14:39:54 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Инфиҷори Волгоград ва ҳамватанони қурбонии мо

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Ба назар мерасад он чӣ дар Волгоград рух дод, тибқи сенариёи хоси хадамоти амниятӣ роҳандозӣ мешавад ва гумон ин нест, ки маргталабе худро инфиҷор додаст. Вале дар ин миён даҳҳо тан куштаву захмӣ шуданд, ки ду тани онҳо ҳамдиёрони мо буданд.

tarkishi-volgograd 457555

Фоҷеаи Волгоград, ки ҳанӯз таҳқиқоти он ба анҷом нарасидаву омилиони ҷиноят шиносоӣ нашудаанд, ба кишвари мо низ мотам овард. Ду нафар аз сафи муҳоҷирини меҳнатӣ, ду падар, ду шаҳрванди мусофир аз ин ҳамлаи интиҳорӣҷоми шаҳодат нӯшиданд. Аҷал онҳоро замоне дарёфт кард, ки колои худро ба Тоҷикистон интиқол медоданд ва ё аз Тоҷикистон бармегаштанд. Муҳим он аст, ки ин ду ҳалокшуда дар такопӯи рӯзии ҳалол буданд. Дуздиву ғорат нарафтанд, балки мусофир шуданд, то бастагонашонро бо як бурда нон таъмин намоянд. Вале риштаи умрашон фоҷеабор канда шуд.

3 январи соли равон намозгузорони Масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе баъд аз адои намози ҷумъа ҷанозаи ду қурбонии таркишҳои Волгоградро хонданд. Бори аввал мақомоти давлатӣ тобути ҳамватанони қурбониро дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд. Бино ба хабарҳои расмӣ вазири меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар Сумангул Тағоева дар як саф бо пайвандони Тошпӯлод Назаров ва Раҳмоналӣ Ғозиев дар фурудгоҳ ҳузур дошт. Аз Русия ҷасади ин ду тан бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдумаҷид Достиев ба Душанбе фиристода шуд.

Бино бахабаре,ки расонаҳо аз қавли сухангӯи хадамоти муҳоҷирати кишвар дар Русия Иброҳим Аҳмадов пахш карданд, раиси шуъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Волгоград Татяна Молчанова гуфтааст,ки Русия ба хонадони қурбониён, аз ҷумла Тошпулод Назаровва Раҳмоналӣ Ғозиев ба андозаи 2 миллион рубли русӣ кӯмак хоҳад кард. Ба гуфтаи Татяна Молчанова 1 миллион рублро Ҳукумати Русия мепардозад ва 1 миллиони дигар аз буҷаи вилояти Волгоград пардохта хоҳад шуд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон рӯзи 2 январ ба аҳли хонаводаи ин ду қурбонии амали террористии Волгоград изҳори ҳамдардӣ баён кард. Дар баёнияи ин сафорат аз ҷумла омадааст: "сафорати Федератсияи Русия ба хешону наздикони кушташудагон изҳори таслият ва ҳамдардии амиқ мекунад. Федератсияи Русия фаъолияти террористиро дар ҳар навъи зуҳураш маҳкум мекунад ва чӣ дар сатҳи минтақа ва чӣ дар сатҳи ҷаҳон дар маркази талошҳои байналмилалӣҷиҳати мубориза бо ин таҳдид қарор дорад."

Чуноне дида мешавад, ҳам Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам мақомоти давлатии Русия бори аввал аст, ки нисбат ба қурбониён ин гуна муносибат мекунанд. Изҳори ҳамдардии мақомоти марбута фавтидагонро барнамегардонад, балки дарду ғами бозмондагонашонро сабук месозад. Билохира, дарк мешавад, ки давлату ҳукумат дар фикри шаҳрвандонашон ҳастанд. Ин боз дар ҳолест, ки шахсан Президенти Тоҷикистон ба мақомоти марбута ин гуна дастур дод.

Дар охирин ҷаласаи ҳукуматии соли гузашта, тибқииттилои "Ховар" Эмомалӣ Раҳмон "ба роҳбарони сохторҳои масъул дастурдод, ки ба наздикону пайвандони ду шаҳрванди Тоҷикистон,ки барасари амали террористӣ даршаҳри Волгогради Федератсияи Русия яке ҳалокгардида, дувумӣ сахт маҷруҳ шудааст, дасти кумак дароз намоянд. Таъкид гардид, ки рафти тафтишоти қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон-Шоҳҷон Раҳматшоев, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия рух дода буд, мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дода шавад".

Маҷруҳ фавтид, аммо қазияи ҳалокати Шоҳҷон чун парвандаи боз ва номаълум ҳамоно норушан аст. Ӯро кӣ ва чаро кушт? Ин суол то ҳол посухи дақиқ наёфтааст. Ва чун тӯли ин бештар ду даҳсола даҳҳову садҳо нафар дар Русия бо бадтарин шева ҳолок карда шудаанду ягон парвандаи ин кушторҳо ҷиддан тафтишу пайгирӣ нашудааст, умедро аз баррасии мунсифонаи қатли Шоҳҷон канда мекунад. Вале нуктаи муҳим боз ҳам ҳамин аст: бори нахуст дар сатҳи ҳукумат ба марги ҳамватан таваҷҷуҳ карда мешавад. Шояд ин оғози умед аз ноумедиҳо бошад, ки тоҷик дар хориҷ ҳам тадриҷан соҳиб пайдо кунад. Миллигароёни рус ҳам шояд билохира дарк кунанд, ки замони бесоҳибӣ ҳам чун ҳама бебандубориҳо поён меёбад.

Пажуҳиши Сафвату андешаи мо

Вақте ин матлабро менавиштам, дар Фейсбук ба андешаҳои журналисти шинохтаи тоҷик Сафват Бурҳонов бархӯрдам: "Имрӯз дар меҳмонии Анатолий Болтихов, яке аз сарварони ҷунбишҳои миллигароёни Русия будам. Намедонам чаро, вале ба назарам мерасад, ки маҳз миллигароён дӯстони миллати моянд. Миллатгароёни рус, аз гуфти Анатолий, х,ич мушкиле бо миллати мо надоранд. Дурудароз суҳбат кардем. Миллигароёни рус на ба он сурате ҳастанд, ки ВАО нишон медиҳанд. Онҳо дигар намехоҳанд, ки мо ғуломони онҳо бошем. Онҳо зидди ғуломӣ ва беҳуқуқианд. Онҳо ҷонибдори муносибатҳои ботамаддуни байни миллатҳо мебошанд. Онҳо ватани худ, халқи худро дӯст медоранд…"

Ва Сафват ваъда додааст, ки вақтҳои наздик менависад, ки кистанд дар асл ин миллигароён. Барои ман муҳим набуд ва нест, ки дар бораи онҳо донам. Чун медонам, ки бо вуҷуди аз худ фаришта тарошидан ва гуфтани он ки намехоҳанд моро ғуломи худ бинанд, онҳо даҳҳо танро сар буридаанд ва дар миёни ин даҳҳо тан чанд нафар аз наздикони муаллифи ин сатрҳо ҳам буданд. Ва чун аз миллигароён суҳбат меравад, пеши назарам симои поки онҳо меояд ва намехоҳам ба хубӣ дар бораашон андешаи нек дошта бошам.

Аз он ки Сафват аз суҳбати онҳо некиҳояшонро мехоҳад рӯи коғаз орад, ман ҷонибдори онам, ки ғурури миллии мо ташаккул ёбад. Албатта, Сафват мехоҳад фашизмро ҳам нишон диҳаду миллигароёнро ҳам. Намедонам то куҷо метавонад исбот кунад, ки ин ду аз ҳам ҷудоянд. Вале он чӣ Немсову Невалний мегӯянд, ҳамон андешаҳои шоввинистианд, на фашистӣ. Миллигароӣ дар Русия аз назари ман ғоя аст, идеология аст, вале дастурҳои он аз ҷониби фашистон, сартарошидаҳо, ки бидуни шак як шохаи миллигароён мебошанд, амалӣ мешаванд.

Ба Русия мо танҳо барои кор меравем, чун дар ватан мо кор надорем. Меравем, то нон барои пайвандонамон пайдо кунем, чун дар Ватан ин гуна имкон надорем. Ва шояд расад рӯзе, ки мо ҳам ин мушкилро пушти сар гузорем. Шояд расад он рӯзе, ки Тоҷикистон рӯ ба рушд орад ва мо он нонро дар Ватан пайдо кунем. Аммо имрӯз мо дар ҳақиқат муҳтоҷем, илоҷи дигар надорем. Ҳамон касоне аз миёни журналистони кишвар, ки муҳоҷирату кори муҳоҷирро мазаммат мекунанд, ба як нафари онҳо наметавонанд нон диҳанд. Пас чӣ бояд кард? Аз гуруснагӣ мурдан ва ё талош кардан, ки зинда бояд монд?

Дар асл чӣ гузашт ва чаро?

Ва баргардем ба Волгоград, ки чӣ гузашту чаро гузашт. Боз ҳам мушкил аст ҳадс зад ва ба суол посухи рушан дод. Зеро ҳар амали террористӣ ду рӯй дорад. Яке он ки амалан рух додааст ва дуюм он ки ҳадафи пинҳону ошкор дорад. Аммо ҳама гумону фарзияҳое, ки то ин дам мутолиа кардем, ишора ба баргузории Олимпиадаи Сочӣ доштанд. Яъне, ду ҷониби манфиатдор бо истифода аз ин гуна ҳамлаҳои интиҳориву даҳшатафканиҳо мехоҳанд бурди сиёсӣ кунанд. Ин аст, ки нашрияҳои хориҷӣ ва таҳлилгарон дар рӯйдодҳои Волгоград ҳамоно изи иштибоҳоти Путин ва Елсинро мебинанд. Ҳанӯз 7 сол қабл вақте талош мешуд, ки Олимпиадаи зимистона дар минтақаи ноороми Қафқоз баргузор гардад, ин гуна амалҳо пешбинӣ мешуд.

"The Guardian" менависад, ки 7 сол қабл вақте  Русияро чун макони баргузори Олимпиадаи зимистона интихоб намуданд, хатар амалан эҳсосшаванда буд. Ва муфассири ин нашрияи маъруф се омили халалрасонанда ба баргузории онро ном мебарад: эҳтимолияти таҳрими бозиҳои олимпиада аз ҷониби Ғарб, мавҷуд набудани инфраструктура ва "хатари амалҳои тахрибкорона". The Guardian ҳамзамон омили охириро ба оқибатҳои ҷанги чечен рабт медиҳад. Бо овардани ду мисол аз таркишҳои ахири Волгоград ва Пятигоррск рӯзнома ҳадс мезанад, ки омили сеюм нерумандтарин омилҳои хатар барои Олимпиада буда метавонад. Ва менависад: "гуруҳҳои эктремистӣ навоҳии нисбатан дурдастро интихоб мекунанд, чун тадобири амниятӣ дар худи Сочӣ ва манотиқи ба он наздик хеле шадид аст ва имкони вуруди ситезаҷӯён амалан вуҷуд надорад.

"Independent" сармақолаи худро чунин унвон кардааст: "Таҳдиди исломӣ ба бозиҳои зимистона амалан имконпазир аст". Аммо ин нашрия дар таҳлилаш чандон жарф намеравад ва суол мегузорад: Оё арзиши онро дорад, ки бозингарон ва сиёсатмадорон ба хотири нақзи ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар Русия ин бозиҳоро таҳрим кунанд? "Таркиши шадид, ки маргталабе дар Волгоград роҳандозӣ кардааст, ногаҳон на аз бойкоти ғарб, балки аз таҳдиди исломӣ дарак дод", - менависад ин нашрия. Ва аз сӯи дигар ин рӯзнома низ ба он ишора мекунад, ки Русия ба иштибоҳоти султагароёна ва таҷовузаш ба хоки Қафқоз дар асри ХIX посух медиҳад. "Мутаассифона, хушунату зӯроварӣ идома меёбад, бигзор ҳатто дар масофаи дуртар аз Сочӣ ҳам бошад",-гуфта мешавад дар мақола.

Таҳлилгари олмонӣ Улрих Крёкел дар  нашрияи машҳури "Berliner Zeitung" менависад, ки амали террористии Волгоград ба Путин он имтиёзеро медиҳад, ки бидуни истиҳола низоми амниятиро дар остонаи баргузории Олимпиадаи зимистонаи Сочӣ ташдид бахшад. "Путин худ нақша дошт, ки Сочиро ба минтақаи амнияташ шадид бо ташкили таъқиботи телефониву интернетӣ табдил диҳад. Терракт бошад барояш ин гуна имконро фароҳам овард ва ҳукуматдорони ғарб ҳам дар пасманзараи идомаи муборизаи ИМА бо терроризм, моҷарои телефонгӯшкуниҳои хадамоти амниятии Амрико ва буҳрони Гуантанамо наметавонанд Путинро ба он муттаҳам кунанд, ки ихтиёрот ва салоҳиятҳои худро бештар аз ҳадди қонун боло бурдааст".

Тибқи фарзияҳои аввал бомб дар саристгоҳи роҳи оҳани Волгоград таркида аз ҷониби хонуми маргталаб инфиҷор дода шуда буд. Тавре "The Washington Times" менависад таҳлилгарон ва коршиносони ғарбӣ ва кормандони хадамоти махсуси мамолики Аврупо ва Амрико ба ин натиҷа расидаанд, ки бештар аз пештар гурӯҳҳои ситезаҷӯ маҳз аз занону духтарони мутаассиб истифода мекунанд. Қариб ниме аз амалҳои террористии аз соли 2000 дар Русия роҳандозӣ шударо бонувони маргталаб анҷом додаанд. "Истифода аз террористзанони худкуш ин тактикаи классикии муборизони чечен аст, ки ин авохир миёни гурӯҳҳои ҷудоиталаб маъруфият пайдо кардааст. Зарфи чанд муддати оянда метавон интизор буд, ки ин гуна амалҳо дар дохили Русия ва объетҳои он дар хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад овард. Зеро барои "Ал-Қоида" ва гурӯҳҳои ба он монанд, ки ҳадаф доранд таваҷҷӯҳи оламиёнро бори дигар ба масъалаҳои Чеченистон баргардонанд, Олимпиадаи Сочӣ ҳадафи ҷолиби диққат аст",- иқтибос овардааст аз суханони собиқ корманди СРУ Брюс Ридел "The Washington Times".



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi