04:52:21 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мактаби нави ронандагӣ аз фасод пешгирӣ хоҳад кард?

Пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ, ки рӯзи 27 август бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт, бо маблағгузории ширкати «Фароз», бунёд ёфтааст.

maktabi-ronandagi 2565656Намояндагони ин ширкат аз шарҳи ин ташаббуси хеш худдорӣ карданд ва Бобоҷон Худойбердиев, мудири мактаби нав мегӯяд, сармоягузорон намехоҳанд, номашон дар матбуот зикр гардад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати "Фароз" -маблағгузори асосии ин пойгоҳ ба наздикони президенти Тоҷикистон нисбат дода мешавад.

Пойгоҳи нави инноватсионии ронандагӣ аз ҷониби маркази матбуоти раисҷумҳур намунаи олии ҳамкории бахши хусусӣ ва давлат унвон шуд. Зеро фаъолияти ин пойгоҳ дар ҳамдастӣ бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ, мактабҳои ронандагӣ ва дигар сохторҳои зидахл роҳандозӣ шудааст.

Ҷаноби Худойбердиев дар суҳбат ба мо гуфт, ин марказ, бо маблағгузории ширкати «Фароз» аз ҷониби Бахтиёр Гадоев, директори генералии ҶДММ «Автосантал» ва ҳамзамон раиси Ассотсиатсияи «Ронанда ва нақлиёт» сохта шуд. Барои бунёди он 12 миллион сомонӣ сарф шуда, танҳо барои омӯзиш ва қабули имтиҳонҳои ронандагӣ ба маблағи беш аз 1,9 миллион сомонӣ 30 адад нақлиёти сабукрав, боркаш, автобусҳо ва мотосиклҳо харида шудааст.

Ҳамчунин барои сабти раванди қабули имтиҳони ронандагӣ дар майдони ронандагӣ таҷҳизоти инноватсионии компютерӣ ба шабакаи электронии ягона ба маблағи 800 000 сомонӣ васл карда шудааст.

Дарҳоле ки барои таъсиси ин мактаб чунин маблағҳо харҷ шудааст, ҷаноби Худойбердив мегӯяд, нархи таҳсил аз мактабҳои ронандагии муқаррарӣ тафовут надошта, аз 350 то 450 сомонист ва: «мақсади мо ба даст овардани даромад нест. Мо мехоҳем дар ҷумҳурӣ пешравӣ бошад. Умри одам аз ҳама қимат аст, мехоҳем роҳу нақлиёт ва ронанда зарар набинанд. Ҳадафи мо баланд бардоштани дониш, маҳорат ва маданияти ронанда аст. Фоидаро ҳисоб накардем»

Ба таъкиди ҷаноби Худойбердиев дар ин мактаб фасодкорӣ ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ комилан аз байн меравад, зеро тамоми синфхона ва майдонҳои таълимию имтиҳонӣ ба шабакаи ягонаи электронӣ пайваст аст ва ҷараёни дарс тавассути камераҳо назорат мешавад. Вай афзуд, маоши омӯзгорони ин мактаб ҳам 1500-2000 сомонӣ буда, барои зиндагиашон кифоят хоҳад кард.

Аммо ба андешаҳои ронандаҳое, ки имтиҳонҳои видеоӣ супурдаанд, дар ин тарзи имтиҳонгирӣ ҳам имкони сохтакорӣҷой дорад. Онҳо мегӯянд, ҳангоми имтиҳон сабтро рӯшан мекунанд ва вонамуд месозанд, ки гӯё ронанда мошинро идора мекунад. Вале мошин дар як ҷо меистад ва чун дар видео садо нест, найранг ошкор намешавад.

Рӯзноманигори тоҷик Ёқуби Саид, ки дар ин мавзӯъ тадқиқот анҷом додаст, мегӯяд, «нақби камера метавонад то як андоза пеши роҳи фасодро ҳангоми супурдани имтиҳон ва ба даст овардани ҳуҷҷати ронандагӣ бигирад. Аммо ин як тарафи кор аст. Довталаб метавонад маблағро дар берун супорад ва дар дохили утоқ тавассути имконоти нозирон имтиҳон супорад. Ҳамчунон дар дохили мошин ҳам чунин имкон дорад. Ин дар дасти худашон аст».

Аммо ин рӯзноманигор дар майдони алоҳидаи ронандагӣ гузаштани имтиҳонро низ чандон мувофиқи мақсад намедонад. Вай меафзояд, ки имтиҳон бояд дар роҳҳои сермошини шаҳр гузарад, то салиқаи ронандагии довталаб муайян шавад.

Зимнан, пойгоҳи инноватсионӣ дар масоҳати 1,8 гектар бунёд ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ин пойгоҳи инноватсионӣ дувумин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ дар Тоҷикистон, вале нахустин дар шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфт. Нахустин пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ моҳи июл дар шаҳри Қурғонтеппа аз ҷониби ҳамин соҳибкорон сохта шуд. Ба иттилои мақомот, чунин мактабу пойгоҳҳои инноватсионии ронандагӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин маҳсуб мешаванд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳҳо чанд адад танҳо дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мавҷуданд.

Дар назар аст, ки аз ҷониби ин соҳибкорон бо харҷи 100 миллион сомонӣ боз 6 то чунин пойгоҳҳо ва 30 мактаби инноватсионии ронандагӣ бо садҳо ҷойи кории дигар дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар то охири соли ҷорӣ омода созанд. Баъзе аз онҳо то моҳи сентябр мавриди истифода қарор мегиранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi