21:54:10 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось

Марзбонони тоҷик: Ҳамлаи "Давлати исломӣ" як воҳима аст

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон таҷаммӯи гурӯҳҳои гӯё марбут ба “Давлати исломӣ” дар марзи ин кишвар бо Афғонистонро “хатари ҷиддӣ” намедонанд. Дастикам дар марҳалаи кунунӣ. Мақомҳои баландпояи Афғонистон мегӯянд, дар Бадахшони Афғонистон 5 ҳазор мусаллаҳе гирди ҳам омадаанд, ки ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” байъат кардаанд ва аз ҳузури онҳо “Тоҷикистон бояд ҷиддан нигарон бошад.”

askaron 4569854121Аммо Маҳмад Ҷаъфаров, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми январ ба мо гуфт, марзбонони тоҷик аз ин ҳолат хабар доранд, вале то кунун ҳеҷ талоши марзшикании ин гурӯҳҳо сабт нашудааст. Ӯ мегӯяд, дар пайи пайдо шудани  хабарҳои марбут ба таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣҳеҷ тағйире дар кори марзбонон сурат нагирифтааст ва фаъолияти онҳо ба таври маъмулӣ идома дорад.

ҶанобиҶаъфаров афзуд: “Мо ҳама вақт омодаем. Таҳаввулоте, ки дар он тарафи марз ҳаст, ин мубориза миёни Толибон ва нерӯҳои давлати Афғонистон аст. Дар сарҳад нисбат ба Тоҷикистон ягон тасмими таҷовуз дида намешавад. Ба ҳар ҳол, мо мисли пештара омода ҳастем. Хизмати шабонарӯзии мо идома дорад. Ин хизмати оддии ҳаррӯза ҳаст. Ин гапҳоро мо ҳам медонем, вале то ҷое ки маълумот дорем, онҳо ҳеҷ тасмими гузаштани хатти сарҳадро надоранд.” Ин масъули нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳар сурат марзбонон тоҷик тавони муқобила ба ҳар нерӯи марзшиканро доранд.

Бадахшони Афғонистон, ки ҳоло гурӯҳҳои тундрав он ҷо ҷамъ омдаанд, марзи тӯлонӣ бо Бадахшони Тоҷикистон дорад. Як намояндаи дигари мақомоти интизомии Тоҷикистон ба шарти наовардани номаш ба мо гуфт, хатари гурӯҳҳои ифротӣ баракс хеле рӯшан аст.

Ӯ гуфт, гурӯҳҳое аз дохил ҳам мехоҳанд, вазъи Бадахшони Тоҷикистонро ноамн кунанд, то як коридоре барои вуруди ин ҷангиён ба Осиёи Марказӣ бисозанд. Ин манбаъ гуфт, маҳз ба хотири ноамн нашудани Бадахшон мақомоти Тоҷикистон дар чунин як вазъи ҳассос ба худсариҳои афроде, ба мисли Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров чашм  мепӯшанд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, ки миёни сокинони шаҳри Хоруғ  нуфуз дорад, аз ҷониби додситонии кул ба ҷиноёти мухталиф гумонбар мешавад, вале то кунун дар озодӣ ба сар мебарад.

"Давлати исломӣ" дар лаби Омӯ. Воқеият ё ҳангома?

Бо ин ҳол, Игор Лякин-Фролов - сафири Русия дар Душанбе ахиран аз афзоиши ҷангиён дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори ташвиш карда, гуфтааст, Маскав тамоми талошашро барои ҳифзи ин хатти марз хоҳад кард. Оқои Лякин-Фролов, ки рӯзи 20 январ дар натиҷагирии фаъолияти яксолаи пойгоҳи 201-и Русия ва вазифаҳояш дар соли 2015 дар Душанбе сӯҳбат мекард, афзудааст, “марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади ягонаи кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ба шумор рафта, назорату таҳкими он хусусан дар ин шабурӯзе, ки аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ҷангӣ дар он сӯи марз хабарҳои ташвишбарангез мерасад, муҳим аст.”

Дар нишасти “Фаъолияти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар соли 2014 ва вазоифи он дар соли 2015” намояндагони вазорати дифоъ ва раёсати марзбонии Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.

Изҳори назари сафири Русия дар Тоҷиқистон дар мавриди таҳдиди ҷангиён дар ҳоле садо дод, ки мақомоти амниятии Афғонистон низ аз ҳузури афзояндаи гурӯҳҳое, ки ҳамакнун худро ҷузве аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” медонанд, ҳушдор додаанд.

Як рӯз пеш Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ низ аз имкони ба Осиёи Марказӣ густариш ёфтани фаъолияти ҷангиёни "Давлати исломӣ" ҳушдор дод ва гуфт, ин таҳдид дар ҳоле қувват мегирад, ки нирӯҳои амниятии кишварҳои минтақа ба далели заифӣ ва камбуди маҳорату таслиҳот тавони муқобила бо чолишҳои ҷиддие, чун таҳдиди тундгароии исломиро надоранд. Ин созмон ҳамчунин адами ҳамкории самимии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла дар мавриди табодули маълумоти амниятиро як садди дигар дар роҳи пешгирӣ аз хатари ин ҷангиён номид ва гуфт, танҳо  ба роҳ андохтани чунин ҳамкории танготангу мӯътамад, муносибати нармтар нисбат ба диндорон ва ислоҳоти сиёсӣ метавонад давои ҳукуматҳои худкомаи ин қаламрав аз таҳдиди ҷангҷӯён шавад.

Ҳушдори генерал Мурод

Муродалии Мурод, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши милии Афғонистон дар сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии Афғонистон гуфтааст, гурӯҳҳои тундраве, ки дар Бадахшони Афғонистон қарор доранд, бо "Давлати исломӣ" байъат кардаанд ва ҳоло парчамҳои қаблан сафедашонро ба парчамҳои сиёҳи ин гурӯҳ иваз кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар марз бо Тоҷикистон то 5 ҳазор ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дар марз бо Туркманистон 2 ҳазор қарор доранд. Ӯ мегӯяд, Русия ва Тоҷикистон бояд ин вазъро ҷиддӣ бигиранд.

Мақомоти Афғонистон тахмин мекунанд, ки шояд тамоми гурӯҳҳои тундрав ба оҳистагӣ бо супурдани байъат парчамҳои худро ба парчами сиёҳӣ гурӯҳи “Давлати исломӣ” иваз кунанд. Гурӯҳҳое, ки ба гуфтаи мақомоти Афғонистон дар марзи Тоҷикистон гирд омадаанд, бештар аъзои “Ҳаракати исломии Узбакистон” ва “Ҷамоати Ансоруллоҳҳастанд.

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Фармондеҳи нирӯҳои заминии Урдуи давлатии Афғонистон мегӯяд, ки бар асоси маълумотҳои истихборотӣ, дар вилояти Ҳилманд ба наздикӣ  ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" толибҳои маҳаллиро ба байъат ба ин созмон ҳатто маҷбур кардаанд ва ҳоло онҳо муштаракан алайҳи нерӯҳои ҳукумати Афғонистон меҷанганд: "Ба наздикӣ ба маълумоти истихборотии мо дар Ҳилманд ва Зобул афроди ниқобпӯши вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо Толибон задухӯрди мусаллаҳона анҷом дода ва онҳоро маҷбур ба байъат кардаанд."

Ин генерали афғон мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" на танҳо дар вилоятиҳои ҷанубии Ҳилманд, Фароҳ ва Зобул ва дар минтақаи шарқии Лугар фаъол аст, балки доираи фаъолияти худро то Бадахшону Сарипул дар шимоли Афғонистон густариш додааст.

Генерал Муродалӣ Мурод мегӯяд, ки баъд аз Толибон, ин гурӯҳ низ дар талош аст, то дар Афғонистон пойгоҳи амн пайдо кунад ва аз инҷо амалиётҳошяро танзим намояд. Ба гуфтаи вай, ҳузури ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон на танҳо чолиши бузурги амниятӣ барои Афғонистон, балки таҳдиди бузург барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия ба шумор мераванд.

"Ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон на танҳо таҳдид ба ин кишвар аст, балки зарбаи бузург ба амнияти Осиёи Миёна низ аст. На танҳо кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия дар мавриди ҳузури ин гурӯҳ дар Афғонистон нигаронанд, балки ҷаҳон нигарони ин мавзӯъ мебошад."

ғози фаъолияти "Давлати исломӣ" дар Афғонистон таблиғ аст"

Дар ҳоле ки ин генерали афғон аз ҳузури густурдаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон сӯҳбат кард, бархе мақомоти дигари амниятии он кишвар ин мавзӯъро тактикаи нави мухолифон медонанд. Ҳусомиддин Ҳусом, муовини аввали Раёстати амниятии миллии Афғонистон, ки рӯзи 19 январ ба сенати он кишвар дар хусуси вазъи амниятии он кишвар маълумот медод, гуфтааст, ки "душманони Афғонистон аз ҳар роҳи мумкин истифода мекунанд ва дар мавриди фаъолиятҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" таблиғотеро ба роҳ меандозанд."

Ин мақоми амниятии афғон гуфтааст, ки "вазъият ба он ҳадде нест, ки мардум ташвиш дошта бошанд. Мутаассифона, ки таблиғоти беҷо рӯҳияи мардумро вайрон кардааст. Душман аз тактикаҳои зиёд истифода мебарад ва оғози фаъолияти гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳам чунин таблиғот аст."

Сарпарасти вазорати дифои Афғонистон ИноятуллоҳНазарӣ низ дар ин нишасти сенат гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир касоне, ки зери номи "Давлати исломӣ" бархостаанд, дар ҳақиқат ҳамон мухолифони мусаллаҳи қаблӣҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки аз ин қабл, бархе аз сиёсатмадорони Осиёи Миёна, ба хусус давлатмардони Русия ва Тоҷикистон аз ҳузури афроди гурӯҳи Давлати исломӣ дар минтақаҳои шимоли Афғонистон нигаронӣ карда ва онро таҳдиде барои кишварҳои минтақа хондааст.

"Давлати исломӣ" аз куҷо меояд?

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳқаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ “хилофати исломӣ” таъсис дода ва мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шадиди Шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои “Давлати исломӣ” аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як “устон”-и воҳид бо номи “Хуросон” мунъакис шудаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар ҳайати ин созмони тундрави мазҳабӣ беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла то 300 нафар аз Тоҷикистон, меҷанганд. Ин ҷангиён, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон чандин бор таҳдид кардаанд, ки “ҷиҳод”-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд намешавад, балки дар оянда ба Осиёи Марказӣҳам густариш дода хоҳад шуд.

Ахиран дар Интернет навори видеоии ҷангии тоҷике аз Тоҷикистон бо лақаби “Абӯ Умариён” нашр шуд, ки ӯ дар он мегӯяд, барои “ҷиҳод” дар Тоҷикистон ҳам аз “халифа”-и “Давлати исломӣ” Абӯбакри Бағдодӣ иҷозат хостаанд, вале нафарони “халифа” ба ҷангиёни тоҷик гуфтаанд, ки ҳанӯз сабр кунанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ афзоиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҳайати созмонҳои тундрави хориҷӣ, аз ҷумла дар сафҳои “Давлати исломӣ”-ро мояи нигаронӣ мехонанд ва аз тариқи ваъдаи афв ва ташвиқи ин ҷангиён тавассути хешовандони онҳо талош доранд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi