22:27:24 05-уми Июни 2025 сол

САДАМАИ ХАТТИ БАРҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Субҳи имрӯз бар асари садама дар хатти интиқоли баландшиддати барқи «Норак-Регар» Тоҷикистон тайи якчанд соат комилан бебарқ мондааст. Дар ин бора ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дод.

 

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» гуфт, бо омадани сардиҳо истифодаи нерӯи барқ дар кишвар якбора афзоиш ёфтааст, ки боиси садама дар хатти интиқоли барқ шудааст. Ба гуфтаи оқои Ёдгорӣ, сабаби дигари садама ин аст, ки «тайи якчанд рӯзи ахир шабакаҳои энержии Тоҷикистон берун аз системаи умумии шабакаҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд». Ҳамзамон, ки дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди як моҳ мешавад, ки режими интиқоли барқ ҷорӣ шудааст, агарчи мақомоти кишвар ба фарқ аз солҳои қаблӣ расман дар ин маврид эълон накардаанд.

 

Дар аксари деҳот нерӯи барқ танҳо чор соатӣ дар шабонарӯз – ду соат барои субҳ ва ду соат барои шом – дода мешавад. Қаблан ширкати «Барқи тоҷик» ҷоришавии бидуни эълони режими барқро ба далели набуди созишномаи Тоҷикистону Узбакистон бар сари транзити барқи Туркманистон рабт дод.

 

Тибқи иттилои мақомоти расмӣ, ҷониби Узбакистон бо истинод ба корҳои таъмиру бозсозӣ системаи шабакаи барқи ҷануби худро, ки бо Тоҷикистон васл аст, аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ҷудо кардааст, ки транзити барқи Туркманистон тавассути ин кишвар ба Тоҷикистонро ғайриимкон гардондааст.

 

Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳар фасли сармо ба мушкили камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба ҷуз аз пойтахт дар саросари ин кишвар режими барқ ҷорӣ мегардад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854