитоб мекардӣ, аз зиндагӣ ҳам шитобон рафтӣ. Ҳамеша дар ҷаҳду талош будӣ аз мактаб меомадию истироҳат нокарда корҳои хонаро ба анҷом мерасонидӣ то давоми рӯз гоҳу машғули илмомӯзӣ будию, гоҳе куртадӯзию гулдӯзӣ. Шабҳо ҳама хоб буданду ту китоби "Қуръон" қироат мекардӣ. Гоҳҳо ба рӯйи пурнури ту дида дӯхта аз даргоҳи Худованд шукргузорӣ мекардам, ки чунин гавҳари камёбро атоям кардааст. Аммо қисмат гавҳари камёбамро ноёб гардонид.

Оре, Нилуфари маро ҳама дӯстону ҳамсояҳо ҳамдарсону устодонаш гавҳараки ноёб мегуфтанд. Ҳар гоҳе ҳунари дастони духтари гулзанамро дар гиребони духтарону занони маркази ноҳия медидам, маро ифтихори модаронае фаро мегирифт. Гоҳе аз кору машғулияти шабонарӯзи эҳсоси хастагӣ мекардию мегуфтӣ: "Модарҷон, мехоҳам ҷойе равам, ки касе маро нашиносаду ба суроғам наояд". Гули нозанини ман ба "орзуят" расидӣ?

Баҳори гузашта буд, ки аз мактаб шодон омада, хабар овардӣ, ки дар мактаб "Баҳори сол" интихобат кардаанд. Духтари соддаи ман, аз шодӣ дар курта намеғунҷидӣ, ки боре "Баҳори ноҳия" шуданат орзуи деринтизорат аст. Аммо аз куҷо медонистӣ, ки баҳори 16 солагиат баҳори вопасини умрат ҳаст.

Он рӯзи наврӯз шириниҳои зиндагиро эҳсос мекардам, вақте наваруси товусхиромам дар майдони марказии ноҳия қадам мезад, дилам гул-гул мешукуфт. Ман аз анбуҳи тамошобинон туро ба ҳавас тамошо мекардаму, ҳар қадами гузоштаатро бо зарби дил эҳос мекардам. Ту дар маркази авом бо садои андалебонаат баҳри мардум таронаҳои баҳорӣ қироат мекардию ман аз анбуҳи одамон зери лаб бо ту ҳамовоз мешудам:

Сабз гардонам замини сабзро бо дасти худ,

Сарзамини нозанинро ман ба дасти сабзи худ.

Мекунам сарсабзу хуррам хоки поки кишварам,

Маскани ишқофаринро ман ба дасти сабзи худ.

Ҳаминак як сол мешавад, ки баҳори орзуҳои зиндагӣ рафтаву дигар ин ҳама сарсабзию шукуфтанҳои табиат танҳо ғамҳои маро тоза мекунанду дарди синасӯзамро бештар. Аммо чӣ кунам, ки баҳори нозанини ман ба олами дигар, ки роҳи бозгашт надорад, пештар аз мо рафтааст. Ҳаёт ҳамаи моро бо ҳамон сӯй мебарад, аммо бо навбат гулчин мекунад.

Чӣ кунам, ки қисмат гули нозанинамро пештар аз ман гулчин карду маро дар зиндагӣ гирифтори ғамбеморӣ.

Ҳар субҳи ҳаёти ман аз фикру зикри Нилуфари ҷавонмаргам оғоз мешавад. Саҳаргоҳон ғарқи андешаӣӯ роҳ сӯйи коргоҳ мегираму, аз хотири гуфтаҳои духтарам, ки пайваста мегуфт ғамгин машав модар, мардона қадам мезанам. Ва суруду таронаҳои дар васфат эҷоднамудаи хонаводаро роҳ ба роҳ замзамакунон:

"Асалҷонат" додарат,

Ҳайрон монда бе ту.

Сумайяву Шукрона,

Гирён монда бе ту.

Куҷоӣ ту апаҷон,

Апаҷони меҳрубон.

Фариштаи заминро

Куҷо бурдӣ Худоҷон?

Ба пеши куртаи мо,

Кӣ занад гули домон?

Руҳат шоду ёдат ба хайр!

Гули ғурамарги оча…

Модари ҷигарсӯхта Савлатпочо, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi