06:05:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мехоҳед фарзандатон духтур шавад?

Пас ба маслиҳати мутахассис таваҷҷуҳ фармоед

Сафаралӣ Раҷаб, махсус барои "Рӯзгор"

Биёед аввал муайян мекунем, ки духтур кист. Духтур шахсест, ки саломатии одам аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти ӯ вобастагӣ дорад. Ҳаёти инсон аз он вобастааст, ки духтур бо чи ӯро табобат мекунаду кадом усули муолиҷаро интихоб мекунад.

semeynyy-doktor-124578Аз ин рӯ барои духтур шудан пеш аз ҳама сифати инсондӯст будан ва нисбати организми зинда, алалхусус организми инсон, дониши казоӣ доштан шарти ҳатмӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин духтурони оянда аз ҳама зиёд таҳсил менамоянд. Агар барои муаллим ё муҳандис шудан таҳсили 4-5 сола дар донишгоҳи олӣ кифоя бошад,барои духтури ҳақиқӣ шудан 8 сол (6 сол -таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ, 1сол таҳсил дар ординатура ва 1соли кори мустақилона барои духтури мустақил шудан) лозим аст.

Акнун ,ки дар ҷумҳурии мо Маркази Миллии Тестӣ амал мекунаду натиҷаҳои Имтиҳони Ягонаи Давлатӣ (ИЯД- ба русӣ ЕГЕ) аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ҳамчун натиҷаи имтиҳони давлатӣ аз ин ё он фанн қабул карда мешаванд, раванди тайёрӣ ба донишгоҳҳои олӣ назди довталабон талаботҳои навтареро мегузорад.

Ин пеш ҳама боз ҳам ба зинаҳои баландтар бардоштани сифати дониш ва тайёрӣ мебошад. Чаро? Саволу машқ ва масъалаҳои имтиҳонии ИЯД, яъне ЕГЕ, ки нисбатан метавонанд душвортар бошанд ва ба сатҳи таълими ин ё он предмети фаннӣ дар мактабҳо мувофиқат накунанд. (Дар ҳақиқат таҷриба ва мушоҳидаҳо ҳаминро нишон дода истодааанд). Албатта мо падару модарон барои пухтатар тайёр шудани фарзандон тайёрем ҳар кори аз дастамон меомадагиро ба анҷом расонем.

Роҳи асосӣ ва ягона барои мо дарёфти муаллими хусусӣ ё ба курсҳои тайёрӣ номнавис кардани ҷигарбандон аст. Танҳо фаромӯш набояд кард, ки курсҳои тайёриро имрӯз ҳама ташкил карда метавонанд, (ин ҳуқуқро ҳамаи мутахассисони дипломдор доранд), ҳама ба фарзанди Шумо кафолати дохил шуданро низ медиҳанд (албатта кафолати даҳонӣ), вале агар мушоҳида карда бошед касе сирр ё моҳияти технологияи нави тайёр кардани фарзанди Шуморо ба мактаби олӣ (дар мисоли мо ба Донишгоҳи тиббӣ) шарҳ намедиҳад.

Маҳз ана ҳамин бояд Шуморо ба ташвиш орад, яъне методика, роҳу усулҳо, технологияи кор бо хатмкунанда, зеро пешравии фарзанди Шумо дар азхудкунии донишҳои зарурӣ маҳз аз ҳамин вобаста аст. Бинед, ҳатто довталабоне, ки дар курси тайёрӣ дар ивази маблағи муайян таҳсил мекунанд, боз барои худ муаллими хусусии дигар низ доранд (аксар маврид дар шахси муаллими дарсдиҳандаи ҳамин курс (хароҷоти зиёдатӣ нест?).

Ин бешубҳа исботи дар сатҳи зарурӣ набудани технологияи таълими фаннҳо ва самарабахш набудани усули таълим асту халос. Пас чӣ бояд кард, то фарзанди Шумо сифати дониши худро боло бардорад?Дар интихоби муаллими хусусӣ ё курси тайёрӣ Шумо бояд пеш аз ҳам ба чӣ аҳамият диҳед? Пеш аз ҳама фаромӯш накунед, ки мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон ба ҳисоби миёна довталаб сатҳи дониши худро дар курсҳо ба ҳисоби миёна танҳо 15 фоиз боло мебараду халос.

Ин махсусан ба онҳое дахл дорад, ки 2-3 моҳ пеш аз имтиҳони дохилшавӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддат ё муаллими хусусӣ муроҷиат мекунанд. Барои дохилшавӣ бошад на камтар аз 90 балл лозим аст ва табиист, ки фарзанди Шумо метавонад аз имтиҳон нагузарад. Ва агар дар ин ҳолат дар ниҳоди Шумо хоҳиши ба касе пешниҳод кардани пора пайдо шавад, фаромӯш накунед, ки бо ин амал Шумо худатон ҳамчун "нозир"ба худатон ҳамчун "вайронкунанда"-и қоидаҳои муқарраршуда барои беназоратӣ аз болои инкишофи зеҳнии фарзанди худ ҷарима мебандед.

Хушбахтона, бо кушода шудани Маркази Миллии Тестӣ, ки онро Президенти кишвар кушода дар назди мутахасссисон нутқи пурмазмун низ кард, дар кори супурдани имтиҳонҳои давлатӣ дар ҷумҳурии мо чун дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Он маслиҳатҳое ки банда ҳамчун мутахассиси фанни химия ба шумо пешниҳод карданиам, (аз мушоҳидаҳо ва таҷрибаи корӣ) аз фоида холӣ набуда ба Шумо ёрдами амалӣ расонда метавонад.

1.Агар фарзандатонро ба курси тайёрӣ бурданӣ бошед, аввал муайян кунед, ки он ҷо довталабонро аз рӯи сатҳи тафаккур ва дараҷаи инкишофи зеҳнӣ (ё дониши мушаххаси математикӣ, химиявӣ, биологӣ)-ашон ба гуруҳҳо ҷудо мекунандё не, аз пешравии шунавандагони курси тайёрӣ дар давоми 1-2моҳ маълумот дода метавонанд, гуфта метавонанд, ки фарзанди Шумо, масалан дар давоми 2 моҳ бо ҳисоби назариявӣ чи андоза бояд пеш мерафту дар амал чи қадар пеш рафтааст ва агар пеш нарафта бошад пули пардохтаи шуморо бармегардонанд ё не?

2.Иҷроиши пунктҳои дар шартномаи тарафайн нишондодашударо ташкилкунандагони курси мазкур чанд фоиз ба Шумо кафолат медиҳанд? Оё бо фарзанди Шумо бо назардошти хусусиятҳои индивидуалиаш кор бурда мешавад ё не? Коефисенти кори фоиданоки фарзанди Шумо чи гуна аст?

3.Хатогии рақами аввали паҳнгашта дар кори тайёрӣ ба Донишгоҳи тиббӣ амал кардан аз руи принсипи-ҳамаи масъалаҳоро аз "А" то "Я" аз руи билетҳо ё маҷмуаи саволҳои тестӣ ҳал кардан аст. Инчунин "касали"-и дигари паҳншуда ва аксарияти хатмкунандагонро сироятнамуда ин дар сатҳи лозимӣ набудани маданияти математикӣ, тафаккури математикӣ мебошад ки барои азхудкунии химияю физикаю биология муҳим аст.

Муаллими таҷрибадори химия, ки бевосита ба таълими химия банд аст, метавонад ин сифатҳоро ба фарзанди шумо худаш омӯзад. Агар ин кор сурат нагирад пас шуморо мебояд дар хусуси дараҷаи салоҳиятнокии муаллими интихоб кардаатон андеша кунед, зеро барои фарзанди Шумо дараҷаи мустақилият ва малакаи масъалаҳалкунии пайдокардааш аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Фаромуш накунед ки фарзанди шумо бе муаллим имтиҳон месупорад.

4.Ба довталаб чи муаллим, чи волидайн ва чи дӯстону наздикон ёрдами аз дасташон меомадагиро мерасонанд, вале фаромӯш накунед, ки ёрдамчии аз ҳама ғамхору беғараз ва лозимии фарзанди Шумо КИТОБ аст. Муаллими ҳақиқӣ аввал ба фарзанди Шумо тарзу усулҳои "китобхонӣ" ва истифодаи онро нишон дода технологияи азхудкунии донишҳои заруриро меомӯзад.

Кори худро аз сӯҳбат бо шумо оғоз карда дар иштироки шумо дараҷаи зеҳнӣ ё тайёрии фарзандатонро ба мактаби олӣ ба таври конкретӣ муайян карда ба Шумо ошкоро мегӯяд, ки фарзандатон дар пеши ӯ бо омӯзиши кадом фанҳо фаро гирифта мешавад ва дар чанд муддат ба имтиҳон тайёр мешавад. Муаллиме, ки шумо бо он шартнома мебандед (чи даҳонӣ ё чи расмӣ), бояд бо дили гарм кор кунад, яъне бояд аз Шумо маблағи лозимиро гирад.

Шумо одатан пеш аз ҳама муаллими химияро мекобед. Дар интихоби муаллим на ба унвон, на ба ҷои кор, на ба синну сол, балки ба он аҳамият диҳед, ки муаллими интихобкардаатон то куҷо аз технологияи таълими ҳозиразамони курси ҳозиразамони химия бохабар аст. Барои пайдо шудани нишонаҳои аввалини дигаргунии мусбӣ дар фарзанди Шумо як моҳ кифоя аст.

 

5.Аз ёд набароред, ки барои тайёр шудани фарзанди шумо ба Донишгоҳи тиббӣ бо назардошти дараҷаи инкишофи зеҳниаш 5-9 моҳ лозим аст (ин ҷо довталабоне дар назар аст, ки мактаби миёнаро хатм кардаанд ё хатм мекунанд). Касе ба фарзанди Шумо қобилияти комили имтиҳон супурданро ёд намедиҳад, вале омӯзиши малакаҳои психотехникӣ барои болоравии самаранокии омӯзиши фаннҳо, рафтори оқилона дар имтиҳон, инкишофи таҷрибаи фикрронӣ, қобилияти дар амал истифода бурда тавонистани донишҳои азхудкардашуда хеле зарур аст.

6.Шумо, ки пул дода метавонед, бояд дар ивази он усули "гирифтан"-и дониши казоиро барои фарзандатон донед. Яке аз роҳҳои хубу самарабахш ин рӯ овардан ба мактаби хонагист, ки лоиҳаи он дар Вазорати маориф, ба фикрам, рӯи кор омадааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №01, 08 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi