11:58:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гаравгонгирӣ дар Шӯрообод

Силоҳбадастони ҳанӯз номаълум шаби гузашта як сокини 20-солаи рустои Овиёи Шӯроободро ба гарав бурдаанд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, таҳқиқи ин қазияро шурӯъ кардаанд.

shuroobod-4565322332Афроди силоҳбадасти ношинос, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро қочоқбарони афғон ном мебаранд, шаби 19 ба 20 июл як сокини 20-солаи деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯроободро асир гирифтаанд. Ин ҷавон Хушвақт Назриев ном дошта, нимашаб аз ҷониби силоҳбадастон ба самти рӯди Панҷ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯи он мегузарад, бурда шудааст.

Давлат Назриев, падари ин ҷавон мегӯяд, ҳанӯз ҳеҷ нишоне аз фарзандаш надорад ва то ҳол касе ҳам бо ӯ тамоси телефонӣ надоштааст. Ин падар сабаби рабуда шудани фарзандашро ҳам намедонад.

Файзулло Ҷиёнов, ҷангалбони ин минтақа мегӯяд, ҳоло тамоми кормандони мақомот фарзанди ин мардро ҷустуҷӯ доранд ва тахмин меравад, ки ин ҷавон ҳанӯз марзи Тоҷикистонро убур накардааст: «Мо ҳеҷ чиз намедонем, вале кормандони мақомот ҷустуҷӯ доранд. Ин ҷо ҷангалу дараҳо зиёд аст. Кӣ медонад, шояд ҳамин ҷо пинҳон бошанд. Мо сокинон ҳам дуо мекунем, ки ин бача соқу саломат пайдо шавад.»

Намояндагони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шӯрообод хабари рабуда шудани ин ҷавонро тасдиқ карданд. Як намояндаи мақомот бидуни зикри номаш гуфт, ҳоло сабабҳои эҳтимолии рабуда шудани ин ҷавон омӯхта мешавад. «Пештар фарзандони афродеро мебурданд, ки бо қочоқбарон сару кор доштанд. Аммо ҳоло ҳеҷ далеле рӯи даст нест, ки ин ҷавон ё дигар наздиконашон бо қочоқчиён сару кор доштанд ва ё на. Баъзе овозаҳо ҳаст ва онҳо таҳқиқ мешаванд,» -гуфт ин манбаъ.

Дар соли равон ин аввалин мавриди рабудани як сокини Шӯрообод аз ҷониби қочоқбарони афғон аст. Маъмулан, қочоқбарон пас аз рабудани сокинон аз наздикони онҳо маблағ талаб мекунанд.

Моҳи ноябри соли гузашта  қочоқбарон аз деҳаи Зардолуваки ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротови 31-соларо рабуда буданд. Пас аз чанд рӯз гаравгонгирон бо наздиконаш тамос гирифта, 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ талаб карданд. Аммо ба мақомот муясар шуд, то ӯро бидуни пардохти гарав аз чанги қочоқбарон раҳо кунанд. Он замон мақомот маълум карданд, ки касе  аз наздикони Баротов бо қочоқбарон сару кор надорад ва писари ӯро қочоқбарон танҳо ба хотири дарёфти пул рабудаанд.

Мақомоти интизомӣ мегӯяд, марз дар минтақаи Шӯрообод мустаҳкам шуда, рабудани сокинон низ дар қиёс ба солҳои пеш коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла тайи 5 соли ахир ҳеҷ мавриди рабудани занону духтарон сабт нашудааст. Солҳои қабл аз рабудани сокинон ва чорпоёни онҳо аз ҷониби қочоқбарон низ зиёд гузориш мешуд. Ин гаравгонгириҳо бисёр вақт дар заминаи қочоқи маводи мухаддир байни сокинони ду тарафи марз сурат мегирифт, вале мавридҳои ҳам зиёд буд, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ ба хотири пул ҳатто онҳоеро ҳам, ки рабте ба қочоқи маводи мухаддир надоштанд, асир мебурданд.

Шӯрообод, ноҳияи наздимарзӣ буда, беш аз 150 километр хатти марзи мустақим бо Афғонистон дорад. Марзи ин ноҳия бинобар надоштани роҳи мошинград ва кӯҳу ҷангалҳои касногузар аз душворназораттарин марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон маҳсуб меёбад. Дар солҳои пеш хатти Шӯрообод яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба шумор мерафт, вале дар солҳои охир, тавре ба назар мерасад, ин «аҳамият»-ашро як каме аз даст медиҳад. Бо ин вуҷуд,  ба гуфтаи мақомоти маҳаллx, солона дар ин минтақа аз қочоқбарон то 1 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира мешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi