Кумитаи дин шикояти роҳбаладони ҳаҷро шарҳ дод
Масъулони Кумитаи дин рӯзи 20-уми декабр бо баргузории нишасти хабарие масъалаи нагирифтани ними маоши роҳбаладонро шарҳ доданд.
Хабарнигори мо, ки дар ҷараёни ин вохӯрӣ иштирок дошт гуфт, ки роҳбарияти Кумитаи дин ва намояндаи Кумитаи андоз бори дигар масъалаи 50 дарсади маоши роҳбаладонро баррасӣ карда, ба натиҷае расидаанд, ки нисфи маоши роҳбаладон, ки нагирифтаанд комилан ба молиёти давлат супорида шудааст.
Масъулони Кумитаи дин гуфтанд, ки дар умум барои ҳар роҳбалад 18861 сомонӣҷудо шуда буд. Вале танҳо 1894 сомонӣ, бақияе ки аз ин маблағ мондааст ба дасти роҳбаладон дода шуд. Масъулон мегӯянд маблағи 18861 сомонӣ барои харҷи сафар, роҳкиро, хӯрду хӯрок ва будубош сарф шуда, аз он 1894 сомонӣ бақия мондааст.
Намояндаи Кумитаи андоз мегӯяд, аз 18861 сомонӣ, ин даромади ҳар роҳбалад ҳисоб мешавад 13 дарсад, яъне 2451 сомонӣ ба молиёти давлат супорида шудааст.
Масъулони Кумитаи дин мегӯянд, ки ҳамасола онҳо худашон аз ҳисоби кумита андози роҳбаладонро месупориданд ва бино ба қабули кодекси нави андоз соли ҷорӣ роҳбаладон аз ҳисоби даромади худ ба давлат андоз супориданд. Роҳбаладони ҳаҷ мегӯянд, ними музди худро нагирифтаанд.
Гурӯҳе, ки дар мавсими ҳаҷ зоирони тоҷикро роҳбаладӣ кардаст, аз Кумитаи дин талаб доранд, ки музди онҳоро комилан пардохт кунад. Ин гурӯҳи ҳудудан 120-нафарӣ, ки бо дархости Кумитаи дин дар соли 2013 ҳоҷиҳоро роҳбаладӣ кардааст, мегӯяд, Кумита танҳо 50 дарсади музди онҳоро пардохт кард, вале аз додани ними дигар сарпечӣ мекунад. Тибқи ваъдаи Кумитаи дин ҳар раҳбалад бояд 900 доллар музди меҳнат мегирифт, аммо онҳо то ҳол танҳо 1700 сомонии қабл аз сафарро дарёфт кардаанд.
Аммо намояндагони Кумитаи дин ин даъворо рад мекунанд ва мегӯянд мушкили роҳбаладҳо бо кумитаи андоз аст. Яке аз роҳбаладҳо, бо номи Шамсиддин, рӯзи панҷшанбеи 19 декабр ба "Озодӣ" гуфт, ки рӯзи гузашта раҳбарияти Кумитаи дин ва намояндаи Кумитаи андоз мулоқот доштанд ва ба онҳо гуфтаанд, ки 50 дарсади музди раҳбаладҳо молиётест, ки бояд ба буҷаи кишвар ворид шавад. Шамсиддин гуфт, ки ба онҳо қаблан 1700 сомонӣ дода шуд ва роҳбарияти Кумитаи дин гуфтаанд, ки боқӣ маблағро баъд аз баргашт мегиранд.
Вале роҳбаладон даъво доранд, набояд нисфи маоши онҳо ҳамчун андоз супорида шавад. Абдуллоҳ, ном роҳбалади дигар, мегӯяд рӯзи 18-уми декабр роҳбарияти Кумитаи дин ҳамаи роҳбаладон, ки аз манотиқи мухталифи кишвар мебошанд, даъват карда вохӯрӣ гузаронданд ва гуфтаанд, ки боқимонда ҳаққузаҳмати худро гиранд, аммо вай гуфт, "вақте барои гирифтани маблағ имзо мекардем, ҳамагӣ 47 сомонӣ доданд."
Як гурӯҳи роҳбаладон бо ирсоли як нома ба дафтари "Озодӣ", ҳам дар ин бора шикоят кардаанд ва гуфтаанд, бо вуҷуди он ки дар сафари ҳаҷ маблағи зиёд сарф кардаанд, вале аз 50 дарсад маблағи боқимонда ҳамагӣ 47 сомонӣ гирифтаанд.
Дар идомаи мактуби худ роҳбаладон навиштаанд: «Мо чанд нафар роҳбалад, ки ҳоҷиҳои Кумитаи динро роҳбаладӣ мекардем, ба ҳар нафари мо 80 то 120 нафар ҳоҷӣ рост меомад. Дувумаш, акун Худо бубахшад, вале мо пеш аз рафтан ба ғайр аз пора боз моро ба монанди гов дар ин 4-5 моҳ меҷӯшиданд, ин биёру он биёр гуфта. Илова бар он, мо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина аз ҳисоби худ қариб 600 то 1200 доллар харҷ кардаем…»
Аммо роҳбарияти Кумитаи дин мушкили роҳбаладонро дар он мебинанд, ки онҳо мебоист 50 дар сади маоши худро ҳамчун андоз месупоридаанд. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин рӯзи 19-уми декабр ба мо гуфт, ки намояндаи Кумитаи андоз рӯзи гузашта бо роҳбаладон вохӯрӣ дошт ва онҳоро фаҳмондаанд, ки 50 дарсади маошашон ба кумитаи андоз супорида мешавад.
Роҳбаладон мегӯянд, қабл аз сафар бо Кумитаи дин шартнома доштаанд ва дар ҳеҷҷои шартнома дар бораи нисфи маошро андоз супоридан чизе гуфта нашудааст.
Масъулони кумитаи андоз мегӯянд, ки роҳбаладон аз ҳисоби дигар ҳоҷиён бепул ба ҳаҷ рафтаанд ва аз ин рӯ бо дарназардошти манфиате, ки мебинанд андоз супорида мешавад.
Саидаҳтам Абдуллоев, сардори раёсати хизматрасониҳои андоз, гуфт, «Роҳбаладон бепул ба ҳаҷ мераванд ва дар баробари ин маош ҳам гирифтаанд. Дар қонунгузории андоз гуфта мешавад, ки ҳамагуна шахсе, ки манфиат мегирад, ӯ андозсупоранда аст.»
Аммо ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев, дар қонунгузории Тоҷикистон 13 дарсади даромад ба андоз пардохт карда мешавад. «Роҳбаладон роҳкирое, ки аз Душанбе то Саудӣ ва аз он тараф бозпас меоянд пардохт намекунанд ва ин барои онҳо манфиат аст. Ҳамчунин хӯрду хӯроки онҳо аз ҳисоби дигарон аст. Ҳамаи ин барои онҳо даромад аст.»
Ҳарчанд дар мактуби чанде аз роҳбаладон ба мо гуфта шудааст, ки ҳангоми ба роҳбаладӣ пазируфтан аз онҳо маблағ талаб карда мешавад, вале роҳбарияти Кумитаи дин инро рад карда мегӯяд, роҳбаладонро тариқи озмун интихоб мекунанд. Мавлон Мухторов гуфт, қабл аз сафари ҳаҷҷ озмун эълон карда шахсонеро, ки малакаи забондонӣ ва таҷрибаи сафар дорад интихоб мекунанд. Соли ҷорӣ ҳудуди 6000 шаҳрванди Тоҷикистон маросими ҳаҷро адо карданд, ки маблағи имсолаи ҳаҷ сари ҳар нафар 17625 сомонӣ ё муодили бештар аз 3 600 доллар буд.
"Озодӣ"