20:05:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гули дар баҳор хазонгашта

Ба ёди бародари марҳумам Ниёзмаҳмади Давлатбой

Арафаи иди Наврӯз буд. Пас аз 15 соле, ки дар пойтахт иқомат доштем, аҳли оила тасмим гирифтем, то боре ин ҷашнро дар ҳалқаи пайвандону наздикон дар зодгоҳамон - Вешаб, ки яке аз деҳаҳои хушманзараи ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад, гузаронем.

guli-sadbardg-4564966Ба ин хотир субҳи рӯзи 22-юми март ҳамроҳи ҳамсару фарзандонам он ҷо шудем. Бародарам Ниёзмаҳмад, ки волидон бо як ҷаҳон умед ба ӯ исми бобоямонро гузошта буданд ва мо хоҳару бародарон ба хотири болидарӯҳии арвоҳи бобоямон ӯро Бобои Ниёз ном мебурдем, ҳамроҳи падар дар деҳ зиндагӣ ба сар мебурд.

Чун аз ҳузури мо дар кошонаи аҷдодӣ хабар ёфт, зуд ба аёдатамон шитофт ва нахустин суоле, ки аз банда кард, ин буд, ки чаро духтараш-Шодонаро, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбешаҳр таҳсил дорад, ҳамроҳамон наовардаем? Аз ин суоли бародарам дар хиҷолат мондам ва каме фикр карда, чунин ҷавобаш додам:

-Мо ҳам мехостем ӯро ҳамроҳамон биёрем, аммо ӯ розӣ нашуд ва гуфт, ки дар ин ду-се рӯзе, ки ба деҳ меравам, беҳтараш ба мутолиа машғул шавам, то ки ба дарсҳо бо тайёрӣ ҳозир шаваму устодон аз дониши гирифтаам дар донишгоҳ қаноатманд гарданд.

Ин лаҳзаҳо ба гумонам додари дилбандам чизеро ҳис мекарду ба мо ошкор кардан намехост ва барои ҳамин ҳам дидори фарзандашро мехост. Аммо сад афсӯс, ки ин роз барои мо пӯшида буд. Аз он, ки ин дидорбинӣ охирин аст, ин суҳбатҳо анҷомёфтаанд, хабаре ҳам надоштам. Ҳатто дар гӯшаи хаёл ҳам намеовардам, ки додари дилбандамро ин қадар зуд аз даст медиҳаму як умр дилам макони ғаму ҳасрат мегардад, қалбамро дарду ҳасрати ҷудоӣ барои ҳамешагӣ маскан мегиранд. Дарду фироқи ҷонсӯзи ҷудоӣ аз фарзанди падар ҳамқадаму ҳамнафасам мешаванд.

Арафаи иди Наврӯз дар деҳа барф борида буд. Аз ин рӯ, мардуми деҳ дар хонаҳои худ маҳалла ба маҳалла Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Мо низ дар маъракаи хурсандии онҳо ширкат варзидему субҳи 25-уми март бо пайвандон худоҳофизӣ намуда, роҳи шаҳрро пеш гирифтем.

Оҳ, Худоё! Аз куҷо донам, ки пас аз ин сафар дидори гарми додари ба ҷон баробарамро, хандаҳои беғаши ӯро, шӯхиҳои дилнишинашро дигар дар хоби шаб ҳам намебинам. Ин мулоқот вопасин асту баъд аз ин дар қалбҳои мо пайвандонаш танҳо дарду доғ, сӯзу ҳасрат мемонад.

Пас аз 5 рӯзи ба шаҳр баргаштанам ҳамроҳи духтараш- Шодона ба бозор рафтам, то ки барояш туҳфае харам, зеро дар рӯзи Артиши миллӣ туҳфаи ночизе барои ӯ гирифта будам, аммо дастрасаш нашуда буд. Ин дафъа манзарае маъқулам шуду онро харидорӣ кардам, аммо амри тақдирро бинед, ки он ҳам дар роҳ шишааш шикаст ва мани аз асрори ғайб бехабар аз куҷо донам, ки ин фоли бад аст? Беҳуда ҳам халқ нагуфтааст:

Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл,

Мо дар пайи корему фалак вайронкор.

Тахминан соатҳои даҳуними рӯз буд, ки он шумхабар ба гӯшам расид. Ҳеҷ боварам намеомад, ки додари ҳамхунам, ҷону ҷигарам, ёде аз модари ҷавонмаргам, ки 17 сол боз ба бемории эпилепсия гирифтор буд, дар як лаҳзае аз олам мегузарад. Моро дар фироқи худ ҷигархун мекунад. Аслаш, он чизеро, ки одам интизораш нест, зуд ба суроғаш меояду касро мубталои ғаму дард мекунад. Марг ҳам дар рӯзи баҳор дари додарамро кӯфт ва моро аз ҳам ҷудо кард...

Рӯзи офтобии баҳорон буд ва онҳо аҳли оила ба сари замине, ки аз деҳа 4-5 км дурӣ дошт, барои шинонидани картошка мераванд. Ниёзмаҳмад барои аҳволпурсии ҳамсоя рафта, надонам барои чӣ коре ба боми онҳо мебарояд. Ҳамин лаҳза чунон ки мегӯянд: "Аҷал аз таги по мехезад", ба поён меафтад ва сараш ба санги тезе бармехӯрад. То қишлоқ расидан дар назди чойхонаи деҳа аллакай ҷон бар Ҷонофарин месупорад.

Мо, ду хоҳару ду додар, ки яке дар шаҳри Хуҷанду сеи дигар дар шаҳри Душанбе иқомат доштем, бо азобу машаққати зиёде роҳи тармафарои Анзобро гузашта, ба деҳа расидем. Он лаҳзаҳо хонаи падариамон, он ҷое, ки ба воя расида будем, мотам дошт. Садои нолаву шеван ҷигарҳоро решу дидаҳоро хунбор мегардонд. Ва дар ҳамин ҳол фарёд задам:

-Ку модарам?

-Ку додари пурармонам?

-Ку хонаи пурармони падарам, ки бо сад ниёз Ниёзмаҳмадро парварда буд?

Рӯзи дигар ӯро дафн карданд. Ниёзмаҳмад аз байни мо рафт. Имрӯз ҷои ӯ холист, дар байни мо нест.

Додари дилбандам ҳамагӣ 41 сол дошт. Сад дареғ, ки дар айни гулшукуфти ҷавонӣ ду ҷигарбандашро ятим мононду ба диёри хомӯшон сафар кард. Ҳар боре ёди ӯ мекунам, симои меҳрубонаш пеши назарам намудор мегардад, ёди ӯ саропои вуҷудамро месӯзонад. Ҳамаи орзуву ҳавасҳояшро ба хок бурд. Зану фарзандонаш, падару хоҳару бародаронаш гирёну нолон монданд:

Падар хуб асту модар нозанин аст,

Бародар меваи рӯи замин аст.

Азизон, қадри ҳамдигар бидонед,

Ки ҷои ҳамамон зери замин аст.

Чӣ илоҷ. Мегӯянд, ки аҷал гулчин аст, аҷал ҳам онеро аз байн мебарад, ки дар фироқаш дигарон сӯзанд. Тақдири илоҳӣ ҳамин аст, ки инсон ба дунё меояд, баркамол мешавад ва рӯзе дунёро падруд мегӯяд.

Мо, ки панҷ нафар дар айни ҷавонӣ, он лаҳзаҳое, ки ҳоло аз дидори мубораки модар сер нашуда будем, аз модари ба ҷон баробари худ маҳрум монда будем, дигар тоқати дарду алам, ҷудоӣ, сӯзу фироқ надоштем. Лекин дареғ, сад дареғ, ки Ниёзмаҳмад ба захмҳои реши қалби абгори мо сӯзан зада рафт. Қаноти бародару хоҳаронро шикаст. Орзу дошт, ки духтараш- Шодонаи азизашро бо мурод аз дар барорад. Аммо ин орзуяш амалӣ ношуда монд. Имрӯз Шодонааш дар ҳасрати падари ҷавонмарг хун мегиряд...

Оҳ, додари номуродам! Ба сафари бебозгашт рафтӣ. Ин замон қалбам дар фироқат месӯзад. Ҳасрато, гули дар баҳор хазонгашта. Ҳазлу шӯхиро дӯст медоштӣ, доим мекӯшидӣ, то бо табъи латифат, бо ҳазлу суханҳои ширинат хотири мо- наздиконатро шод гардонӣ. Имрӯз ёди он лаҳзаҳо бароям ниҳоят гарон аст. Ҳасрати тани ранҷурат ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад.

Ҷоят ҷаннат бод, додари азизам, Ниёзмаҳмад!

Норова Одинамоҳ, омӯзгори фанни математикаи Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi