05:04:44 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

Дафни Ричард Фрай ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст

Бурҳон Салмонов, "Рӯзгор"

27 марти соли равон, дили яке аз шарқшиносони машҳури ҷаҳон, Фрай Ричард Нелсон дар синни 94 солагӣ аз тапидан бозмонд. Ӯ тамоми умри бобаракаташро асосан ба таҳқиқу омӯзиши таъриху фарҳанги се кишвари форсизабонон: Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бахшид. Профессор Ричард Фрай ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ тасаллути комил дошт. Наздики 16 сол дар Эрон ( 1968-1975) ва ду сол дар Тоҷикистон (1990-1992) иқомат ва пажӯҳиш анҷом додааст.

1 richard-fray 111111Дар Эрон ӯро бо як ҷаҳон эҳтироми хоса "Эрондӯст" ва дар Тоҷикистон низ бо ин шоистагӣ "Тоҷикдӯст" меномиданд. Ду китобе, ки Ричард Фрай замони иқоматаш дар Эрон бо номҳои "Мероси Эрон" ва "Асри тиллоии Эрон" ба нашр расонид, ба қавли мусташриқони ҷаҳонӣ Эронро бо ҷаҳон шиносонд. Ричард Фрай ба ҳайси пажӯҳишгари тавонои Ғарб (Амрико) бори аввал нақши фарҳанги эрониён, бахусус забони форсиро, дар тавсиаи ислом дар кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Миёна бузург арзёбӣ намуда, ба қавли эшон "забони форсӣ исломро дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохт".

Ричард Фрай 27 марти соли 1920 дар иёлоти Алабамаи Амрико ба дунё омада, соли 1938 ба Университети шаҳри Пристон шомил ва ба омӯзиши таъриху фалсафа мепардозад. Замони вусъати фашизм дар Аврупо Ричард Фрай соли 1941 дар мактаби пажӯҳишу таҳқиқоти Шарқу Африқои Лондон таҳсилро идома дод ва забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркиро азбар намуд. Замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чун сарбози амрикоӣ дар Афғонистону Эрон хидмат анҷом медиҳад ва ошиқи шайдои забони форсӣ мегардад. Пас аз хатми ҷанг соли 1946 дар Донишгоҳи Гарвард рисолаи доктори илмро дифоъ карда, ҳаёти минбаъдаашро пурра ба омӯзишу таҳқиқи илм ва тарбияю омода сохтани мутахассисони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ сарф месозад.

Чун шарқшинос Ричард Фрай аз замони ба пажӯҳиши таъриху фарҳанги ҳавзаи забони форсӣ сару кор гирифтан, Тоҷикистон ва тоҷиконро хуб шинохта буд ва хуб медонист, ки қавмҳои ориёӣ чун тоҷикону эрониҳо ва афғонҳо бо пайдоиши марзбандиҳо аз ҳам ҷудо бошанд ҳам, бо як забони муштарак-форсӣ ҳарф мезананд. Замона ва сохти сиёсии вақт роҳ барои Ричард Фрай барин ховаршиноси забардастро ба кишвари мо-Тоҷикистон масдуд сохта буд. Хушбахтона, кишвари Эрон ва сохти шоҳии он Ричард Фрайро ба оғӯш гирифт ва барои ӯ тамоми шароитҳои кору зиндагиро фароҳам овард.

Дар ёддоштҳояш Ричард Фрай менигорад, ки ман аз овони шогирди мактаб будан ошиқи Шарқ шудам, аввал аз рӯйи чанд расми китоб Ҳиндустонро дӯст доштам. Аммо, вақте дар синни ҷавонӣ бо амри тақдир ба Афғонистону Эрон расидам, бароям дунёи нав пеш омад ва худро дигар аз ин ҳадоёи тақдир ҷудо тасаввур карда наметавонистам. Бо ин орзуҳо Ричард Фрай соли 1968, дар сини 48-солагӣ бо даъвати Фарҳангистони улуми вақти Эрон ба ин кишвар, ки ошиқаш шуда буд, омад. Чанд муддате вақтро ба сайру тамошои Эрон сарф кард.

Дар канори Зояндарӯди Исфаҳон бо олимону шуарои Эрон ба баҳсҳои илмӣ пардохт ва шаҳри Исфаҳонро макони иқомат қарор дод. Агарчанде канори Зояндарӯд барояш гуворо афтода бошад ҳам, баъди ҳафт сол маркази илмӣ-фарҳангии Шероз-қадамгоҳи Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофизро бештар писандид. Тӯли панҷ сол дар ин мадинаи шоирхез, ки замони Каримхони Занд пойтахти Эрон буд, зиндагиро ихтиёр намуд.

Дар Эрони он солҳо Донишгоҳи Шероз яке муассисаҳои бузурги илмӣ-пажӯҳишӣ ба ҳисоб мерафт ва он пажӯҳишгоҳҳои зиёдеро бобати ривоҷи илм ва омодасозии мутахассисон фарогир ва ба ҳам оварда буд. Прфессор Ричард Фрай раиси пажӯҳишгоҳи Осиё пазируфта шуд ва ба таҳқиқи забону таърихи фарҳанги Эрон камар баст.

2 richard-fray 222222Ба ӯ муяссар гардид, ки дар ин давра инчунин ба омӯзиши мероси фарҳангии ақвоми турку армании сокинони Ирон ва балуҷу паштуҳои Афғонистону Покистон ва ҳам таърихи Ҳиндустон ҷиддитар машғул шавад. Ричард Фрай дар шарқшиносии ҷаҳон хизматҳои бузургеро анҷом дод. Тавонист бо таълифҳои бунёдии хеш дар Шарқу Ғарб марказҳои бузурги илмӣ-пажӯҳиширо таъсис бидиҳад ва фаъолияти онҳо тайи беш аз ним қарни гузашта бо номи ин олими сатҳи ҷаҳонӣ сахт пайвастагӣ дошт.

Бо вуҷуде ки Ричард Фрай бо гузашти солҳо солмандтар ҳам мешуд, меҳру муҳаббаташ нисбати тоҷикон бештар буруз мекард ва ҳарчи мехосту орзу дошт, ки Тоҷикистону тоҷиконро бубинад. Дар синни 70-солагӣ (1990) ба Тоҷикистон омад ва ду сол дар инҷо иқомат ихтиёр кард. Ричард Фрай хизматҳои боарзишеро низ дар шинохти тоҷикон ба ҷаҳон анҷом дода тавонист.

Дӯстони зиёдеро дар кишвари мо пайдо кард ва шогирдони тоҷикаш бо роҳнамоии ӯ дар симпозиуму конфронсҳои зиёди байналмилалӣ маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Ин олими тавоно ҳамон солҳо омӯхтану донистани забони инглисиро ба масобаи забони илм тарғиб мекард ва ба пажӯҳандагон англисӣ меомӯзонд. Вафоти Ричард Фрайро аҳли зиёи мо талафоти бузург арзёбӣ намуданд ва хотираи неки ин олими забардасти тоҷикдӯст дар қалби тоҷикон боқист.

Марги Ричард Фрай- соҳиби мактаби бузурги шарқшиносии ҷаҳон барои аҳли илму адаби дунё зоеъоти сангин маҳсуб меёбад. Ричард Фрай солҳои охири зиндагиаш дар Бостони Амрико чун эрондӯст орзу мепарварид, ки дар канори Зояндарӯд манзили охирати хешро ёбад. Пеш аз маргаш ҳам ин васиятро кардааст.

Даҳ сол пеш, ҳангоми таҷлил аз 60-солагии фаъолияти илмӣ-пажӯҳишӣ ва 84 солагии умри бобаракаташ Ричард Фрай ин тасмиму ниятро чун васият дар ҳузури ирониён иброз дошта буд. Президенти вақти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод хизматҳои сутурги Ричард Фрайро дар шинохти Эрон бори дигар ба эрониён гӯшрас намуда, ба поси хотири хизматҳои бузург ба Ричард Фрай хонаи истиқоматиеро дар шаҳри Исфаҳон, дар канори Зояндарӯд туҳфа намуд.

Аз вафоти Ричард Фрай 27 рӯз гузашта бошад ҳам, ҷисми ӯ ба хок нарафтааст. Чуноне ВВС-форсӣ гузориш медиҳад, дафни Ричард Фрай мутобиқи васияташ дар канори Зояндарӯд ҷанбаи сиёсӣ пайдо кард, роҳбарияти Эрон ба дафни ӯ дар Исфаҳон посухи рад додаанд. Яке аз шогирдони Ричард Фрай, сокини Амрико Афшини Занд аз тариқи ВВС-форсӣ иброз медорад, ки Ричард Фрай шоиста аст, ки мутобиқи васияташ дар Исфаҳон ба хок супурда шавад. Мақомоти эронӣ Ричард Фрайро ҷосуси "СРУ" гуфтаанд. Мо бояд Ричард Фрайро чун олим бишносем, ки ӯ барои Ирон чӣ хизматҳоеро анҷом додааст. Эрониҳо бояд ифтихор дошта бошанд, ки ин марди бузург васият кардааст, ки баъд аз марг хоки Эронро ба чеҳрааш кашанд ва дар Исфаҳон манзили абад ёбад.

Мутобиқи хабаргузории ВВС-форсӣ сокинони Эрон ба хоксупории Ричард Фрай дар канори Зояндарӯд ҳеҷ ихтилофи назар надоранд. Ба қавли онҳо, ин мавзӯъ бояд ба сиёсат хеҷ бастагие надошта бошад, онҳое ки гирифтори амрикоситезӣ ҳастанд, хуб биандешанд, ки як хориҷӣ дар симои Ричард Фрай чи хизматҳоеро дар шинохти Эрон анҷом додааст. Мазори Ричард Фрай ба дӯстии ду миллату кишвар- Эрону Амрико, ки дар ҳолати муколламаи сиёсӣ қарор доранд, то ҷойе мусоидат менамояд.

Рӯзгори РИЧАРД ФРАЙ

Ричард Нелсон Фрай (27 марти соли 1920-27 марти соли 2014) эроншиноси амрикоӣ, профессори ифтихории Донишгоҳи Гарвард ва аз соли 1991 доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Дар Донишгоҳҳои Гарвард, Ҳамбург, Франкфурт (Олмон) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс гуфтааст. Ба ҳайси директори институти Осиё дар Шерози Эрон заҳмат кашида, дар шаҳрҳои Белмонте ва Массачусетс ассосиатсияи миллии таҳқиқотӣ бахшида ба арманиҳо (1959) ва кафедраи эроншиносии ба номи Акоп Кеворкянро дар Донишгоҳи Колумб (1957) асос мегузорад. Ричард Фрай инчунин дар Донишгоҳи Гарвард се кафедраи илмӣ-таҳқиқотӣ: Маркази таҳқиқотии Шарқи Наздик (1949), кафедраи ба номи Оғохон (1956) ва кафедраи пажӯҳишии ҳинду покистонии ба номи Озай Дуррониро (1964) таъсис медиҳад. Дар Самарқанд бошад институти Байналмилалии пажӯҳишии Осиёи Марказиро (ЮНЕСКО) дар соли 1993 таъсис додааст.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi