20:29:42 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

37 ҷангҷӯи "Давлати исломӣ" танҳо аз як ноҳия

Мақомоти ноҳияи Спитамен миёни сокинон пурсиши афкор доир мекунанд, то ба мушкилоти мардум расидагӣ намуда, аз шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва рафтан ба ҷанги Сурия ҷилавгирӣ кунанд.

37_jangjuy_45.jpgБино ба маълумоти расмӣ, аз ҷумлаи беш аз 110 сокини минтақаи шимолии Тоҷикистон, кидар сафҳои гурӯҳи размандагони “Давлати исломӣ” дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд, 37 нафарро сокини ноҳияи Спитамен ташкил медиҳанд. Бархе аз онҳо ҳамсару фарзандонашонро низ ҳамроҳи худ бурдаанд.  Ноҳияи Спитамен баъди Исфара ба ҷиҳати иштироки зиёди сокинонаш дар ҷанги Сурия дар байни навоҳии вилояти Суғд дар ҷои дувум қарор дорад.

Ориф Қодирзода, раиси ҳукумати Спитамен рӯзи 13 - уми январ дар нишасти хабариаш гуфт, мулоқот ва суҳбатҳои рӯ ба рӯи мақомот ва фаъолони ҷомеа бо мардум бо усули “дар ба дар”маълум ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо аст. Мушкилоте, ки аз нигоҳи мақомот, “сокинони камбизоат ва ноустувор” – ро аз сиёсати давлат норозӣ мекунад ва ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мебарад. Ҷаноби Қодирзода мегӯяд: “Аз рӯи натиҷаҳои пурсиши афкори ҷомеа, ки байни сокинони ноҳия доир намудем, асосан сокинони шароити зиндагишон паст барои дарёфти пул барои рӯзгузаронӣба муҳоҷирати кории Русия рафта, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пайвастаанд. Ва бархе аз онҳо дар Русия тавассути тарғибгарон ба Сурия фиристода шудаанд.”

Вай афзуд, ҳоло бо роҳи расонидани ёрӣ ба оилаҳои нодор ва ҳалли мушкили онҳо талош доранд хонаводаҳои осабпазирро ба зиндагӣ дилгарм созанд. “Ҳоло тасмим гирифтем хонаҳои як - ду оилаи камбизоатро таъмир карда ва бо асбобҳои муҳими рӯзгор таъмин кунем. Умуман, ҳар чӣ аз дастамон меояд, барои ҳалли мушкилоти онҳо дареғ надорем,” - афзуд вай.

Ноҳияи Спитамен, воқеъ дар 30-километрии шаҳри Хуҷанд ҳудуди 130 ҳазор аҳолӣ дорад. Сокинони ин ноҳия дар қиёс бо дигар минтақаҳои Суғд камтар ба мардикории Русия мераванд. Заминҳои бисёри обӣ ва корхонаҳои зиёд қисме аз мардумро бо шуғл таъмин мекунад.

Ҷойгир будани ин ноҳия дар канори шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ва наздикӣ ба маркази вилоят низ шароити беҳтари тиҷорат барои сокинонро фароҳам кардааст. Биноан зиндагии сокинони ин маҳали ҳаммарз бо Узбакистон низ беҳтар аз аксари манотиқи шимолиТоҷикистон аст. Бино ба омори расмӣ, дар соли гузашта беш аз 10 ҳазор сокини ин ноҳия ба мардикории Русия рафтаанд.

Вале чаро аз ноҳияи Спитамен назар ба минтақаҳои дигари шимоли Тоҷикистон теъдоди зиёдтари сокинон ба ҷанги Сурия рафтаанд ?

Ориф Қодирзода, раиси ин ноҳия дар посух ба ин савол мегӯяд, асосан аз ҷамоати Тағояки ноҳияи Спитамен ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба Сурия рафтаанд: “Як сокини ин ҷамоат ба мардикории Русия рафта, дар як корхонаи шаҳри Маскав ҷои кор меёбад. Баъд чандин ҳамдеҳагонашро ба он корхона ба кор даъват мекунад. Он ҷо сокинони аз ақидаҳои саҳеҳи дини ислом маълумоти кофӣ надошта ба гурӯҳи тундрави худ ҷалб шуда ва бархе озими Сурия шудаанд. Вале ин ҳодиса 2 сол пеш рух дода ва ҳоло ин кор мутаваққиф шудааст. Ҳоло сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав кам мепайванданд ва рафтани сокинон ба Сурия ҳам коҳиш ёфтааст.”

Аммо қабл аз шомил шудани сокинони Спитамен ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия ва озими Сурия шудани бархеи онҳо низ ин минтақа дар баробари ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ осебпазир хонда мешуд. Дар марз бо Узбакистон ҷойгир будани Спитамен ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои 90 - и асри гузашта ин минтақаро ба майдони фаъолияти густарда ва тарғиботии Ҳизб-ут-таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон табдил дод. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ба ҳол чандин аъзои ин созмонҳои тундрав дар Спитаменро боздошт ва зиндонӣ мекунанд.

Сокинони Спитамен дар суҳбатҳои сарироҳӣ мегӯянд, бештар сокинони ҷавон аз надоштани илму дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии фарох ва касбу корҳои бозоргир ба ваъдаҳои тарғибгарони ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, ки ба онҳо умеди сохтани зиндагии беҳтар медиҳанд, бовар мекунанд ва шомил ба он ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд. Ба гуфтаи онҳо, ин гуна сокинони бекору бесарпаноҳ дар Русия дар муқобили даъваткунандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои динии тундрав осебпазиранд.

Зулайхобону Ғоибназарова, муовини сардабири нашрияи “Паёми Спитамен” ва сокини деҳаи Тағояки ин маҳал мегӯяд, ҷавонони ин маҳал, ки аз муҳоҷирати кории Русия ба Сурия рафтаанд, аз оилаҳои заҳматкаш ҳастанд. Онҳо баъди хатми мактаби миёна имкони таҳсил дар мактаби олӣ ва шароити касбомӯзӣ надоштанд. Онҳо аз ночорӣ ба мардикории Русия мерафтанд ва барои аҳли хонаводаашон рӯзӣ ба даст меоварданд.

Ӯ меафзояд: “Ман гумон мекунам, ҷаҳонбинии танг онҳоро дар Русия бозичаи дасти одамони дилсиёҳ гардонд. Ва ба ваъдаҳои дурӯғини онҳо бовар намуда, ба Сурияву Покистон рафтанд. Ман ду фарзанд, писару духтари хонадор ва соҳиби 6 набера ҳастам. Худоро шукр, фарзандонам солеҳ, заҳматкаш ва дар роҳи росту ҳалол ҳастанд. Вале авзои змона манро ҳамчун модар водор мекунад, гоҳе писари 36-солаамро насиҳат кунам, ки аз гурӯҳҳои тундрав худро эҳтиёт кунад.”

Масъулони Шӯрои уламои маркази исломии вилояти Суғд бар онанд, ки сокинонро нооогоҳӣ аз ақидаҳои дурусти дини ислом гумроҳ мекунад ва ба “дом” - и тарғибгарони “ҷиҳод” дар Сурия дар сафи “Давлати исломӣ” меандозад. Ба гуфтаи онҳо, 90 дарсади имом - хатибони масоҷиди 5- вақтаи Суғд маълумоти динӣ ва дипломи ихтисосӣ надоранд ва наметавонанд сокинонро аз чанги тарғибгарони ақидаҳои нодурусти ҳизбу ҳаракатҳои тундрави ба ном динӣ, мисли Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҳизб – ут - таҳрир дар канор доранд.

Ба гуфтаи Акрам Турдимуродов, мудири шӯъбаи дин дар ҳукумати Спитамен, дар ин ноҳия 7 масҷиди ҷомеъ ва 37 масҷиди панҷвақта фаъол аст ва танҳо имом – хатибони масҷидҳои ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта хатмкардаи мадрасаанд ва диплом доранд. Вай афзуд, ҳоло 4 имом - хатиб дар Донишгоҳи исломии Душанбе таҳсил доранд. Ин ягона ҷоест, ки сокинони Тоҷикистон метавонанд ихтисоси динӣ ва диплом бигиранд.

Таъсиси “равзанаи ягона” дар долони ҳукумати Спитамен ба хотири расидагии саривақт ба арзу шикоятҳои сокинон, бо пурсиши афкори ҷомеа аз суи гурӯҳи вижаи дар ба дар гард, баррасии авзои сиёсиву иҷтимоии 2 ҷамоати ноҳия дар 1 моҳ, доир кардани суҳбату ва мулоқотҳо бо сокинон толибилмон ба хотири шиносонидани онҳо бо симо ва барномаву ҳадафҳои бади ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва тарғибу ташвиқи сокинон барои напайвастан ба чунин созмонҳо.

Ин умдатарин чораву тадбирҳоест, ки мақомоти ин маҳал ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба суи худ, рӯ гардонидани онҳо аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва худдорӣ аз рафтан ба ҷанги Сурия ба роҳ мондаанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi