21:30:39 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Орзуҳои сабзи Сабзагул ва вазъи ВИЧ-СПИД дар Тоҷикистон

1-уми декабр - Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВИЧ-СПИД

Ҳоло дар Тоҷикистон 5382 нафар бо вируси норасоии масъунияти одам ё СПИД сабти ном шудааст, ки 3915 нафарашон мардҳо ва 1467 нафарашон занҳо мебошанд. Дар вилояти Хатлон 1219 нафар, дар вилояти Бадахшон 353 нафар ва дар вилояти Сӯғд 1026 нафар сабт шудаанд. Дар шаҳри Душанбе теъдоди онҳо 1834 ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ  950 нафаранд.

vich-spid-4857444Сабзагул, номи шартии як зани 25-солае аз вилояти Хатлон аст, ки ӯ ва шавҳари  27- солааш ду соли ахир бо вируси норасоии масъунияти одам ё ВИЧ-СПИД зиндагӣ мекунанд. Сабзагул мегӯяд, ки ин беморӣ аз шавҳари маҳоҷираш ба ӯ сироят кардааст ва ҳоло онҳо дар якҷоя ба ин беморӣ зиндагии зебоеро доранд:

"Шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин беморӣ гирифтор шуд ва ба хона баргашт ва ман ҳам гирифтори ин беморӣ шудам. Фаҳмидем, ки гирифтори вируси норасоии масъунияти одам ҳастем ба назди духтуронони маркази СПИД рафтем ва аз онҳо машварат гирифтем. Духтурони маркази СПИД барои мо дору медиҳанд ва мо ин доруҳоро доим дар вақти муъаян истифода мекунем ва мисли даҳҳо хонаводаи ҷавони тоҷик зиндагӣ мекунем. Ҳоло шавҳарам дар Тоҷикистон ҷои кори доимӣ дорад дигар ба муҳоҷират намеравад."

Урозҷон, номи шартии шавҳари Сабзагул аст, ки баъди огоҳ шудан аз беморияш андуҳзада шуд, вале чун огоҳ шуд, ки духтурон бо муносибати хуб ба онҳо машварат медиҳанд дилаш ба зиндагӣ дигар шуд. Баъди машварати равоншиносони маркази СПИД ва машварати дигар духтурон Урозҷон кор мекунад ва зиндагияшонро пеш мебаранд.

Онҳо аз маркази СПИД доруҳое, ки барояшон роигон дода мешавад, пайваста истеъмол мекунанд ва зиндагии хубе доранд. Ин доруҳо бемориро дар тани одам маҳв ё маҳкам мекунад ва намегузорад, ки беморҳои дигаре дар одам хуруҷ кунад.

Ҳоло Сабзагул ва Урозҷон мисли даҳҳо хонаводаи тоҷик фарзанди аввалини худашонро интизор ҳастанд ва ин фарзанд самари муҳаббати онҳо мебошад, ки бо назорати духтурони марказ бо роҳи амали ҷароҳӣ сиҳат ва бидуни вируси масъунияти одам гирифта мешавад.

Саъбагул ва Урозҷон дар аввал бовар намекарданд, ки аз онҳо фарзанди солим ба дунё меояд, вале ин илми пешрафтаи тиб мебошад, ки дар Тоҷикистон низ амалӣ мешавад. Хонаводаҳое, ки гирифтори вируси норасоии масъунияти одам ҳастанд, метавонанд фарзанди солимро ба дунё биёранд.

Гузашта аз ин дар Тоҷикистон 175-кӯдак аз модар ва падари дорои ВНМО ё СПИД ба дунё омадааст, ки онҳо сиҳат ҳастанд ва мисли кӯдакони волидайни солим зиндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки ба кӯдаконе, ки солим таваллуд мешаванд, истеъмоли шири модар иҷоза дода намешавад, чун шири модар як роҳи сироятёбии кӯдак аз модараш мебошад.

Ҳар нафаре, ки медонад ба ин беморӣ гирифор шудааст ё нишонаҳои ин бемориро дар худаш эҳсос мекунад, бояд ба назди духтурони маркази СПИД равад ва дар назорати духтурон бошад. Машварати табибон ва ҳама намуди хизматрасонӣ ба ин беморон ва додани доруҳо ройгон мебошад. Доуруҳое, ки ба беморон дода мешаванд, намегузорад, ки ин беморӣ дар тани одам хуруҷ кунад ва бемориро дар одам мебандад.

Ба ин хотир дар Тоҷикистон Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки дар ҳама шаҳру навоҳӣ намояндагӣ дорад, метавонанд биёянд ва машварат бигиранд.

Ин гуна марказҳо дар Тоҷикистон 36 адад мебошанд, ки шахсони гирифтори ВНМО онҷо бо роҳи пинҳонӣ ё бидуни огоҳии дигарон аз машварати духтурон истифода мекунанд ва барои худ доруҳоеро, ки пешбинӣ шудааст, мегиранд.

Мутахассисоне, ки ба марказҳои СПИД ба кор меоянд ба онҳо муносибат ба беморон ва тарзи машваратдиҳӣ омӯзонида мешавад ва ҳамаи онҳо муносибати хубе бо беморон доранд. Ҳамин муносибати хуби духтурони марказҳои СПИД аст, ки беморон зиёд муроҷиат мекунанд ва машварат мегиранд.

Мо даъват мекунем, ки нафаре агар аз бемории худ огоҳ мешавад бояд ба марказҳои СПИД муроҷиат кунад ва аз доруҳои бастани хуруҷи беморӣ истифода кунад. Ин доруҳо намегузоранд, ки дар мариз бемориҳо хуруҷ кунанд ва одам метавонад мисли пештара кору зиндагӣ кунад. Доруҳое, ки мо тавсия медиҳем як умри бояд дар соати муаян аз ҷониби беморон истифода шаванд.

Бемории ВИЧ СПИД ё вируси норасои масъунияти одам натанҳо ба роҳи алоқаи ҷинси бидуни истифода аз рифола, балки бо роҳи истифода аз хуни афроди гирифтор ба ин беморӣ, истифодаи сузандоруе, ки гирифторони бемор истифода кардаанд, умуман аз роҳи хуни бемор ба хуни афроди солим расидан ин беморӣ сирят мекунад ва боз кӯдак аз истифодаи шири модараш гирифтори бемории сироятии вируси норасоии масъунияти одам мешавад.

Гирифтор шудан ба ВНМО ё СПИД ин охири зиндагӣ шумо нест, зиндагии солими шумо бештар аз худи шумо вобастааст. Шумо метавонед, ки бо ин беморӣ озуҳои худро амалӣ созед ва зиндагии шоиста дошта бошад. 

Зуҳро Нурламинова, мудири маркази СПИД-и ҷумхуриявии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi