05:45:02 29-уми Июни 2025 сол

МАНЪИ ФУРӮШИ ФУРӮЗОНАКҲОИ МАЪМУЛӢ

Дар Тоҷикистон аз имрӯз, 17 ноябр фурӯши фурӯзонакҳои маъмулӣ ё тасфон мамнӯъ эълом шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фурӯши чунин фурӯзонакҳо дар қаламрави кишварро бо имзои қарори вижа мамнӯъ кард. Ҳамакнун мардум метавонанд танҳо фурӯзонакҳои каммасраф харидорӣ ва истифода кунанд.

 

Оқои Раҳмон ҳамчунин ба ниҳодҳои зирабт даструр додааст, то гомҳои заруриро барои гузаштани куллия мардуми кишвар ба истифодаи фурузонакҳои камасраф то 1 декабри соли ҷорӣ бигиранд. Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи раёсати Ҳукумати Тоҷикистон оқои Раҳмон хостори ҳарчӣ зудтари манъи фурӯши фурӯзонакҳои маъмулӣ шуд ва субҳи рӯзи 17 ноябр, ба гуфтаи масъулони маркази матбуъотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин бора як қарор таҳия ва имзо шудааст.

 

Дар ин санад омадааст, ки иҷрои муфоди ин санад бар дӯши Ожонси истондорт, сертификат ва назорати тиҷорати Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои дигари зирабт вогузор шудааст. Аз Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон дархост шудааст, "дар зудтарин фурсат" феҳрасти фурӯзонакҳое, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави кишвар мамнӯъ шудааст, дар матбуъот мунташир кунанд.

 

Зимнан, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, истифода аз фурӯзонакҳои маъмулӣ дар муассисоти давлатӣ аз 1 октябр мамнӯъ шуда буд. Ҳамчунин, Ҳукумати Тоҷикистон 31 августи соли ҷорӣ воридоти чунин фурӯзонакҳоро ба қаламрави кишвар манъ карда буд.

 

Дар баҳори соли ҷорӣ Эмомали Раҳмон зимни як суханронии худ ба зарурати истифода аз фурӯзонакҳои каммасраф дар Тоҷикистон таъкид карда буд. Ба гуфтаи вай, ин амр имкон медиҳад, ки солиёна ҳудуди ду милёрд киловот соъат барқ масраф шавад.

 

Ҳамчунин таъкид мешуд, ки истифода аз фурӯзонакҳои каммасраф ба коҳиши шиддати камбуди барқ дар фасли сармо мусоъидат хоҳад кард. Бо вуҷуди он ки бархе аз коршиносон дар муассир будани ин амр тардид доштанд, давлати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки истифода аз фурӯзонакҳои маъмулиро маҳдуд созад.

 

Дар ҳоле, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон ҳамарӯза ба зарурати истифодаи танҳо фурӯзонакҳои каммасраф таблиғоти густурдае анҷом медиҳанд, чунин фурӯзонакҳо ба гуфтаи коршиносон барои афроде, ки мушкили биноӣ доранд зиёновар будааст.

 

Вале, ҳамакнун чунин ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон имкони интихобро дар ихтиёри ин афрод нагузоштааст.Бархе аз гузоришҳо аз манотиқи кишвар ҳокист, ки мақомоти маҳаллӣ дар инҷо "ба шеваи иҷборӣ" фурӯзонакҳои маъмулии сокинонро дар манозилашон ба фурӯзонакҳои каммасраф тағйир медиҳанд.

 

Би-Би-Си

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ