11:21:59 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28 29 30      

Ҳукми зиндони "адвокат" ва "полковник"-и тоҷик дар Русия

Додгоҳи шаҳри Химки дар канори Маскав ду бародарзода аз Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон кардааст. Яке аз маҳкумин "полковник" ва дувумӣ гӯё "адвокат" будаанд.

zaderzhan_6565221.jpgДодгоҳи шаҳри Химкии вилояти Маскав рӯзи 17 октябр ду бародарзода аз Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ҳукми зиндон дод.  Диловар Ғуломов ба 6 солу 5 моҳи зиндон ва Убайдулло Ғуломов ба 6 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, дар рафти тафтишот маълум шуд, ки Убайдулло Ғуломов, соли таваллудаш 1969 собиқадори ҷанги Афғонистон буда, рутбаи полковник доштааст. Бародарзодаи ӯ Диловар Ғуломов ҳам, ба гуфтаи мақомоти Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия дар шаҳри Маскав, дар ватанаш – Тоҷикистон – вакили мудофеъ (адвокат) будааст.

Агар ин иддао дуруст бошад, пас ин шояд бори аввал аст, ки чунин низомии баландрутба ва як вакили мудофеъ аз Тоҷикистон дар Русия бо ҷурми  қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон мешаванд.

Маъмурони бахши маскавии Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддир (ФСКН)-и Русия ин ду нафарро ҳанӯз дар моҳи феврали соли равон дар пойтахти Русия бо гумони даст доштан дар қочоқ дастгир карданд.

Тавре аз видеои боздошти онҳо, ки маъмурони ФСКН ба навор гирифта, сомонаи kp.ru нашр кардааст, бармеояд, ҳангоми боздошт аз каллапӯши курткаи Убайдулло Ғуломов, ки бо нишон додани корти иштирокчии ҷанги Афғонистон худро “полковник Ғуломов” муаррифӣ кардааст, беш аз 100 грам ҳероин ошкор ва мусодира кардаанд. Ӯҳанӯз қабл аз кофтукоби баданаш эътироф мекунад, ки бо худ маводи мухаддир дорад. Ба суоли маъмури ФСКН, ки ҳероинро аз куҷо гирифтааст, ӯ мегӯяд: “Намедонам. Занг заданд, мо рафтем, гирифтем. Боз занг ки заданд, бурда медиҳем.”

100 грамм ҳероини дигар аз либоси бародарзодаи ӯ Диловар Ғуломов,  соли таваллудаш 1985 пайдо мекунанд.

Баъдан, тавре аз ин видео дида мешавад, “полковник” Убайдулло Ғуломов дар манзиле, ки онҳо дар шаҳраки Химки дар канори Маскав иҷора менишастанд, махфигоҳи маводи мухаддирашонро нишон медиҳад  ва маъмурони ФСКН аз онҷо боз 12 бастаи иборат аз 1,7 кило ҳероини дигарро кашф ва мусодира мекунанд.

Аз асноди ин ду нафар, ки маъмурони ФСКН ҳангоми боздошти онҳо намоиш медиҳанд, аз ҷумла бармеояд, ки “Диловар Қамарович Ғуломов узви мушовира(коллегия)-и адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.” Санади узви Коллегияи адвокатҳои ҷумҳурӣ ба Ғуломови хурдӣ тааҳти рақами 519 рӯзи 3 январи соли 2013, яъне ҳамагӣ 1 солу 1 моҳқабл аз боздошти ӯ дар Химки дода шуда, зери он “Н.Амирбеков, раиси раёсати мушовираи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузоштааст. Бо гузашти 9 моҳ аз боздошти Диловар Ғуломов дар Русия ва он ҳам бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст, ки оё ин нафар дар воқеъ узви ин созмони адвокатҳост ваё аз санади қалбакии узвияти ин созмон сӯиистифода кардааст?

Дар санади дуюм, ки аз ҷониби “Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон” дода шуда, зери он "Раиси созмон Аловиддинов” имзо кардааст, акси “полковник” Убайдулло Ғуломовро мебинем, ки кителаш ғарқи ордену медалҳост.  Иттиҳоди собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар Афғонистон низ то имрӯз дар бораи ин қазия изҳороте пахш накардааст ва маълум нест, ки оё Убайдулло Ғуломов дар воқеъ собиқадори ҷанги Афғонистон ва полковник ҳаст ё хайр?

Як моҳқабл дар вилояти Перми Русия як овозхони тоҷик бо номи Қаҳрамони Шарифзод низ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки гӯё ин овозхон аз ҳисоби пуле, ки аз фурӯши ҳероин ба даст меовард, дар вилояти Перм бояд клипи навашро сабт мекард. Ҳарчанд наздикон ва ҳамкорони Қаҳрамони Шарифзод мегуфтанд, ки ба даст доштани ӯ дар ҷинояте чунин бовар надоранд, вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъдан гуфт, ки ӯ дар рӯйхати ин вазорат ҳамчун қочоқчӣ сбат шудааст, на ҳамчун як ҳунарманд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – тавлидкунандаи асосии афюну ҳероин – 1370 километр марзи мустақим дорад, ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи Қазоқистону Русия табдил ёфтааст. Бино ба ҳисобҳо, аз тақрибан 5 000 шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия зиндонӣ шудаанд, беш аз нисфаш бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир пушти панҷара рафтаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi