14:17:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон - номаш ҳаст, худаш нест?

Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико-USAID бо нашри пажӯҳиши нави “Шохиси устувории созмонҳои ғайридавлатӣ” гуфтааст, дар соли 2013, ки дар Тоҷикистон президентӣ интихоб шуд, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тарси фишори ҳукуматӣ, тӯли ин давра пурра хомӯш буд.

jalasa-5689896556Гулрӯ Аъзамова, масъули ташкилоти ғайридавлатии “Маркази рушди ҳокимияти маҳал” рӯзи 11-уми август дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин гузориш чаҳор рӯз қабл дар ҳузури худи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои давлат муаррифӣ карда шуд.

Гузоришгарон навиштаанд, шумораи Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣҶШ) тӯли соли 2013 бо сабаби ташвишҳои сиёсӣ дар арафаи интихоботи президенти кишвар кам шуд, ки дар натиҷа раҳбари кунунии кишвар бе мушкил аз нав ба мақоми сарварӣ интихоб гашт:

«Дар давоми сол ҳукуматдорони тоҷик ба мухолифин ва фаъолони сиёсӣ фишор меоварданд. Ҳукумат назоратро бар Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии фаъол, алалхусус бар онҳое, ки сари мавзӯъҳои ҳассоси сиёсӣ кор мебурданд, пурзӯртар намуда, барои гузаронидани ҷамъомадҳои муштарак аз ҷониби СҶШ-ии фаъол иҷозат намедоданд. Васоити ахбори оммаи давлатӣ симои мусбати президенти кунуниро таҳким медод, дар ҳоле ки номзадҳо аз ҳизбҳои мухолиф ва назароти интиқодии дигар пӯшиш дода намешуд».

Муаллифони ин пажӯҳиш бо зикри он, ки сабти номи Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандии нав дар соли гузашта 50 дарсад кам шудааст, гуфтаанд, вазорати адлия барои ба қайд гирифтани онҳо монеаҳои сунъӣ эҷод намуда, санаду ҳуҷҷатҳои зиёд талаб мекунад. Гузоришгарон ҳамчунин навиштаанд, ки саҳми давлати Тоҷикистон дар маблағгузории СҶШ ҳанӯз ночиз аст ва 90 дарсади сармояҳоро ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз созмонҳои хориҷӣ дарёфт мекунад.

Бо ин ҳам ба таъкиди муаллифон, давлати Тоҷикистон бештар ҳамон ташкилотҳои ғайридавлатиеро маблағгузорӣ мекунад, ки худаш таъсис додааст: “Дар аксари мавридҳо танҳо ташкилотҳои ғайридавлатии аз ҷониби худи давлат ташкил шуда (GONGO), аз маблағгузории давлатии иҷтимоӣ баҳраманд мегарданд... Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо дар чорчӯбаи фаъолияташон зери вазорату идораҳои гуногуни давлатӣ идоракунии маблағгузории грантҳое, ки аз ҷониби институтҳои молиявии ба мисли Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии рушд, Бонкии Аврупоии рушду таҷдид ҷудо мешаванд, ба ӯҳда доранд. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳо тибқи талаботи донор амал намуда, барои амалигардонии мақсадҳои лоиҳавӣҳуқуқи ба кор ҷалб кардани СҶШ-ро дорад. Барои мисол, сарфи назар аз он, ки раванди тендергузаронӣ озод ва кушод аст, аз СҶШ талаб карда мешавад, ки 10 фоизи ҳаҷми умумии маблағи грантиро ба Маркази идоракунии лоиҳа пеш аз интихоби иҷрокунандаи кор пардохт намоянд. Созмонҳои ҷамъиятии аз ҷониби худи давлат ташкилшуда (GONGO) дар дастраскунии чунин маблағ баранда мегарданд”.

Зимнан масъули раёсати Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар сӯҳбат ба “Озодӣ” нуқтаҳои гузориши USAID-ро дар мавриди душвор будани сабти номи ташкилоти ғайридавлатӣ рад карда, аз додани тавзеҳоти бештар дар ин маврид худдорӣ варзид. Пажӯҳиши тозаи “Шохиси устувории ташкилотҳои ғайридавлатӣ” дар соли 2013, бо сарпарастии USAID дар Тоҷикистон ва 60 кишвари дигари ҷаҳон анҷом дода шуда аст. Тибқи омори ахири Вазорати адлия ҳоло дар Тоҷикистон 2685 ташкилоти ғайридавлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi