23:50:01 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Маоши муаллимони литсейро кам карданд. Ин хуб аст ё бад?

"Пули муаллимони литсейро буриданд" - ин овоза дар шаҳр бо суръати садо паҳн шуда мардум, алалхусус муаллимони литсейро, ба ташвиш андохт. Овозаҳо дар ҷои холӣ пайдо намешаванд. Ҷияни ман, ки дар яке аз литсейҳо барои бачагони болаёқат мехонаду зарби тозиёнаи танқиди маро тез-тез дар "пушт"-и зеҳни худ эҳсос мекунад, изҳор дошт ки акнун дарсҳои онҳо шашсоата (кӯтоҳ) мешаванд.

litsey-65654522112600 сомонӣ-пуле, ки ба болои музди меҳнатиаш ба муаллими литсейи давлатӣ барои бачагони лаёқатнок аз ҳисоби буҷаи шаҳр медоданд, аз ин пас ба муаллимон дода намешавад? Чаро? Барои ман ҳамчун муаллими қатории кимиё овоза ё ҳақиқат будани ин хабар аҳамият надорад. Аҷибаш дар ҷои дигар аст, агар фаҳмотар гап занем, аҷоибот дар он аст, ки (ба андешаи шахсии банда) "саркардаҳо"-и ин "ташаббус" (фарқ надорад мутахассисони соҳаи маорифи шаҳр, раиси шаҳр ё вазорати илм) мисли муаллими таҷрибадор рафтор намудаанд.

Ин амал бештар он вазъияти проблемавиеро пеши назар меорад, ки муаллими соҳибтаҷриба дар равиши дарс дар синф ба амал оварда, онро бо толибилмон якҷоя ҳал карданӣ мешавад, ки ин танҳо (ба фоидаи дарс) ба фоидаи кору пешравӣ асту бас. Бо шунидани ин хабари дар назари аввал "мудҳиш" лозим донистам баъзе андешаҳои шахсии худро нисбати он ки дар мактабҳои нави замонавӣ -литсейҳо барои бачаҳои болаёқат дар асл чи "мудҳиштар" аст: (буридани ёрдампулии иловагии муаллим ё бесарусомониҳои умуман ҷойдошта?) барои хонандагони ҳафтаномаи фарҳангӣӯзгор" ибрози назар намоям.

Дар ҷумҳурие, ки соҳаи маорифро самти афзалиятноки худ эълон дошта барои тарбияи насли дорои тафаккури созандаву ҳамқадами замон ҳаракат мекунад, ин амал ба андешаи банда бояд ҷои ҳайронӣ надошта бошад. Чаро? Ҳар як давлати дунявӣ вазифадор аст аз дигарон қафо намонда дорои мактабҳои мухталиф (чи шахсӣ ва чи давлатӣ) бошад. Масалан дар Шведсария (мактабҳои нисбатан хубтар дорад) волидайн боварии комил доранд, ки дар ивази 45-50 ҳазор евро (дар як сол) фарзанди ӯ барои дохил шудан ба мактаби олии шуҳратдошта (дар Урупо) тайёр мешавад (дар давоми ду-се соли таҳсил) Имрӯз кадом давлат пеш меравад? Ҳамон давлат ё ҷомеае, ки дар он мақсади  дар мактаб парваридани толибилмоне бошад, ки аз устодони худ пеш гузашта метавонанд...

Биёед боре ба таърихи халқи худ назар кунем. "Эй Аҳурамаздо, ба ман фарзанд ато фармо ки аз ӯҳдаи анҷоми вазифа нисбат ба хонаи ман, шаҳри ман,ва мамлакати ман барояд, ва подшоҳи додгари маро ёд кунад". Ҳеродот достонеро ҳикоят мекунад, ки эронинажодҳо аз фарзанди худ талаб мекарданд, ки беҳтар аз худашон бошанд. Бубинед, имруз мақсади олитарини мактабҳои пешрафта (дар давлатҳои мутараққӣ) -рӯ овардан ба фарҳанг, парваридани насли дар гуфтору кирдор бомаънию мулоҳизакор, мустақил ва ҷӯяндаи мустақили роҳи халосӣ дар ҳар гуна вазъиятҳо мебошад, ки авлодони мо маҳз ба он (дар мактабҳои қадим) ҳаракат мекарданд.

Ба писарбача пӯшонидани пираҳан ва дар он се давр камарбанди муқаддасро бастан (бо дуои пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек) ишора ба ҳамин маънӣ буд. Пас метавон гуфт, ки стандарти ҷаҳонии таълиму тарбия қисман стандарти сирф тоҷикона ба шумор меравад. Модоме ки мо стандартҳои ҷаҳонии таълимро қабул кардем, ба мо ҳаминаш мемонад, ки анъанаҳои аждоди худро ба маънои томаш барқарор намоем.

Бо мақсади аз нав зинда кардан, бо вақту замон ҳамқадам будан ва ё ба анъанаҳои ниёгон маънии нав бахшидан ҳукумат лозим донист мактабҳои махсусе таъсис диҳад, ки дар он бояд беҳтарин муаллимону хубтарин бачаҳои лаёқатманд кору фаъолият намоянд.Ҳамин тавр ҳам шуд, литсейҳо барои бачагони лаёқатманд, ва дар қатори он литсею гимназияҳои шахсӣ низ дари худро ба толибилмон боз карданд, вале тавре мегуянд (дар маҷмуъ) "маслиҳати хона ба бозор рост наомад".

Шояд роҳбарони мактабҳои нави замонавӣ фаромӯш карданд, ки давлат бо пешниҳоди ҳар як бинои наву замонавии литсейю мактабҳо як чизро мехоҳад: бо мазмуни нави замонавӣ пур кардани ин биноҳои нави замонавии таҳсилгоҳҳо. Бовар кунед, ба ин мақсади наҷиб танҳо фарде ноил шуда метавонад, ки дараҷаи баланди ифтихори миллӣ дошта, фалсафаи мактабро хуб медонад ва мехоҳад наслеро ба воя расонад, ки аз ӯ пеш гузарад. Тавре таҷрибаҳо нишон доданд, маданияти тафаккури литсеистҳо, (маданияти математикӣ ва фарҳангпарварии онҳо), дараҷаи мустақилият ва дастовардҳои онҳо низ дар маҷмӯъ на ба он дараҷае расид, ки чашмдорашон буданд.

Мафҳумҳои "директори бақувват", "муаллими бақувват", "мактаби бақувват", "мактаби замонавӣ"," гимназия", "литсей", гимназист", литсеист" гуруҳбандии мактабҳо, вазъи объективии донишазхудкунӣ- фарҳангомӯзии толибилмон, қонеъгардонии талаботҳои маънавӣ, омилҳое ки аз руи он мактаби беҳтарин (бақувват) муайян карда мешавад ва ғайра аз афташ шояд дар воситаҳои ахбори умум (махсусан дар "Омӯзгор", "Маданияти омӯзгор", "Масъалаҳои маориф", телевизион ва ғ.) ба таври лозимӣ ва объективӣ шарҳ дода нашуда бошанд.

Ба болои ҳамаи ин вазорати илму маорифи ҷумҳуриии мо то ҳол телевизиони худро надорад, ки дар он масъалаҳои доғи маориф аз тарафи мутахассисони кордон ҳаллу фасл шаванд. (Ин масъала аз рӯи овозаҳо дар ояндаи наздик ҳалли худро меёбад). Хуб, муддати муайяне гузашту муаллимони беҳтарин дар мактабҳои беҳтарини ҳукуматӣ (литсейҳои барои бачаҳои болаёқат) ба натиҷаҳое, ки чашмдорашон буданд, ноил нагаштанд. Пас ҳукумат пули иловагии медодагиашро бармегардонад, ки комилан аз руи мантиқи солим аст.

Шояд муаллиме чунин мулоҳизаронӣ кунад: "Охир муаллими мискину бенаво толибилми мискину бенаворо ба воя мерасонад", чаро музди иловагии муаллимро бурем? Ин ҷо саволи дигаре ба миён меояд: "Дар кадом асос набурем?" Агар кор дар литсей мувофиқи табъи мутахассисони ҳукумат набошад, агар талаботи литсей ба имкониятҳои реалии толибилмон мувофиқ набошад, агар маъмурияти литсей пешрафти мунтазами ақлонию маънавии литсеистонро на танҳо ташкил, балки назорат карда натавонад, ва чанд агарҳои дигар...

Ин дар таҷриба шояд бори аввал бошад, ки ҳукумати шаҳр пули худро дар соҳаи маориф соҳибӣ кардан мехоҳад ва шояд онро ба он касе доданист, ки талаботи вақту замонро ба иҷро мерасонад. Дар ҳақиқат ҳам агар мо бо чашми таҳқиқ ба вазъи кунунии аксар мактабҳои ба истилоҳ махсуси замонавӣ нигарем, гиряи кас меояд. Барномаи литсею гимназия як тараф истад, аксари толибилмон (дар маҷмӯъ) ҳатто барномаи базавиро дар ин муассисаҳои таълимӣ аз худ намекунанду аз панҷу чор рӯзномаҳои онҳо пур аст ва пур мешавад.

Ин нишонаи чист? Мо хеле хуб вонамуд карда тавониста истодаем, ки "корҳои мо дар литсейҳо хубанд" (ҳарчанд дар саҳфаҳои рӯзномаҳо ва ахборҳои ҳукуматӣ акси онро мехонем.) Агар инкишофи гармоникии маънавӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонии толибилмони литсейро дар маҷмӯъ ба риштаи таҳлил кашем чӣ? То куҷо онҳо аз парвардаҳои дигар мактабҳо, ки дар он ҷо муаллим пули иловагӣ намегирад, (аз буҷаи давлат) фарқ хоҳанд кард?

Ба андешаи банда мо бо кушодани мактабҳои нави замонавӣ таълимро аз тарбия каме боло гузошта ба он ноил шудем, ки аз руи инертсия толибилмон новобаста аз он, ки қобилияти аз худ намудани барномаи литсейро доштанд ё не, ба он дохил шуданду дар натиҷа мактаби нав-мактаби таҳсилот пайдо шуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ метавонад ба воситаи монополикунонии таҳсилот табдил ёбад. Хуб, ягонагии таълиму тарбия чӣ мешавад? Магар мо фаромуш кардем ки мақсади ниҳоии мактаб ба ҳаёти мустақилона тайёр кардани толибилм аст?

Месазад сари он андеша намоем, ки дар мактабҳои нави замонавӣ пеш аз ҳама бояд насле ба воя расад, ки дараҷаи баланди худогоҳӣ дошта, роҳҳои ба дастовардани ахбори лозимии илмиро медонад, ба чӣ қодир будани худро баръало нишон дода метавонад, донишҳои ба дастовардаашро бедушворӣ дар амал татбиқ мекунад ва ғ. Моро мебояд аққалан ба худи худамон қоил шавем, ки имруз мактаб манбаи ягонаи дониш нест ва на ҳама вақт муаллимон ба мақсади дар пешгузоштаи худ мерасанд. (Ин ҷо аз хонандаи оддӣ ба омӯзанда табдил додани литсеист, дорои мустақилияти пурра гардонидани омӯзанда (литсеист) ба дараҷае, ки дар ҳалли масъалаҳо дигар ба муаллим эҳтиёҷ надошта бошад ва ғ. дар назар аст).

На ҳама дар мактабҳои махсус ба вазифаи ишғолнамудаашон мувофиқанд. Вақте аз ҷонишини директор ибораи "Ман фанни туро намефаҳмам"-ро мешунавӣ, ба ростӣ нафрати кас меояд, ки ӯ чи гуна раванди пешравии литсеистро назорат ё ташкил мекарда бошад.Охир кам нестанд мисолҳое, ки дар литсейи равияи табиӣ дошта масалан ҳам сарвар ва ҳам ҷонишин мутахассиси соҳаи фанҳои дақиқ нею филолог ҳастанд. Ё дар гимназияе конференсияи илмии талабагон мегузараду 30-35 гимназист аз гимназия ғолиб дониста мешаванд.

Ту ба онҳо дарс медиҳӣ ва яқин медонӣ, ки аксарияти онҳо малакаи корҳои илмӣ як тараф истад, аққалан малакаи ҳалли масъалаҳои типпикиро пайдо накардаанд. Ва ба худ савол медиҳӣ: "Худоё мо киро фиреб дода истодаем?" Албатта пӯшида нест, ки имруз барои аксарияти волидайни тоҷик аз назорати инкишофи зеҳнию маънавии фарзанди худ дида пул додан осонтар менамояд, вале мо муаллимон магар ҳуқуқи маънавии ба ин роҳ додан, нисбати ин ҳодиса бетараф буданро дорем? Мисолҳоро аз литсейю гимназияҳои гуногун зиёд овардан мумкин аст... Дар маҷмӯъ ин ҳама ба фоидаи насли наврас нест. Албатта мақсади муаллиф танқид набуда танҳо таъкиди он аст, ки дар амали буридани пули иловагии муаллимони литсей барои бачагони болаёқат маъниҳои зиёде ниҳон аст.

Сафаралӣ Раҷаб махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi