22:29:35 05-уми Июни 2025 сол

НАХУСТИН ГУРӮҲИ МАҲБУСОН ОЗОД ШУДАНД

Дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани «Қонун дар бораи афв» имрӯз нахустин гурӯҳи маҳбусон иборат аз 159 зан аз зиндони шаҳри Норак озод шуданд. Ин иқдом дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани «Қонун дар бораи афв» сурат гирифтааст.

Гулрӯхон Муҳиддинова аз ҷумлаи занони маҳбус дар зиндони Норак аст, ки бар асоси муқаррароти қонуни ахири афв озод шудааст. Вай аз ин иқдоми раисиҷумҳур истиқбол кард. Гулрӯхон ки дар ин зиндон соҳиби духтарчаи дустрӯе бо номи Наргис гардидааст, мегӯяд, ҳамеша мунтазири ин рӯз будааст, ки ҳарчи зудтар раҳо шавад ва ба дидори пайвандон ва наздиконаш бирасад. Зеро, ба таъкиди Гулрихон, аз як тараф дурӣ аз пайвандон, аз тарафи дигар шароити бади зиндон рӯзгори онҳоро вахимтар кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, низ мушкилоти маишии зиндонҳоро яке аз сабабҳои эъломи қонуни афв медонад ва мегӯяд, «маҳбас ҷойи вазнин аст, ҳам аз лиҳози равонӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳамчунин таъмини хурока шароити мусоид надорад. Он буҷае, ки давлат барои зиндонҳо ҷудо мекунад, кофӣ нест. Шароити кор кардан низ вуҷуд надорад. Бисёре аз маҳкумшудагон ба касалиҳои сироятӣ, аз ҷумла сил, домана ва ғайра гирифтор мешаванд. Ҳатто мефавтанд».

Тибқи иттилои расмӣ, дар зиндони шаҳри Норак беш 250 зани маҳбус ба сар мебурданд. Ба гуфтаи полковник Муҳиддин Сабуров, муовини сардори раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, нахустин гурӯҳи зиндониён, ки 159 нафарро ташкил дод, тибқи қонуни афв озод шуданд.

Вай афзуд, «он зиндониёне озод шудаанд, ки ҷиноятҳои сабук доштанд. Ояндаи наздик 80 тани дигар низ озод хоҳанд шуд. Аммо ҳудуди 50 зане, ки ҷиноятҳои вазнин содир карда ва ё ислоҳ нашуда боз дубора даст ба ҷиноят задаанд, озод нахоҳанд шуд, вале мӯҳлати ҷазои онҳо сабук карда мешавад».

Ин дар ҳолест, ки масъулони давлатӣ мегӯянд, яке аз бартариҳои қонуни нави афв ин аст, ки он маҳдудиятҳое, ки дар қонунҳои қаблии афв дар нисбати занони зиндонӣ буд, бардошта шудаанд.

Абдуманон Холиқов, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Тоҷикистон, дар ин бора гуфт, «ҳарчанд дар қонунҳои қаблии афв нисбати занҳо маҳдудиятҳо вуҷуд дошт, дар қонуни ахир ин маҳдудиятҳо бардошта шуд. Яъне афв нисбати бештари ҷиноятҳои содиркардани занон дар гузашта татбиқ намешуд, ҳамакнун ин меъёр аз байн бурда шуд. Барои он идда заноне, ки ҷинояти сангин, аз ҷумла куштор содир кардаанд, ҳарчанд озод нашаванд ҳам, мавриди афв қарор мегиранд».

Парвина Ализода, сухангӯи раёсати умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, гуфт, дар ояндаи наздик аз зиндони ноҳияи Ёвон 500 нафари дигар аз маҳбусон озод шаванд. Теъдоди зиндониён дар Ёвон то қабули қонун «Дар бораи афв» 1200 нафарро ташкил медод. Низоми нигаҳдорӣ дар ин зиндон умумӣ буда, умдатан ҷинояткороне нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҷиноятҳои сангинро содир накардаанд.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи афв» аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷуимҳури Тоҷикистон ба муносибати 15–умин солгарди тасвиби Қонуни Асосӣ ва бузугдошти Соли Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон бани Собит, пешвои мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи 26 октябр ба порлумони ироа шуда буд. Порлумони Тоҷикистон низ дар авали ҳафтаи ҷорӣ бо аксарияти оро ин лоиҳаро ҷонибдорӣ кард ва як рӯз баъд президент Раҳмон онро имзо намуд.

Тибқи ин қонун, дар муддати се моҳи оянда 10 ҳазор аз маҳбусон ва афроди таҳти таъқиб ва тафтиш мавриди афв қарор хоҳанд гирифт. Аммо ҳоло ин рақам мушаххас аст, ки дар маҷмӯъ се ҳазор аз ин маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон озод хоҳанд шуд. Дар Тоҷикистон наздики 20 боздоштгоҳи муваққатӣ ва маҳбасхона мавҷуд аст.

Хуршеди Ҳамдам, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854