09:17:11 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сеҳру ҷоду – амали шайтонӣ - III

Одил ибни Тоҳири Муқбил

Ин ваъдаи сахти Расули акрам (с) бар ононест, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд. Ва чун аст ҳоли ононе, ки одамонро ба назди он тоифа роҳнамоӣ ва далолат мекунанд, ё ин, ки дар бораи онҳо ба мақомоти дахлдор хабар намедиҳанд? Бешакку шубҳа, гуноҳи онҳо азимтар ва бузургтар аст.

sehru-jodu 45544545Абдурраҳмон аз шарикаш пурсид:

-Ба ин гуфтаҳои раиси марказ чӣ мегӯйӣ?

Ӯ гуфт:

-Суханони ӯ комилан дуруст ва ҳақиқатанд.

Абдурраҳмон гуфт:

-Охир, мо бо хешам бори аввал барои кушодани гиреҳ ба назди марде ба хориҷа рафтем. Ӯ ба мо варақаҳоеро дод, ки дар онҳо оятҳои Қуръони маҷид навишта шуда буд.

Аз вай пурсидам, ки фақат аз Қуръони карим оятҳо буданд? Ҷавоб дод, ки на фақат, балки ҳар гуна рақамҳову ҳарфҳо ҷудо-ҷудо, чоркунҷаву секунҷаҳо низ вуҷуд доштанд, инчунин ба мо моддаи хушбӯе мисли мушк ва лодан низ дода, амр намуд,ки онро се бор сӯзонда, дуд андозем, як бор вақти тулӯъи офтоб, дуюмӣ ҳангоми нисфирӯзӣ ва бори сеюм ҳангоми ба ғуруб рафтани офтоб. Ман ба Абдурраҳмон ҳамин гуна варақаҳоро нишон додам ва ӯ тасдиқ кард, ки айнан ҳамин гуна варақаҳоро ба вай ҷодугар дода буд ва илова кард:

-Магар ин сеҳр аст, чӣ тавр он шахсро мо ҷодугар меномем, дар ҳоле ки вай аз Қуръони карим оятҳоро навиштааст ва дар онҳо номи Худованди бузург зикр шудааст? Ӯ ба мо гуфт ки ин корҳо аз авлиё ва анбиё ба мо омадааст, онҳо илми ладуннӣ доранд, илме ки Худо барои онҳо ато намудааст, ки на ҳамаи инсонҳо аз ин илм бархурдор ҳастанд.

Ба вай гуфтам, ки ҷодугарон бо истифодаи каломи мубораки Аллоҳ Таъоло ва ҳарфҳои алоҳидаи он мисли "Ёсин, алиф, лом, мим" аввалан, мардуми авомро ба доми фиреб мекашанд, мисле ки туро фиреб доданд, дуюм, ин нисбати Худованди Мутаъол беҳурматӣ ва таҳқиру иҳонат аст. Ҷодугарон бо истифодаи ҳарфҳои ҷудогонаи аввали оятҳо шайтонҳоро ба онҳо қаробат медиҳанд, чунки ҳар як ҳарфу тилисм ин имдодталабӣ ва ёрӣҷустан аз шайтонҳост.

Аммо агар кори ҷодугарро доир ба дуд кардани хушбӯйӣ дар вақтҳои муайян гирем, ин ҷо низ аз ҷихати шаръӣ сабабҳои манъи он дида мешавад. Аввалан, вақти тулӯъи офтоб, Расули акрам (с) дар ин вақт намозгузориро наҳй кардаанд ва фармудаанд: "Намози худро ҳангоми тулӯъи офтоб ва ғуруби он нагузоред, чунки офтоб дар байни ду шохи шайтон мебарояд". (Ҳадиси набавӣ бо ривояти Бухорӣ ва Муслим). Дуюм, нисфирӯзӣ вақти гаштугузори шайтонҳост. Расули акрам (с) дар ин маврид фармудаанд: "Нисфирӯзӣ дам гиред, чунки шайтонҳо ҳангоми нисфирӯзӣ истироҳат надоранд". (Ҳадиси ҳасан бо ривояти Табаронӣ дар китоби "Ал-Авсат").

Сеюм, вақти ғуруби офтоб. Расули акрам (а) дар ҳадисҳои набавӣ фармудаанд, ки дар ин вақт кӯдаконро аз гардиш боздоред, чунки ин вақти баромадани шайтонҳост. Кӯдакони худро дар вақти торикшавӣ ва фарорасии шом то гузашта рафтани он боз доред, чунки он вақти гаштугузори шайтонҳост. (Ниг. китоби "Саҳеҳ-ул-адаб ал-муфрад", саҳ. 477).

Бо амри худ нисбати дудандозӣ дар вақтҳои дар боло зикршуда, ки дар ин вақтҳо шайтонҳо гаштугузор мекунад, ҷодугару фолбин иззату икроми худро нисбати шайтонҳо нишон медиҳанд.

Абдурраҳмон пурсид, ки иззату икроми шайтонҳо чӣ гуна мешавад? Ба вай гуфтам, ки вақте ба хона меҳмон меояд, ту чӣ кор мекунӣ?

Гуфт:-Ӯро бо хӯроку шарбат зиёфат медиҳам, яъне иззату икроми меҳмонро ба ҷо меорам.

Гуфтам: -Ана ҳамин тавр, ҷодугарону соҳирон низ ҳамчун муридони шайтон бо ҳамин гуна хушбӯйиҳое, ки ба мардуми нодон мефармоянд, иззату икроми шайтонро ба ҷо меоранд. Аммо ин, ки онҳо даъвои донистани илми ладунниро мекунанд ва номи Худованди бузургро мегиранд, ин ҳама усулу воситаи ҷодугару фолбинони фиребгару даҷҷол аст, ки бо ин роҳ бар ақли оммаи мардум ҳукмрон шуда, моли онҳоро ба ботил мехӯранд, афкору ақидаҳои онҳоро вайрон мекунанд ва ягон зарра андешае надоранд, ки шарафу виҷдон ва имони худро аз даст медиҳанд.

Дини Ислом дини мубину равшан аст ва ақидаҳои динии мо шаффофу ноб ҳастанд. Дар дини мо фикру ақоиди пардапӯшона вуҷуд надорад. Дар дини мубини Ислом илм ба илми зоҳир ва илми ботин ҷудо карда намешавад, ки он фақат хоси даъвои махсуси мардум бошад. Чӣ тавре ки дар Қуръони маҷид омадааст:

"Ҳаром шуд бар шумо мурда ва хун ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ хафашуда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш забҳаш кунед. Ва низ ҳар чӣ бар пойи бутон забҳ шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор тақсим кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш навмед шудаанд. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати Худ бар шумо тамом кардам ва Исломро дини шумо баргузидам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад, бидонад, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!" (Сураи "Моида", ояти 3).

Расули акрам (с) танҳо баъд аз он ки тамоми мавзӯъҳо ва аҳкоми дини мубини Исломро ба уммати худ шарҳу баёну равшан карданд ва рисолати худро ба ҷо оварда, сипас аз ин дунё реҳлат карданд, ки ояти дар боло овардашуда далели ин гуфтаҳост. Ҷодугар ва фолбин ба ҷойи ба Худованди Раҳмон рӯй овардан, мададу дастгирӣ аз шайтон металабанд…

Дари наҷот ба рӯйи ин гурӯҳи гумроҳ бастааст. Нисбат ба касе, ки шахси дигарро ба назди фолбину ҷодугар роҳнамоӣ мекунад, айнан ҳамин ҳукм равост. Бинобар ин, Худованди Мутаъолро яккаву ягона дониста аз даъваткунандагони ба роҳи баду шайтонӣ нашавед, назди Парвардигори Баландмартаба тавба намуда, касеро, ки ба сӯйи фолбину соҳир раҳнамоӣ намудед, онҳоро бо насиҳату машварат додан аз ин роҳи хато гардонед; доир ба кадом фолбину ҷодугаре маълумот дошта бошед, ба мақомоти дахлдор хабар диҳед, то нисбати онҳо ҳукми илоҳӣ татбиқ гардад, чунки дину ойин бояд холисанлиллоҳ бошад, на аз барои тамаъҷӯйии ҳар гуна фолбину ҷодугарҳои маккору фиребгар.

Абдурраҳмон гуфт:

-Дар назди шумо шаҳодат медиҳам, ки онҳоеро, ки сӯйи фолбину ҷодугар равона карда будам, онҳоро насиҳат мекунам, ки аз ин роҳи нодуруст баргарданд ва аз ин амалҳои шайтонӣ ҳазар кунанд. Шумо ҳоло ба мо фаҳмонед, ки фолбину ҷодугарону коҳинонро бо чӣ гуна нишонаҳояшон аз онҳое, ки ба тариқи шаръӣ дуъохонӣ мекунанд, фарқ намоем, то ки дигаронро аз доми фиреби онҳо раҳо кунем ва дуюм, касоне, ки ба сеҳру ҷоду гирифтор мешаванд, чӣ гуна аз он раҳоӣ ёбанд.

Гуфтам:

-Алҳамдулилоҳ, ҳақиқат возеҳу равшан аст ва ман, иншоаллоҳ, ба шумо нишонаҳои ҷодугарону соҳирон, фолбинону коҳинон ва чӣ гуна аз банди сеҳру ҷоду раҳо ёфтанро ба шумо баён хоҳам кард.

НИШОНАҲОИ ҶОДУГАРУ КОҲИН

Ҷодугару коҳин нишонаҳои зиёде доранд. Аз ҷумла:

1. Аввал аз шахси бемор ё ниёзманд номи ӯ ва номи модарашро мепурсад.

2. Ягон ҳайвони дорои сифатҳои муайянро аз вай талаб мекунад.

3. Хуни ҳайвони қурбоншударо талаб карда, онро ба ҷойҳои дардманди бемор мемолад ва хуни мурғ ё хурӯси қурбоншударо амр медиҳад, ки ба ягон ҷойи вайрона ё дар таги ягон санг ё дарахте партояд.

4. Аз шахсе, ки ба назди вай меояд, ягон нишона, мисли либос, таҳпӯшак ё шона, нохун, мӯй сурат талаб мекунад

5. Дар тилисм ё тумор ҳар гуна рамзҳо, ҳар гуна ҳарфҳои ҷудогона, рақамҳо, чоркунҷа, секунҷа ва давраро менависанд.

6. Ба одами бемор тумори калон ё майда, секунҷаву чоркунҷаи дар пӯст печондашуда ё дар даруни пораи оҳанӣ ё нуқрагӣ буда медиҳад. Дар даруни ин гуна туморҳо мададҷӯйи мушрикона ё ҳар гуна рақаму ҳарфҳо навишта шудаанд. Фолбину ҷодугарон ва коҳинон ба шахси бемор мефармоянд, ки онро дар гардани худ ё дар китфи худ овезад, ё дар таги болишташ гузорад.

7. Ришта, мӯй ё ресмони гиреҳкардашуда.

8. Ба шахси бемор ягон ашёеро медиҳад, ки онро бояд дар замин гӯронад.

9. Ба бемор варақаҳои ҷодукардашуда ва маводи бухурро медиҳад, ки бемор бояд онро вақти тулӯъ ва ғуруби офтоб ё нисфирӯзӣ дуд андозад.

10. Дар зарфи шишагин, дар табақи сафолӣ ё дар пораҳои чӯбин ё заъфарон ҳарфҳои ҷудогонаро навишта, ба бемор мефармояд, ки ин навиштаҷотро дар об ҳал намуда, сипас он обро бинӯшад.

11. Инчунин зарфи обдореро, ки дар дохили он варақаҳои тилисмдошта ки дар онҳо мадад аз шайтон хоста мешавад, ба бемор пешниҳод ва вайро мефармояд, ки бо ин об дар ҷойҳои вайронаи беодам ва гӯристонҳои хароба шустушӯ намояд.

12. Хат кашидан дар рӯйи рег (раммолӣ, рамл).

13.Фол дидан дар зарфи қаҳванӯшӣ.

14. Фолбинӣ аз рӯйи кафи даст.

15. Ба сангчаҳо ва бо доначаҳои хурмо ва бо донаҳои ҷав дар рӯйи пӯстак ё дар болои латтапора фол мебинанд.

16. Рехтани сурби гудохташуда.

17.Ангуштарини бо рамзу тилисмҳо нақш додашударо ба бемор медиҳад.

18. Худро чун табиби мардуми вонамуд карда, дар назди худ алафҳои гуногун ва зарфҳои моеъҳои ҳарранга доштаро мегузорад.

19. Ба бемор мефармояд, ки муҳраи кабудро дар гардани худ ё дар мошинаш ё дар дохили манзилаш овезон кунад.

20. Ба бемор мефармояд, ки дар рӯзҳои махсус либосҳои муайянеро пӯшад, ки пур аз нақшу нигори ҷоду ва тилисм мебошанд.

21. Ҷодугарон, наузанбиллоҳ, оятҳои Қуръони маҷидро бо ибораҳои мушрикона, рамзҳо ва расмҳои хабисона омезиш дода, онро бо наҷосатҳо ва хуни ҳайзи занон менависанд, ки аз ин таҳқири бузургтаре нисбати Қуръони азимушшаън нест. Мақоми Худованди Мутаъол ҳар коре, ки ин золимон накунанд, беҳисоб баландмартаба аст.

22. Соҳир ё коҳин ба шахси беморе, ки ба вай муроҷиъат мекунад, чизҳои аҷибе ба мисли тухме, ки болояш ҳар гуна нақш, рамзи тилисм дошта ё қуфли дар пӯст печонидашудаи тилисм кардашударо медиҳад.

23. Ба бемор бо худ нигоҳ доштани пӯст ё дандони гург ё риштаи сиёҳро дар мошинаш нигоҳ доштанро мефармояд. Ҳамаи ин хилофи он чӣ ки Аллоҳ Таъоло ба бандааш амр намудааст ва он чи ки дар ҳадисҳои мубораки набавӣ аст, равона карда шудааст, чунонки дар ҳадиси набавӣ омадааст: "Он чи ки мутааллиқ аст ба ғайри Худо ва амсоли ӯ".

24. Аз бемор чизҳои нодиреро талаб мекунад, ки дар дарёфт намудани онҳо бемор оҷиз мемонад ва ба ивазаш соҳир маблағи калони молиро талаб менамояд ва ба вай мегӯяд, ки ман ин чизҳоро барои ту аз макони ҷин пайдо ва дарёфт мекунам. Масалан, ба ӯ дарёфт кардани ёздаҳ адад муше, ки дар вақти пешин сайд карда шуданд ё муши ятим ё маймуни кӯрро талаб мекунад.

25. Соҳир ё ҷодугар аз шахси муроҷиъаткарда номи вайро ё номи модараш ё аз кадом минтақа омаданашро ва ё мушкилие, ки вай бар он гирифтор шудааст ва ӯро водор намудаст, ки ба вай муроҷиъат намояд, мепурсад.

26. Ба баъзе беморон (шахсоне ба ҷоду гирифторшуда) об медиҳад ва мефармояд ки онро дар зери ситораҳо гузорад ин обро "оби ситора" меноманд, ки ин низ аз амалҳои сеҳру ҷоду аст.

27. Замзама ва тиловати нофаҳмо аз тилисму ҷоду.

28. Ба бемор (шахси ба ҷоду гирифторшуда) бастани ресмон ё риштаро дар дарахти муайяне мефармояд.

Бо чунин мисолу далелу рамзҳои сеҳру ҷоду, ки дар боло нисбаташон гуфта гузаштам, мехостам сирру асрори соҳирону коҳинон ва ҷодугаронро ба шумо бародарони мусалмон фош ва ошкор намоям, то ки аз чунин шахсони фиребгару қаллоб доимо дар ҳазар бошед ва ба онҳо ҳеҷ гоҳ муроҷиъат нанамоед, чунки шумо бо ин васила алоқаи худро аз Аллоҳ Таъоло меканед ва худро ба азоби сахт гирифтор мекунед.

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi