19:14:40 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Корманди гумшудаи «Ориёнбонк» то ба ҳол бенишон аст

Кӯшишҳои наздикон ва мақомоти қудратӣ барои пайдо кардани Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии 31-солаи филиали «Ориёнбонк» дар Бадахшон, ки 29 июл ғайб зада буд, то ҳол натиҷае надодаанд. Мошини ӯро ёфтанд, ки дараш боз буд. Гӯё лаҳзае пеш берун рафтаасту ҳоло бармегардад, вале ду ҳафта мешаваду аз Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии шӯъбаи "Ориёнбонк" дар Хоруғ, нишоне нест.

kormandi-oriyonbonk11Амирхӯҷа Бахтдавлатов, тағои Меҳралӣ ба мо гуфт, хешу пайвандон ва сокинони деҳа аз субҳ то зуҳри 6-уми август соҳилҳои дарёи Панҷро, ки аз канори деҳаи Ёмҷ мегузарад, ҷустуҷӯ карданд, аммо изе наёфтанд. Вай мегӯяд, сабаби дар ин маҳал ҷустуҷӯ кардани Меҳралӣ Назаров ин аст, ки сабукрави ӯро мақомоти корҳои дохилӣ маҳз дар канори роҳи даромадгоҳи деҳаи Ёмҷ пайдо кардаанд.

Навбатдори Раёсати ВКД дар Бадахшон низ мегӯяд, ҷустуҷӯи онҳо идома доранд ва то ба ҳол тафтишот ба натиҷае нарасидааст.

Ба қавли наздикон, аз сабукрави Меҳралӣ Назаралиев 800 сомонӣ пули тоҷикӣ, 700 доллари амрикоӣ ва низ телефонии дастӣ дарёфт шудааст. Онҳо мегӯянд, дарҳои сабукрав ҳангоми пайдо шудан боз буданд. Аммо пайвандони Меҳралӣ Назаралиев ин нуктаро зикр мекунанд, ки эҳтимолан ғайб задани ӯ ба муомилаҳои пулӣ рабт дошта бошад. Ба қавли онҳо, Меҳралӣ чанде қабл аз хоҳараш дар Маскав ҳудуди 40 ҳазор доллар дарёфт карда, онро ба касе бо фоиз қарз додааст.

Амирхӯҷа Бахтдавлатов мегӯяд, наздикон дар ин бора ба мақомоти милиса хабар додаанд ва инро ҳам зикр кардаанд, ки шахсияти нафари қарзгирифта ҳам танҳо ба худи Меҳралӣ маълум буд. Вай афзуд, мехостанд, маъракаи ҳафти ҷиянашро баргузор кунанд, аммо модараш ризоият надода, гуфтааст, ки ба нобуд шудани писараш бовар надорад. Наздикон гумон доранд, ки ӯро қарздорон ё ягон гуруҳи дигар рабудаанд ва ё худи ӯ шояд фирор карда бошад.

Амирхӯҷа Бахтдавлатов дар робита бо 40 ҳазор доллар инро ҳам зикр кард, ки Меҳралӣ ба хоҳараш мегӯяд, беҳтараш пулашро дар «Ориёнбонк» нигоҳ дорад, то фоиз хӯрад, аммо ҳамсӯҳбати мо дар ин бонк, ки нахост, номаш зикр шавад, гуфт, аз ин қазия аслан хабар надорад. Вай афзуд, мавсуф ҳанӯз 16 июли соли равон ба рухсатии меҳнатӣ баромада буд, аз ин хотир, дар коргоҳ касе ин маълумотро надорад, ки мавсуф ба чӣ кор машғул буд.

Амирхӯҷа Бахтдавлатов ба нақли аз модари Меҳралӣ Назаралиев мегӯяд, рӯзи 29 июл тақрибан соати 4 – и баъд аз зуҳр ӯ ба модараш занг зада, ҳолпурсӣ кардааст ва пас аз ин дигар дар тамос нашудааст. Ва маҳалли охирин занги ӯҳам, ба маълумоти ширкати «Tcell», ҷамоати Соғчарви ноҳияи Шуғнон, тақрибаи дар масири миёни деҳоти Ёмҷ ва Бунӣ будааст.

Меҳралӣ Назаралиев, зодаи деҳаи Нишуспи ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, писари халифаи ин деҳа, се сол ба ин сӯ дар филиали «Оринёбонк»- и шаҳри Хоруғ минҳайси иқтисодчии дараҷаи як фаъолият дошт. Факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев хатм кардааст.

Хабари ғайб задани иқтисодчии филиали «Ориёнбонк» дар Бадахшон замоне расонаӣ шуд, ки бино ба иттилои ВКД, 5 августи соли равон дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ, аз дохили сабукрави «Мерседес Бенз - 600» ҷасади ду ҷавони 26 – солаи шаҳри Хоруғ - Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдилов ёфт шуданд. Бино ба ин манбаъ, онҳо бо истифода аз силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Омилони ин куштор низ то ба ҳол ошкор нашудаанд.

Тафтиши ин парвандаро шахсан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таҳти назорат гирифтааст.

Ғайб задани иқтисодчии филиали «Ориёнбонк» дар ҳолест, ки бино ба иттилои ВКД, 3 августи соли равон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кушта шудани як ҷавон ва захмӣ шудани дигаре дар пайи як муноқиша миёни ҷавонон хабар дода буд.

Ин се ҳодиса агар дар як минтақаи дигари Тоҷикистон иттифоқ меафтод, рӯйдодҳои маъмулии ҷиноӣ арзёбӣ мешуд. Аммо ҳоло ҳар чӣ дар Бадахшони Тоҷикистон мегузарад, дар марказ бо ҳассосияти хос қабул мешавад. Бадахшон пас аз ҷанги дохилӣ тайи ду соли ахир ба як минтақаи ҳассос табдил ёфтааст. 

24 июни соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон ба манзури саркӯби гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳу ҷиноӣ як амалиёти вижа роҳандозӣ кард. Ва 21 майи соли равон дар Хоруғ бар асари як тирандозӣ дар маркази шаҳр 4 нафар, бо шумули як афсари полис ба ҳалокат расиданд ва дар пайи ин сокинон чанд бинои маъмуриро оташ заданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi