САБТИ НАХУСТИН БЕМОРОНИ ЗУКОМИ ХУК
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе се нафар бо бемории зукоми хук ба қайд гирифта шудааст. Боз як нафари дигар бо гумони ин беморӣ мавриди ташхис қарор дорад. Фотима Ғоибова, масъули дафтари матбуотии Вазорати тандурустии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, афроди бемор дар ҳоли ҳозир таҳти назорати пизишкон қарор доранд ва вазъи сиҳатии онҳо бад нест.
Се нафари бемор ахиран аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Итолиё, Ҳиндустон ва яке аз кишварҳои Африқо, вориди Тоҷикистон гаштаанд ва эҳтимол зада мешавад, ки онҳо ҳануз дар хориҷа гирифтори бемории зукоми хук шудаанд.
Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, се нафар бемори ахиран сабтшуда ба навъи тағйиркардаи зукоми хук, ки бо номи «A/H1N1/Калифорния/04/09» маълум аст, гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, хатари ин навъи зуком аз зукоми маъмулии хук камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол ба Тоҷикистон ваксинаи зидди бемории зукоми хук ворид нашудааст. Ҳарчанд Тоҷикистон чунин маводро ҳанӯз моҳи август аз созмонҳои байнулмилалӣ ва ба вижа Русия дархост карда буд. Тибқи иттилои масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон, интизор меравад, ин мавод охири моҳи январ ё аввали моҳи феврали соли оянда вориди кишвар шавад.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 440 000 нафар мубталои зукоми хук шудаанд. Аз ин миён 5 ҳазору 700 нафар дар пайи ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
«Озодӣ»