22:49:45 05-уми Июни 2025 сол

САФАРИ ЗОИРИНИ ТОҶИК БА ТАЪХИР МЕАФТАД

Парвози нахустин гурӯҳ аз зоирони тоҷик, ки қарор буд рӯзи 7-уми ноябр аз Душанбе ба Ҷиддаи Саудӣ сурат бигирад, ба таъхир уфтод.

 

То кунун мақомот иллати таъхири ин парвозҳоро шарҳ надодаанд. Вале зоирони зиёде, ки мебоист рӯзҳои 7-ум ва 8-уми ноябр тавассути ширкати «Тоҷик айр» ба қасди ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафтанд ва гуселкунандагони онҳо дар назди идораи Маркази исломии Тоҷикистон ё масҷиди марказии пойтахт гирд омада, хостори шарҳи мақомоти масъул дар мавриди иллати ба таъхир уфтодани парвозҳо шуданд.

 

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон тавассути баландгӯ талош мекарданд, зоирони бетоқатро ором кунанд ва ба онҳо итминон бидиҳанд, ки парвоз сурат хоҳад гирифт.

 

Ин дар ҳолест, ки масъулини Маркази исломӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои дигаре гуфтанд, ки дар воқеъ иллати аслии таъхир шудани ин парвозҳоро намедонанд. Ва ин суол бояд аз масъулини «Тоҷикайр» сурат бигирад. Аммо мақомоти ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон ё аз ин ҳол изҳори беитиллоӣ мекунанд ва ё гӯшии телефони худро бар намедоранд.

 

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, таърихи парвози нахустин ҳануз мушаххас набуд, аммо зоирони интизор ҳамчунон умедворанд, ки битавонанд ба маврид ба Арабистони Саудӣ бирасанд.

 

Масъулини идораи ҳаҷи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯянд, тибқи қарордод, ширкати «Тоҷикайр» мебоист интиқоли зоиринро аз рӯзи шанбеи 7-уми ноябр оғоз мекард. Ва охирин гурӯҳи зоирон бояд то рӯзи 19-уми ноябр вориди Арабистони Саудӣ шаванд. Ҳамин тавр рӯзи 7-уми декабр ҳоҷиён тавассути ҳамин қарордод бояд пас оварда шаванд.

 

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854