23:01:01 05-уми Июни 2025 сол

ФУРУДГОҲ МУБТАЛОИЁНИ ЗУКОМРО ОШКОР МЕКУНАД

Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе таҷҳизоте насб шудааст, ки аз миёни мусофирон нафаронеро ошкор мекунад, ки ҳарорати бадани онҳо баланд аст. Тасмими насби ин таҷҳизот, ки аз он ба унвони сканери ҳароратсанҷ ном бурда мешавад, ба манзури ҷилавгирӣ аз вуруди онфлонзо ё зукоми хукӣ ба Тоҷикистон гирифта шудааст.

 

Манобеъи Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳарчанд то ҳол дар ин кишвар мавриди мубтало ба ин беморӣ ошкор нашудааст, вале намунаи хуни 166 нафаре, ки эҳтимол меравад, гирифтони онфлонзои хукӣ шудаанд, барои ташхис ба озмоишгоҳе дар Ландан интиқол шудаанд. Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон, харидории сканери ҳароратсанҷ тибқи дастури ҳукумати ин кишвар сурат гирфитааст.

 

Вай афзуд, ки ҳоло коршиносон ин таҷҳизотро мавриди озмоиш қарор додаанд. Ба гуфтаи оқои Шодиев, аз тариқи ин сканер бемороне ошкор мешаванд, ки ҳарорати бадани онҳо болиғ бар 37 дараҷа бошад. Аъзам Мирзоев, муъовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин сканер шабеҳи таҷҳизотест, ки барои таъмини амният дар фурудгоҳҳо истифода мешавад.

 

Яъне, мусофирон аз дохили он мегузаранд ва сканер нафаронеро, ки ҳарорати бадани онҳо баланд аст, ошкор месозад. Сипас, ба гуфтаи оқои Мирзоев, чунин мусофирон мавриди таҳқиқи пизишкони фурудгоҳ қарор мегиранд. Зеро, баланд шудани ҳарорати бадан яке аз нишонаҳои ибтило ба онфлонзои хукӣ мебошад.

 

Аъзам Мирзоев ҳамчунин хабар дод, ки то ҳол дар Тоҷикистон мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор нашудааст, вале теъдоде аз бемороне, ки эҳтимол меравад, мубталои ин беморӣ бошанд, мавриди ташхис қарор гирифтаанд. Ба ин далел, намунаи хуни 166 нафар аз чунин беморон барои ташхис ба озмоишгоҳе дар Ландан фиристода шудааст.

 

Оқои Мирзоев афзуд, ки шуюъи ин беморӣ дар кишварҳои ҳамҷавор, назири Афғонистон, Қирғизистон давлати Тоҷикистонро водор сохтааст барои ҷилавгирӣ аз вуруди ин беморӣ ба кишвар тадобире рӯйи даст бигирад.

 

Ин дар ҳолест, ки дар Русия ва Эрон, ки теъдоди зиёди мусофирон аз ин кишварҳр ба Тоҷикистон меоянд, низ мавориди фавти мубталоиёни онфлонзои хукӣ сабт шудааст. Дар авохири ҳафтаи гузашта дар Вазорати тандурустии (беҳдошти) Тоҷикистон ҷаласаи ситоди ҷилавгирӣ аз шуюуъи ин беморӣ баргузор шудааст.

 

Нусратулло Салимов, вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфтааст, ки куллияи бемороне, ки ба далоили мухталиф ҳарорати баланд доранд, бояд ба манзури ошкор сохтани гирифтории онҳо ба зукоми хукӣ муъойина шаванд.

 

Оқои Салимов афзудааст, ки ҳоло Тоҷикистон барои муқобала бо шуюъи бемории зуком дар миёни ҷамъияти ин кишвар, омода аст. Ба гуфтаи вай, бо кумаки созмонҳои имдоди байнналмиллалӣ, аз ҷумла,Бонки Ҷаҳонӣ дар кишвар миқдори зарурии дору захира шудааст.

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Аъзам Мирзоев, муъовини аввали вазири беҳдошти Тоҷикистон, то ҳол дар ин кишвар густариши ҳамасолаи зукоми маъмулӣ мушоҳида нашудааст. Гузашта аз ин, теъдоди афроди мубтало ба зукоми маъмулӣ дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта камтар будааст.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854