16:56:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Модари ҷавон дар ғояти рашк худкушӣ кардааст

Ба ақидаи тоҷикони муқими Маскав, зани 27-солаи тоҷик дар заминаи рашк нисбати шавҳараш даст ба худкушӣ задааст. Масъулони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ҷасади Уғулой Юлдошева, танҳо пас аз анҷоми экспертиза ё ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ ба зодгоҳаш - Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт.

reanimation-44545445Ин сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода, рӯзи 2-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Звенигороди вилояти Маскав бо писари дусолааш худро аз ошёнаи 9 партофт, ки дар натиҷа худаш дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расида, писарчаи дусолааш Абӯбакр Қудратов бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба бемористон расонда шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Муҳаммади Эгамзод, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи душанбеи 4-уми август дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳодисаи худкушии Уғулой Юлдошева, мояи нигаронии амиқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам ҷомеаи тоҷикон гардид.

Расонаҳои ахбори ом ангезаҳои гуногуни худкушии ҷавонзанро матраҳ кардаанд, вале полис ҳанӯз хулосаи худро баён надоштааст. Аммо ҷаноби Эгамзод мегӯяд: «Ба худкуши даст задани Юлдошева характери иҷтимоӣ надорад. Ин ҳодиса ба пай мушкили хонаводагӣ ба миён омадааст. Ҳоло ки қазия ҳамаҷониба таҳқиқ нашудааст, чизи дақиқе гуфтан мушкил аст. Ҳоло сафорат талош дорад барои наҷоти тифлаке, ки зинда мондаааст кӯма расонад ва ҳамчунин ҷасади Уғулойро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.»

Уғулой Юлдошева наздики се сол ба Русия, назди шавҳараш муҳоҷир шуда буд. Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, худи Ӯғулой, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо шавҳараш Акмал Қудратов шаҳрванди Русияро аст.

Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4-уми июл ба мо гуфт, вазъи писарчаи дусолаи Уғулой мӯътадил арзёбӣ мешавад: «Кӯдакро сараввал ба беморхонаи Звенигород бурдаанд. Чун аҳволаш вазнин арзёбӣ буд, боз гардонида ба Маскав оварданд. Ҳоло Абӯбакр Қудратови ду сола дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳӣ ва шикастабандии кӯдаконаи Маскав аст.»

Ба қавли масъули намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав танҳо бо анҷом расидани ташхиси пизишки ҷиноӣҷасади Уғулой Юлдошева ҷасади ӯ ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Аксари расонаҳои русӣ навиштаанд, ки модари ҷавон дар заминаи рашк хостааст,худ ва кӯдакшро ба ҳалокат расонад. Як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, Акмал Қудратовро мешиносад, ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки Акмал бо тиҷорат машғул аст ва робитаҳои ӯҳамсарашро хуш намеомад.

Аз сӯи дигар, Олга Врадий, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки ду ҳафта пеш низ Уғулой Юлдошева талош кардааст,  худро аз манзилаш дар ошёнаи 9 поён афканад, вале хешовандонаш сари вақт аз ин корҷилавгирӣ кардаанд. Акмал Қудратов аз шарҳи воқеа худдорӣ кард, зеро гуфта мешавад, дар ҳолати афсурдагии сахт қарор дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi