03:22:40 04-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК"

Маркази матбуоти ШСХК "Барқи тоҷик" хабар доданд, ки воситаҳои ахбори омма, ба хусус сайти "CA-NEWS" хабар медиҳад, рӯзи 12 ноябр президенти Ширкати миллии шабакаҳои барқии Қазоқистон (KEGOC) Канат Бозумбаев изҳор намудааст, ки гӯё Тоҷикистон аз Қазоқистон бар хилофи шартнома барқ мегирифта бошад. Маркази матбуоти ширкати "Барқи тоқик" ин хабарро пурра рад менамояд, гуфт манбаъ.

 

Гап дар сари он аст, ки аз 29 октябр ин ҷониб, аз вақте ки ҷумҳурии Ӯзбекистон кори якҷояро қатъ намуд, системаи энергетикии Тоҷикистон бо реҷаи автономӣ кор карда истодааст ва ягон имконияти техникии аз Қазоқистон гирифтани барқро надорад.

 

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо системаи энергетикии Тоҷикистон бо истифодаи танҳо иқтидорҳои худ кор карда, аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо барқ таъмин намуда истодааст. Имрӯзҳо ба хотири дар фасли зимистон мӯътадил бо барқ таъмин намудани аҳолӣ системаи энергетикӣ бо реҷаи маҳдудият кор карда истодааст.

 

Ба аҳолии деҳот ба қадри на камтар аз ҳафт соат дар як шабонарӯз барқ дода мешавад, маҳдудият барои сокинони пойтахт ва маркази вилоятҳо дахл надорад. Дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз беш аз 40 миллион киловатт соат барқ истеҳсол мегардад, ки ин аз истеҳсолоти ҳаррӯзаи соли гузашта зиёд аст.

 

Фиврдавс Таваров, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854