15:34:35 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нақзи меъёрҳои экологӣ аз ҷониби корхонаҳои Душанбе

Темур Раҷабализода, барои "Рӯзгор"

Ҳарчанд  дар Душанбе корхонаҳои саноатӣ зиёд нестанд, аммо бештари онҳо зимни фаъолияташон тамоми меъёрҳои экологиро нақз мекунанд. Ахиран Людмила Бобритская, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, зимни боздид аз корхонаҳои Душанбе дар ҳузури хабарнигорон диққатро ба он ҷалб намуд, ки дар аксарияташон коркарди дубораи об роҳандозӣ нашудааст ва партовобҳои ин корхонаҳо ба дарёи Душанбе ихроҷ мегарданд.

ekologiya-56556454Аз ҷумла корхонаи коркарди пӯст, "Истиқо" партовобҳои заҳролудро ихроҷ мекунад. Корхонаи дигаре, ки  оби ифлосаш ба дарёи Душанбе ворид мешавад, корхонаи сементбарории "Декорсервис" дар маҳаллаи Лучоби пойтахт мебошад. Дар қатори чунин корхонаҳое, ки меъёрҳои экологӣ дар онҳо умуман риоя намешавад, корхонаҳои арматурбарорӣ мебошанд, ки аксарашон аз ҷониби чиниҳо дар қаламрави пойтахти Тоҷикистон ташкил шудаанд.

Худи масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе низ эътироф мекунанд, ки корхонаҳои арматурабарории дохили пойтахти Тоҷикистон бо технологияи кӯҳнаи аввалҳои асри 20 -и давлати Чин фаъолият доранд, ки айни ҳол умуман аз саноати Чин хориҷ гардида, татбиқашон дар ягон нуқтаи ин кишвар иҷозат нест. Аммо дар Тоҷикистон ин корхонаҳо бемалол фаъолият мекунанду масъулин дар баробари онҳо чораандешие намекунанд.

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ зимни як нишаст дар Душанбе дар мавриди далели фаъолияти ин корхонаҳо гуфтанд, ба шаҳрдорӣ пул даркор аст: "Дар мавриди зарари корхонаҳои арматурабарорӣ чандин бор ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардем. Вақте меравӣ, мегӯянд ба мо метал лозим, ба шаҳрдорӣ пул даркор аст, чӣ кор мекунед, акнун?". Шамс Назаров, сардори шӯъбаи ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон таъйид намуд, ки воқеан корхонаҳои оҳангудозӣ дар Душанбе мушкили экологиро ба миён овардаанд.

Ӯ ба Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ишора карда, афзуд, ки маҳз бо иҷозати ин ниҳод корхонаҳои оҳангудозӣ фаъолияти худро оғоз кардаанд: "Бояд дар ин корхонаҳо дастгоҳҳои тозакунӣ низ пешбинӣ мешуд. Агар чунин дастгоҳҳо мебуданд, ҳоло арзу шикояти мардум низ аз ин корхонаҳо камтар мешуд."

Қаблан зимни як нишаст дар Душанбе Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва захираҳои об (номи қаблияш Вазорати энергетика ва саноат) дар мавриди он ки, чаро иҷозат додаанд, то дар пойтахти Тоҷикистон корхонаҳои оҳангудозӣ бо технологияи кӯҳнаи миёнаҳои асри гузаштаи Чин, бо вайрон намудани тамоми меъёрҳои экологӣ фаъолият намоянд, ҷавоб дод, ки барои технологияи нав овардан зурашон намерасад:

"Дуюм то солҳои 80-уми асри гузашта Чин давлати камбағал буд ва ҳамин хел технологияро истифода мекард. Баъд соҳиби маблағ, ки шуданд техникаҳои нав ворид карданд, ё худашон таҷҳизот ихтироъ намуданд. Ё Япония, ки дар давоми 50 сол худашон кор карданд, таҷҳизот истеҳсол карданд, коркард карданд ва имрӯз як давлати абарқудрат шуд".

Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, делели манъ нанамудани фаъолияти корхонаҳоро ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо меноманд. Дар ҳоле, ки Кумита бояд табиат ва ба ҳамин восита саломатии одамонро ҳифз намояд на ҷойҳои корӣ муҳайё кунаду истеҳсолоти дохилиро рушд диҳад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон барои рушди саноат, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ва гирифтани манфиати иқтисодии кӯтоҳмуддат меъёрҳои экологиро аксаран сарфи назар мекунанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi