17:35:22 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ӯ барои дигарон зист...

Дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон, дар даҳаи раҳмат, собиқ раиси хоҷагии ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус Садриддинов Талбак Садриддинович (тав. январи соли 1921, деҳаи Лоҷирки собиқ ноҳияи Сангвор, Вахё), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1981), баъд аз бемории тӯлонӣ дунёи фониро падруд гуфт ва худи ҳамин рӯз дар деҳаи "Қизил Аскар"-и ноҳияи Шаҳритус, ҷойе, ки ӯ мезист, ба хок супурда шуд.

talbak-sadriddinov 11114774Тибқи маълумоти Энсиклопедияи тоҷик Талбак Садриддинов соли 1944 омӯзишгоҳи педагогии Ғармро хатм намуда, ба сифати муаллим, директори мактаби миёнаи ба номи Ленин (1939 - 1945), нозир ва мудири кабинети методии шуъбаи маориф (1945 - 49), котиби комитети иҷроияи ноҳияи Сангвор (1949 - 53), котиби комитети иҷроияи ноҳияи Тавилдара (1953), колхозчӣ, бухгалтери колхози ба номи М.И.Калинини ноҳияи Шаҳритус (1955 - 57), котиби ташкилоти партиявии колхози номбурда (1957 - 63) ва аз соли 1963 то соли 1986 ба ҳайси раиси колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус адои вазифа намудааст.

Хоҷагии номдори ба номи Ломоносов, ки сарварии онро Садриддинов ба уҳда дошт, мунтазам ҳосили баланди пахта меруёнд. Талбак Садриддинов депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7 - 10, вакили съездҳои 15 - 19 уми ПК Тоҷикистон ва Съезди 24 уми КПСС) буд. Бо 4 ордени Ленин, Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Овони муҳоҷирати мардуми куҳистон ба Вахшонзамин, ки ба солҳои 50-ум иттифоқ меафтад, Талбак Садриддинов низ дар қатори дигар аз муҳоҷирони куҳистон ба ноҳияи Шаҳритус омад. Мӯйсафедон қисса мекунанд, ки он замон Шаҳритус қамишзори касногузар ва макони ҳайвонҳои ваҳшию дарранда буд. Талбаки ҷавон ҳам қатори дигар аз мардум ба саҳро баромад ва пайи ободиву бунёдкорӣ саҳми худ гузошт. Чанд муддат ӯ деҳқони одӣ буд, бо нозукиҳои кори деҳқонӣ хуб ошно гашт, баъдан ба ҳайси муҳосиб фаъолият намуд.

Маҳз кордонию дилбохтаи меҳнат будани Талбаки ҷавон буд, ки ӯро соли соли 1963 сарвари хоҷагии ба номи Ломоносов интихоб намуданд. Сарвари ҷавону уҳдабаро тавонист, ки дар як муддати кутоҳ мардумро гирди худ ҷамъ оварад, вайронаҳо обод созад. Маҳз кордонию лаёқати баланд буд, ки дар андак муддат хоҷагӣ номбардори ноҳия гашт. Мардум пахта кишт мекарданду ҳосили баланд ба даст меоварданд. Дар баробари пахтакорӣ ҳамчунин соҳаи чорводорию мурғпарварӣ низ рушд карда буд.

Дар 23 соли сарварӣ Талбак Садриддинов тавонист ҳатто ноҳияро дар миқёси кишвар номбардор кунад. Аз пушти меҳнати ҳалол унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро соҳиб шуд. Ҳама нишондодҳои хоҷагӣ назаррас буданд ва Талбак Садриддинов изофанависию ҳар гуна фасодкориро барои худ бегона медонист. Борҳо бадхоҳону тангназарон аз руи ҳасуду бахилӣ ба "боло" шикоятнома навишта, исбот карданӣ мешуданд, ки гӯё нишондодҳои хоҷагӣ пур аз изофаю илованависианд. Аммо дастоварду пешрафтҳои воқеии хоҷагӣ ҳар гуна буҳтону ғаразро ботил месохт.

Воқеан ҳам Талбак Садриддинов тӯли умри бобаракати хеш баҳри рушди зиндагии мардуми ноҳияи Шаҳритус корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ӯ чун вакили мардумӣ дар собиқ ИҶШС мушкилоти мардум ва ҷумҳурӣ мавриди ҳаллу баррасӣ қарор медод. Тавре мардум худ иқроранд, шодравон барои дигарон зист, барои дигарон кору пайкор намуд, зеро манфиати хоҷагиву давлатро болотар аз манофеи хусусӣ медонист.

Он замон ӯ ҳама имконотро дар ихиёр дошт, метавонист барои худ қасру кушк созад, мошинаҳои гуногунтамға ба даст орад, сарват ҷамъ кунад... аммо не, ӯ дар қатори мардум дар як кулбаи ҳақирона зиндагӣ мекард, бо мошинаи хизматӣ - УАЗ 469-и куҳнаву фарсудае ҳамеша дар саҳро миёни деҳқонон буд. Аз вазифаву мансабу унвонҳои баланд сӯиистифода накард, аммо дар ҳалли мушкилоти мардум чизеро дареғ намедошт. Сардорони хоҷагиҳоеро, ки ҳаққи мардумхӯрӣ мекарданд, сахт ҷазо медод. Аз ҳар сарвари бригада интизоми сахт талаб мекард.

talbak-sadriddinov 22222477Дар хона падари сахтгиру серталаб буд. Фарзандонро водор мекард, то дар мактаб намунаи дигарон бошанд. Маҳз натиҷаи тарбияи падари сахтгир буд, ки имрӯз фарзандони Садриддинов - Саид, Насриддин, Шуъла, Муҳаммадӣ, Сайфиддин, Нуриддин, Бадриддин ва Зафар дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ адои вазифа мекунанд. 46 набераву 50 абераи шодравон Садриддинов ҳам ба камол расидаанд...

Овони ҷанги шаҳрвандӣ Талбак Садриддинов дар қатори дигар ҳамдеҳагонаш водор шуд, то муддате паноҳанда дар Ватан бошад. Аммо ҳамсару фарзандон ва дигар пайвандонаш водор шуданд, то қаламрави Афғонистонро барои худ паноҳгоҳи бехавф қарор диҳанд. Соли 1993 ӯ, ки паноҳанда дар Душанбе ва зиндаҷудо аз пайвандон буд, шомили ҳайате гашта, аз аҳволи гурезаҳои тоҷик дидан карда буд. Он замон ҳамсари бовафоаш холаи Гултура, фарзандону набераҳо ва ҳамдеҳагонаш фирорӣ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон буданд.

Рӯзи аввали дидор бо муҳоҷирони иҷборӣӯро миёни хаймаҳои латтагини паноҳандагони тоҷик дидам, ки бо ҳар паноҳанда дидор намуда, ашк мерехт ва мардумро бовар мекунонд, ки Ватан тинҷу ором ва интизори онҳост. Замоне, ки бо гурезаҳо дидору мулоқот дошт, намедонист, ки ҳамсари бовафояш моҳе қабл зиндагиро падруд гуфта буд. Нобаҳангом чун ин хабарро шунид, нороҳат гашт ва хоҳиш кард, то ӯро ба оромгоҳи ҳамсараш баранд. Сари гӯри ҳамсари ғарибхокгаштааш то чанд муддат хуб гирист, алами дил холӣ кард...

Баъд аз мулоқоти Талбак Садридднов бо паноҳандагони тоҷик, мардуми ташнаи обу хоки диёр лаҳзае дар ғурбат истоданро ба худ раво надида, кӯлбори сафар ба пушт ва озими Ватан шуданд. Албатта, он замон касе кафолат дода наметавонист, ки паноҳандагони ба ватанбозгаштаро хатаре таҳдид намекунад. Зеро то ба ҳол қувваҳое буданд, ки аз бозгашти муҳоҷирони тоҷик нороҳат буданд. Садриддинов низ аз Душанбе ба манзили зисти пештарааш деҳаи "Қизил Аскар"-и ноҳияи Шаҳритус баргашт.

Чанде аз собиқ ҳамкорони Садриддинов, аз зумраи мардуми маҳаллӣ гов куштаву ӯро меҳмондорӣ намуданд ва дар он маъракаи баҳамоӣ сухан танҳо атрофи сулҳу ваҳдат буд. Садриддинов бо як самимияту муҳаббати хос атрофи ваҳдати қавму миллатҳои ноҳия сухан мегуфт. Он қадар суханони Садриддинов таъсирбахш буд, ки худи ҳамон лаҳза мардуми маҳаллие, ки бо чашми бад ба паноҳандагони бозгашта нигоҳ мекарданд, ба қавле аз аспи ҷаҳл поён шуда буданд.

Баъд аз мулоқоти Садриддинов ва суханрониҳои ӯ, гӯё миёни милату қавмҳои гуногуни бо ҳам қаҳрӣ пули иртиботу меҳр пайдо шуд. Метавон гуфт Садриддинов аз зумраи аввалин заминагузорони сулҳ буд, ки тавонист дар ноҳияе, ки халқияту миллатҳои гуногун ба сар мебаранд, пули иртибот гарданд, онҳоро дигарбора ба ҳам пайванд созад.

Дар як матлаби хурдакак имкону тавони пурра ҷой додани корномаи Талбак Садриддиновро дар ихтиёр надорем. Аммо фикр мекунам ҳар сатру ҷумлае, ки дар ҳаққи эшон иншо шудааст, он ба дунбол гуфтаниҳои зиёде дорад, ки хонанда инро хуб дарк мекунад. Бо як сухан Талбак Садриддинов хизматгори халқ ва дар хизмати халқ буд. Инро бори дигар таҷаммуъи зиёди мардум дар рӯзи ҷанозаи ӯ исбот кард.

Ҳатто собиқ мудири фермае, ки аз мардуми узбекзабон буд ва имрӯз дар бистари беморист, аз фарзандонаш талаб карда буд, то ӯро бо ҳар василае набошад ба ҷанозаи Садриддинов баранд. Талбак Садриддинов рамзи сулҳу ваҳдат буд ва дар рӯзи ҷанозааш қавму миллатҳои гуногуне, ки дар ноҳия зиндагӣ мекунанд, ба хотири видоъ бо ӯ гирди тобуташ ҷамъ гашта буданд.

Талбак Садриддинов дар дуввумин рӯзи ҷашни Ваҳдат, ки ба рӯзи аввали моҳи Шариф рост меояд, сафари охират намуд. Шояд фавти ин соҳибдил дар ин рӯзҳои нек дар худ ҳикмате дошта бошад? Бале, зеро ҳар рӯзи зиндагии шодравон Садриддинов ҳикмати зиндагист...

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ин чунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Худованд дар ин моҳи Шарифу даҳаи раҳмат ҷаннатулфирдавсро насиби руҳаш гардонад ва ба пайвандону наздиконаш сабри ҷамил ато кунад, Омин!

Муҳиддин ИДИЗОДА, рӯзноманигор

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi