19:19:56 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҷарроҳии қалб: Дар Тоҷикистон ё хориҷа? Кадом беҳтар?

Солҳои охир дар Тоҷикистон ҷарроҳӣ ва муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳои хунгард миёни мардуме, ки худ ва ё наздиконашон ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ба як мавзӯи доғи рӯз табдил ёфтааст. Мутаассифона, теъдоди ин гуна мардум кам нест. Оё дар Тоҷикистони мо шароити табобати чунин беморон пайдо шудааст, ё хайр? Чӣ пешравиҳову чӣ камбудиҳо дорем дар ин самт? Инак дар ин бора хабарнигори «Рӯзгор» Ганҷинаи Холназар суҳбате оростааст бо Алиҷон Ғоибов, доктори илмҳои тиб, профессор ва сармутахассиси Вазорати тандурустӣ оид ба бемориҳои ҷарроҳии рагҳои хунгард ва сарвари ягона Маркази ҷарроҳии рагҳои хунгард ва қалб дар ҷумҳурӣ.

ghoibov 454578787-Сараввал донистан мехостем, ки Марказ кадом навъи хизматро метавонад ба муштариёнаш ё мизоҷонаш адо намояд?

- Ташаккур, дар Маркази мо ҳама гуна ҷароҳии қалб ва рагҳои хунгард гузаронида мешавад. Ҳатто мушкилтарин ҷарроҳии қалбро мо амалӣ карда метавонем, ки дар баъзе аз кишварҳои минтақа чунин амалиёт гузаронида намешавад.

-Чаро мавзӯйи ҷарроҳии қалб дар кишвар ба як мавзӯйи баҳсбарангез табдил ёфтааст?

- Воқеан ҳам атрофи масъалаи ҷарроҳии қалб дар кишвар нисбат ба дигар навъи бемориҳо чӣ миёни мардум ва чӣ расонаҳои хабарӣ баҳс зиёд ба назар мерасад. Зеро ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳо агар аз як тараф душвор бошад аз ҷониби дигар бисёр гаронбаҳо аст, ки боиси эҷоди мушкилоти иқтисодӣ миёни мардум мегардад.

Азбаски табобати бемориҳои дил ва раг хароҷоти зиёдро талаб мекунад аз ҷониби беморон норозигӣ ба миён меояд. Бинобар ин як нуктаро қайд карданиям, ки табобат ва ташхиси бемориҳои дилу рагҳои хунгард дар ҳама ҷо арзиши гарон доранд. Масалан, як амалиёти ҷарроҳии дил ё рагҳои калони хунгарди наздикии дил дар Олмон аз 15 то 17 ҳазор  евро арзиш дорад. Дар Русия бошад  қиммати он аз 12 то 14 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад. Дар Эрон ҳам амалиёти ҷарроҳии дил ё рагҳои хунгарди наздики он тақрибан мисли Россия арзиш дорад.

-Арзиши ин гуна ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст?

-Дар Тоҷикистон нисбатан арзонтар аст. Ҳатто 8 ҳазор доллар ҳам намешавад. Азбаски бештари гирифторшудагони бемориҳои қалбӣ мардуми камбизоатанд, онҳо ҳамин маблағи ночизро ҳам пайдо карда наметавонанд. Аммо ба ин гуна беморон ҳамчун кӯмак аз захираҳои марказ амалиёти ҷарроҳӣ мегузаронем.

Масалан, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар як кӯдаки аз 10 то 15 сола чоруним панҷ ҳазор доллар сарф мешавад, ки беш аз навад дар сади ин маблағ барои худи бемор сарф карда мешавад. Агарчи ин ҳам гарон бошад, аммо ман гумон мекунам, дуруст аст, дигар илоҷ нест. Барои гузаронидани ҷарроҳӣ ва натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан бояд харҷ кард. Он маводҳое, ки барои амалиёти дил истифода мешаванд барои мисол клапанҳои дил, ё асбоб барои истифодабарии хунгардии сунъӣ, раги хунгардии (протези) сунъӣ, ё маводҳое, ки барои дилро аз кор монондан ва баъди ҷарроҳӣ боз ба кор даровардан истифода мешаванд хело гаронбаҳо ҳастанд.

Асосан маблағ барои ҳамин гуна маводҳо сарф мешавад, на барои кори духтурон. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда дар мо ҷарроҳии қалб хело арзон аст. Беморон маблағ камтар сарф мекунанд. Инчунин ҳамон қисми маблағе, ки мо бояд барои тараққиёти соҳа захира кунем аз ҳамин ҳисоб аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд клапани арзон харидорӣ намоем. Ё рагҳои хунгардии сунъии пастсифатро бихарем.

Дар ҷумҳурии худамон ду марказ ба табобати ин гуна беморон машғуланд: Маркази кардиология ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳо. Имрӯз дар ин марказҳо шароити табобати беморон вуҷуд дорад, агарчанде баъзе маводҳоро худи беморон дастрас мекунанд. Дар солҳои баъдиҷангӣ имкониятҳои мо хело маҳдуд буданд, ки ин боиси норозигии мардум нисбати ҷарроҳии бемории дил дар кишвар гардида буд.

Ҳукумати Тоҷикистон инро ба инобат гирифта барои қонеъ гардонидани талаботи мардум барои маркази мо ва маркази кордиология бо маблағи хело гарон асбобҳои ҳозиразамонро харидорӣ кард. Мо алҳол имкониятҳое зиёде дорем. Дар ҳоли ҳозир шароити ҷарроҳӣ кардани кӯдакони навзодро, ки нуқсони дили модарзодӣ доранд, дорем. Стенгузории рагҳои дил, ба бемороне, ки сактаи қалб гузаронидаанд ё хавфи сакта доранд, бо сифати хело баланд гузаронида мешавад.

Мо дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда табобати бемориҳои дилро бо истифода аз усули ҳуҷайрадармонӣ дар Тоҷикистон истифода кардаем. Оиди ин иқдоми табибони тоҷик мутахассисини хориҷӣ зиёд мегӯянд. Ҳамчунин як сол мешавад мо дар як марҳила ду навъи ҷарроҳиро мегузаронем: ҷарроҳии кушода ва эндоваскулярӣ. Мо ин навъи ҷарроҳиро бо муваффақият идома дода истодаем, ки то ҳол маълумоте нест ин амалиёт дар дигар кишварҳои минтақа гузаронида мешавад ё не? Аммо ин усули амалиёти ҷарроҳӣ яке аз усулҳои асосии амалиёти дилу рагҳои хунгард дар Аврупо гардидааст.

- Маъмулан дар як сол чӣ қадар амалиёти дил ва рагҳои хунгарди дил гузаронида мешаванд?

- Масалан, дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ 104 амалиёти ҷарроҳӣ дар дил бо истифода аз асбоби хунгардии сунъӣ гузаронида шуд, ки ин амалиёти хело мураккаб ба ҳисоб меравад. Мураккаб ба он маъно, ки ҳам маблағи бештар талаб мекунад ва ҳамзамон аз табибон заҳмату диққати ҷиддӣ. Ин дар ҳолест, ки панҷ сол пеш ҳамагӣ 30-35 чунин ҷарроҳӣ гузаронида мешуд.

-Бемориҳои дил бештар дар кадом табақаи ҷомеа дида мешавад?

-Беморриҳои дилро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: бемории модарзодӣ ва дар давоми ҳаёт пайдо мешуда. Бемориҳои модарзодро метавон дар хонадони вазир ҳам мушоҳида карду дар оилаи як шахси камбизоат ҳам. Имкони модарзод бемор таваллуд шудан дар ҳама табақаҳои ҷомеа ба назар мерасад. То ҳол касе муайян  накардааст, ки бемориҳои модарзод дар кадом қишри ҷомеа бештар аст. Аммо бемориҳое, ки дар давоми ҳаёт пайдо мешавад дар оилаҳои имкони молияшон хуб камтар мушоҳида мешавад. Зеро онҳо имкони сари вақт табобат кардану назди духтур рафтанро доранд. Дар оилаҳои камбизоат бошад шумораи бемориҳои дар давоми ҳаёт пайдо шуда бештар аст. Чунки онҳо шароити сари вақт ташхису табобат карданро надоранд.

-Дар шаш моҳи соли ҷорӣ чӣ қадар беморон ба таври ройгон ҷарроҳӣ шуданд?

- Шумораи бемороне, ки камбизоат ҳастанд хело зиёданд, лекин на Ҳукумати Тоҷикистон ва на Вазорати тандурустӣ ва маркази мо имкони ба таври ройгон табобат кардани ҳамаи онҳоро надоранд. Он маводҳое, ки барои ҷарроҳӣ лозиманд, аз хориҷа оварда мешаванд. Онҳоро ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя пайдо кардан ғайриимкон аст. Ё аз Русия ё аз Олмон ва аз Эрон харидорӣ мешаванд.

Нархашон ҳам хело гарон ҳастанд, аммо ба ин нигоҳ накарда ҳамасола дар маркази мо аксия вуҷуд дорад. Ҳукумати шаҳр тасмим дорад ба 150 нафар, ки бемории қалб доранду камбизоат ҳастанд, кӯмак карда, ба таври ройгон ҷарроҳӣ шаванд. Алаккай аз ҳисоби Ҳукумати шаҳр ҷарроҳии чанд беморро оғоз кардем. Вазорати тандурустӣ ҳам ҳамасола маблағ ҷудо мекунад то мо барои табобати нафарони камбизоат истифода барем. Марказ бошад аз ҳисоби захираҳои худ ба онҳое кӯмак мекунад, ки беморияшон ҷарроҳии таъҷилиро талаб мекунанд, вале ягон хел маблағ надорад.

-Зиёдтар кадом синну соли одамон ба бемориҳои қалбӣ гирифтор мешаванд?

-Хонадоне, ки беморони нуқсонҳои модарзодӣ доранд, бояд то синни сесолагии ба мо муроҷиат кунанд. Дар Аврупо нафароне, ки модарзод беморҳои дил доранд, аз панҷсола калон нестанд, зеро то синни се ва панҷсолагӣ алаккай онҳо табобат мегиранд. Дар Тоҷикистон чунин нест. Бемороне, ки синну солашон аз се то панҷсола муроҷиат мекунанд, бениҳоят каманд. Бештари вақт беморонро дар ҳолате меоранд, ки дигар модару падар тоқати дидани азоби фарзандро надоранд. Баъди даҳ солагӣ, ки беморӣ дигар намегузорад, ки инсон зиндагии солимона дошта бошад, маҷбур мешавад ба мо муроҷиат кунанд. Дар синни 12 ва15 солагӣ ҳолати бемор хело душвор мегардад. Аз рӯй гуфтаҳои олимон ва китобҳои илмӣ чунин беморон аз 25 то 28 сол умр мебинанд.

-Солҳои пештар шаҳрвандон барои муолиҷаи бемориҳои қалбӣ зиёд ба хориҷа мерафтанд, ҳоло чӣ?

-Яке аз сабабҳои рушд ёфтани соҳаи мазкур дар Тоҷикистон маҳз ҳамин муроҷиати шаҳрвандон ба хориҷа буд. Вақте шаҳрвандони зиёд барои табобати ин навъ бемориҳо талош мекарданд, ки ба хориҷа раванд, Ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае омад, ки шароити табобатро дар дохили кишвар муҳайё созад. Таҷҳизоти пешрафтаи техникиро аз хориҷа харидорӣ намояд. Дорухонаҳо барои фуруши дастгоҳу дорувориҳо ташкил кунад. Мутахассисони ҷавонро гуруҳ-гуруҳ барои омӯзиш ба кишварҳои Чину Русия ва Аврупо бифиристад. Кадрҳое, ки соҳаро бисёр хуб мефаҳмад, пайдо шуданд. Ин имкон дод, ки амалиётҳои ҷарроҳиро дар кишвар бидуни иштироки мутахассисони хориҷӣ гузаронем.

-Оё Марказ бо кадрҳо пурра таъмин аст ё ҳанӯз ҳам камбуди онҳо ба назар мерасад?

-Такрор мекунам, ки ин ягона Марказ аст ва бемориҳои қалбу рагҳои хунгард дар дигар беморхонаҳои Тоҷикистон табобат ва ташхис намешаванд. Бинобар ин пӯшида нест, ки барои ҳашт миллион аҳолӣ як Марказ кам аст. Яъне зарурияти ташкил кардани чунин марказҳо боз ҳаст. Дар мо дар чанд соли охир мутахассисони соҳаи мазкур пайдо шуданд. Масалан се сол пеш ба кӯдакони то сесола амалиёти ҷарроҳӣ намегузаронидем.

Ҳоло бошад кадрҳоеро дар ин самт тайёр кардаем, ки омодаанд чунин амалҳоро анҷом диҳанд. Соли гузашта 16 нафар  дар давоми ҳашт моҳ дар Чин дар соҳаи кардиоҷарроҳӣ такмили ихтисос карданд. Аммо ба ҳар ҳол анистезолог, реаниматологи соҳаи кардиоҷарроҳӣ кам ҳастанд. Миқдори ҷарроҳон кофӣ аст, аммо онҳо наметавонанд беморо то охир нигоҳубин кунанд.

Зеро кори онҳо баъди се ё чор соати ҷарроҳӣ анҷом меёбад. Баъди амалиёти ҷарроҳӣ бошад бояд анистезологҳои соҳа, реаниматолог, кардиореаниматологҳо, перфузиологҳо кор кунанд. Ҳатто кормандони миёнаи соҳаи тиб бояд ба қадри лозима бошанд. Ба ҳар ҳол умедвор ҳастем, ки Марказ бо кормандони соҳаи мазкур ҳам оҳиста-оҳиста таъмин мешавад.

-Ташаккур барои суҳбат.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №19, 09 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi